Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз аз ҷониби шахси наздик як сюрпризи гуворо интизор аст. Дар ҷои кор монеаҳои хурд пеш меоянд, аммо бо сабру матонат шумо онҳоро паси сар мекунед. Хабари ногаҳонӣ метавонад ҷараёни ҳаётатонро дигар кунад. Нафароне, ки аз дарди гурдаву миён азият мекашанд, дар ин шабу рӯз аз шамолкашӣ эҳтиёт шуданашон лозим аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Муносибатҳои ошиқонаатон қариб ба ҷудоӣ расидаанд, беҳтараш каме таваққуф карда, ба дӯстдоштаатон фишор наоред. Бо фарзандон ва калонсолон меҳрубон бошед, то нофаҳмиҳо пешгирӣ шаванд. Имрӯз роҳбарият метавонад кори шуморо қадр кунад, вале эҳтимоли ҳасади дигарон низ ҳаст. Харҷи зиёд накунед, қарз надиҳед ва нагиред. Аз хӯрдани ғизои вазнин худдорӣ кунед, саломатӣ ганҷи ноёб аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ба муносибати нави ошиқона шитобкорона сар накунед, барои шинохтани ёратон вақт лозим аст. Гоҳе аз муҳити хона дур шавед ва бо худ танҳо монданро биёзмоед. Рӯҳияи хубатон ба анҷоми бисёр корҳо мусоидат мекунад ва дигаронро низ рӯҳбаланд месозад. Агар табъатон хуш бошад, саломатӣ низ ташвиш намедиҳад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шумо бо шарикатон фарқ доред, аммо якдигарро пурра мекунед. Корҳо ба хубӣ пеш мераванд ва ин ба шумо илҳом мебахшад. Агар омода ба қабули қарор нестед, шитоб накунед. Ба кор диққат диҳед, вале эҳсосотро ба кор наомезед. Даромад устувор боқӣ мемонад. Ҷустуҷӯи кори иловагӣ натиҷа медиҳад. Варзиш ва сайругашт барои саломатии шумо зарур аст.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи хубе барои шурӯи корҳои муштарак нест. Вақтатонро ба корҳои хона ва касбӣ бахшед. Як сафар метавонад имкониятҳои нав дар муҳаббат ва кор биёрад. Дар бастани шартномаҳо эҳтиёт шавед. Тағйироти ҳиссӣ метавонад ба қарорҳои нодуруст оварда расонад - бо хираду далел амал кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз таваҷҷуҳи мардум ба шумо нигаронида шудааст - суханҳои худро эҳтиёт кунед. Агар нофаҳмие пеш ояд, роҳи созишро ҷӯед. Идеяҳои нав доред ва мехоҳед онҳоро амалӣ созед. Дар ҷои кор зиракии шумо натиҷаи хуб медиҳад. Эҳтимоли мушкили молиявӣ ҳаст, вале рӯҳафтода нашавед. Сатҳи неру паст аст - ғазабро назорат кунед ва ба саломатии худ аҳамият диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Муҷаррадон беҳтараш вақтро дар берун ва дар мулоқот бо дигарон гузаронанд - шиносоии муҳиме дар роҳ аст. Имрӯз рӯзи хубест барои харидҳои хонагӣ. Вале эҳтиёткор бошед - эҳсоси беоромӣ метавонад зоҳир шавад. Дар гуфтугӯҳои расмӣ оқилона рафтор кунед. Кори осонро анҷом диҳед - ҳоло вақти душворфикрӣ нест.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муҳаббат пешравӣ имконпазир аст - аз ташаббус наҳаросед. Нофаҳмиҳо гузаштаанд ва акнун шумо бештар ҳамдигарро мефаҳмед. Барои иҷрои нақшаҳо вақти муносиб аст, аммо ҳама чиз бояд дақиқ тарҳрезӣ шавад. Ислоҳи шароити зиндагӣ имкон дорад. Саломатӣ хуб аст, вале эҳтиёткор бошед ва барномаи худро дуруст ба роҳ монед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Муҷаррадон муҳаббати нав пайдо мекунанд. Онҳое ки дар муносибатанд, бояд равиши муносибатро тағйир диҳанд. Дар ҷои кор корҳои зиёд ва баъзе душвориҳо пеш меоянд. Дар хона бо нармӣ рафтор кунед. Молияро дуруст тақсим намоед, андозҳоро ба ёд оред. Имрӯз барои харидҳои гаронмоя фурсати хуб аст. Рӯҳияи шумо болида аст - истифода баред!
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шиносоии нав метавонад ба робитаи ҷиддӣ оварда расонад, вале барои рушдаш кор кардан лозим аст. Агар мушкилоте дар муносибатҳо ҳаст, аз онҳо нагурезед. Дар муҳити кор эҳсосотро назорат кунед. Ба бахт такя накунед - ҳар чизе бо эҳтиёт беҳтар меравад. Агар худро нотоб эҳсос мекунед, шояд иммунитети шумо заиф шудааст - онро тақвият диҳед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Муҷаррадон аз шиносоӣ тариқи интернет худдорӣ кунанд - хавф зиёд аст. Бо сабру таҳаммул рафтор кунед - ин ба шумо кумак мерасонад. Нимаи дуюми рӯз имкониятҳои нав дар кор пеш меорад. Шумо метавонед эътибори роҳбарро ба даст оред. Баҳс бо роҳбарро канор гузоред - фоида надорад. Рӯҳия ва саломатӣ хуб аст. Ба ҳаво бароед - ин ба иммунитет фоида меорад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсосоти пуршиддати ошиқона дар пешанд - лаҳзаҳоро ғанимат шуморед. Шояд масъулиятҳои оилавӣ зиёд шаванд. Коре, ки имрӯз ба шумо супурда мешавад, натиҷаи фавқулода намедиҳад, вале ба он бетараф набошед. Ҷустуҷӯи кори иловагӣ беҳтар аз қарзгирист. Хавфи беморӣ бештар рӯҳист - худатонро бо фикрҳои бад нагиред.