Ҳамал (21 март-19 апрел)
Дар ин рӯз харид ё таъмири асбобҳои техникӣ ва тағйир додани имиҷ тавсия дода намешавад. Аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед, зеро эҳтимоли бемор шудан вуҷуд дорад. Аз гуфтору ваъдаҳои беҳуда худдорӣ кунед, пул қарз нагиред ва дар масъалаҳои молӣ бо дӯстон додугирифт накунед. Вагарна ҳам пул зарар мебинад, ҳам дӯстӣ коста мешавад. Сирри хонаводагиро фош насозед ва ба касе дарди дил накунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз саломатиятон каме ноустувор мешавад, ҳатто бемориҳои кӯҳна метавонанд хуруҷ кунанд. Беҳтар аст сари вақт ба духтур муроҷиат намоед. Мулоқоти ошиқона бо шахсе, ки чанде пеш шинос шудаед, хуш мегузарад. Барои хариди хона ё анҷоми савдои калон рӯз мусоид аст. Сафарҳо бобарор мешаванд, аммо тағйирёбии обу ҳаво метавонад шуморо каме нотоб гардонад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Дар муносибатҳои ошиқона сабру таҳаммул нишон диҳед. Имрӯз тӯйи арӯсӣ ва дигар маъракаҳо хуб баргузор мешаванд. Аз ҳад зиёд ба фикри бой шудан наафтед. Барои харидани асбобҳои техникӣ рӯз мувофиқ нест. Қайчӣ задан ё ранг кардани мӯй низ тавсия дода намешавад. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан хароҷотро зери назорат гиред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯз вазнин ва пурташвиш хоҳад буд. Корҳои хурду майда асабатонро хаста мекунанд ва эҳтимоли фиреб хӯрдан вуҷуд дорад. Робитаатонро бо одамони боэътимод мустаҳкам намоед, зеро пешрафти кору вазъи молиявӣ аз онҳо вобаста аст. Барои амалӣ нашудани баъзе орзуҳоятон дӯстдоштаатонро гунаҳкор мешуморед, аммо аз ҷустуҷӯи шахси “идеалӣ” даст кашед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз аз ғайбат ва суханҳои бадхоҳон эҳтиёт шавед, зеро метавонад ба обрӯятон таъсир расонад. Ҳангоми ҳаллу фасли мушкилоти рӯзгор ё хариди манзил якравӣ накунед ва ба маслиҳати наздикон гӯш диҳед. Қобилияти муошират ва уҳдабароиятон хуб аст, аммо зудбоварии аз ҳад зиёд метавонад зарар расонад. Дар хотир доред: на ҳар зоҳири зебо ботини зебо дорад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз эҳтимоли талафоти молӣ, дилмондагӣ дар муҳаббат ва рӯҳафтодагӣ дар кор вуҷуд дорад. Ноумед нашавед, бисёр чизҳо аз худатон вобаста аст. Барои раҳоӣ аз мушкилот ҳар хабару маълумотро бодиққат санҷед. Нафаре метавонад нисбат ба шумо эҳсосоти самимии худро ошкор кунад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар ин рӯз беҳтар аст ба маслиҳати дӯстон гӯш диҳед ва бештар хомӯш бошед. Ҳангоми гирифтани ҳаққи хизмат мушкилиҳо рух медиҳанд. Худтабобаткунӣ накунед, зеро метавонад хароҷоти зиёдатӣ ба бор орад. Барои мизонҳои муҷаррад вақти ҷиддӣ фикр кардан дар бораи бунёди зиндагии оилавӣ расидааст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз барои никоҳ, оиладоршавӣ ва бастани шартномаҳо рӯз номусоид аст. Ашхоси воломақом метавонанд шуморо дастгирӣ кунанд, аммо дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Аз хӯрдани шириниҳои зиёд ва сафарҳои дур худдорӣ намоед. Қонуншиканӣ накунед, то ба вазъияти ногувор дучор нашавед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Ҳангоми суҳбат бо дигарон сирру асрори касеро фош накунед. Лозим нест худро мисли китоби кушода нишон диҳед, вале аз одамон низ канора нагиред. Пухтакорӣ ва масъулиятшиносиатон боиси пешрафти кор ва даромади хуб мегардад. Дар муҳаббат ба ҷузъиёти ночиз аҳамият надиҳед, то рӯйдоди муҳимро аз даст надиҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз дили шумо навигарӣ ва таассуроти тоза мехоҳад. Ҳушёр бошед, зеро хатари ҷароҳат ё муноқиша вуҷуд дорад. Аз харидани ҳайвоноти калон ва машғул шудан ба варзиш худдорӣ намоед. Аз корҳое, ки боиси рашки дӯстдоштаатон мешаванд, дурӣ ҷӯед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Зиндагии шахсии шумо бештар аз худатон вобаста аст, аз хаёлпарварӣ даст кашед. Ба шахсе, ки шуморо самимона дӯст медорад, таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Ҳангоми харид сарфакор бошед, пулро эҳтиёткорона истифода баред ва қарз надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона бисёр мувофиқ аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз лозим меояд симои воқеии худро ҳам ба шарикони тиҷоратӣ ва ҳам ба атрофиён нишон диҳед. Аз фиребу найранг худдорӣ кунед. Хариди молу маҳсулоти хеле арзон метавонад боиси гирифтани маҳсулоти бесифат гардад. Агар нияти оиладоршавӣ дошта бошед, кори хайрро ба таъхир нагузоред.