ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1535

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз бароятон муносибатҳо бо наздикон аҳамияти калон доранд. Агар дӯстдошта доред, таваҷҷуҳ нишон диҳед, бо меҳрубонӣ ва туҳфаҳои хурд муносибатро қавӣ кунед. Бо фарзандон, махсусан наврасон, эҳтиёт бошед, бо ҳамдигар роҳҳои фаҳмиш ёбед. Кори ба шумо додашударо бо муваффақият анҷом медиҳед ва эҳтимол мукофот мегиред. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: мумкин аст мушкили дандон ногаҳон пайдо шавад.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар муносибат бо дӯстдошта каме дурӣ эҳсос мешавад, вале ин муваққатист. Ба корҳои хона сарфакорона муносибат кунед, он гоҳ пулро ҷамъ карда метавонед. Имрӯз мулоқотҳои муҳимро ба рӯзи дигар гузоред, барои гуфтугӯи созанда вақт мувофиқ нест. Рӯзи хуби молиявист: даромади пешина бармегардад. Ба амнияти хона диққат диҳед. Агар ба вазъи ҳаво вобаста бошед, эҳтиёт кунед, эҳтимоли дарди миён вуҷуд дорад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Дар муносибатҳо шахсияти худро гум накунед, аз ҳад зиёд вобаста шудан ба дӯстдоштаатон писанд намеояд. Беҳтараш имрӯзро бо корҳои хона сипарӣ намоед. Шом сюрпризи гуворо меорад. Аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед: ҳоло ба шумо пуштибонии дигарон лозим мешавад. Хароҷоти зиёдатӣ накунед ва танҳо чизҳои воқеан заруриро харед. Агар гуруснагӣ зиёд эҳсос кунед, беҳтараш оби гарм нӯшед, стрессро бо хӯрок иваз накунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз барои муҳаббат ва эҳсосот вақти хуб аст. Ба мушкилиҳои хурд аҳамият надиҳед, балки лаҳзаҳои ширини зиндагиро эҳсос кунед. Эҳтимоли ҷанҷол бо дӯст ё шахси наздик вуҷуд дорад. Бо мулоимӣ муносибат кунед. Кормандони давлатӣ бояд тамоми тағйиротро ба назар гиранд. Аз хариди калон ва сармоягузорӣ худдорӣ намоед. Агар вақтро беҳуда гузаронед, саломатиро аз даст медиҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар муносибатҳои ошиқона одат кардаед, ки хоҳишҳоятон зуд иҷро шаванд. Акнун беҳтар аст нақшҳоро иваз намуда, ба шарикатон низ таваҷҷуҳ кунед. Агар беадолатӣ бинед, ором бошед, дӯстдоштаатон худаш пушаймон мешавад. Сардоратон метавонад кори масъулиятнок диҳад, онро бо диққат иҷро кунед, имкони пешрафти касбӣ зиёд мешавад. Харидҳои калонро ба таъхир гузоред, ки пушаймон нашавед. Имрӯз душманон метавонанд обрӯятонро паст кунанд, эҳтиёт бошед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Ишқбозӣ дар ҷои кор хатарнок аст. Ба худ каме танаффус диҳед, бо дӯстону оила вақт гузаронед. Имрӯз сабр ва дақиқкорӣ нишон диҳед, то мушкилиҳо сари роҳатон нашаванд. Бо пул эҳтиёт бошед, гум кардан ё талаф додан мумкин аст. Аз шартномаҳои шубҳанок худдорӣ кунед. Агар дар соҳаи давлатӣ кор кунед, эҳтиёткор бошед. Ба саломатии худ бетафовут набошед, ҳатто нишонаҳои хурдро ҷиддӣ гиред.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз эҳсосоти худро идора кунед ва асабониятро ба наздикон нишон надиҳед. Ҳар иттилоъро бевосита қабул накунед, касе метавонад шуморо фиреб диҳад. Барои беҳтар шудани муносибат бо ҳамсар ё дӯстдошта бо ҳам ба сафар ё харид равед. Шумо неру ва қувваи зиёд эҳсос мекунед, ки мушкилоти душворро ҳал мекунад. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақият имконпазир аст, аммо меҳнат ва вақт лозим мешавад. Эҳтиёт шавед, ки бемории кӯҳна шуморо азият надиҳад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Рӯзи хуб барои аз нав андешидан ва таҷдиди назар дар зиндагист. Шумо эҳсосоти чуқур доред, вале онҳоро пинҳон мекунед, ин метавонад нақшаро вайрон кунад. Ба фарзандон таваҷҷуҳ кунед, онҳоро дастгирӣ намоед. Харидҳои хонагӣ хушҳолӣ меоранд. Имрӯз иттилоъи нав мегиред, ки ба шумо идеяҳои ҷолиб мебахшанд. Бисёр масъалаҳо зуд ҳал мешаванд, ҳатто даромади молиявӣ эҳтимол дорад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳтимоли баҳс ё ҷудоӣ дар муносибатҳо вуҷуд дорад, вале пурра анҷом намеёбад. Ба атрофиён сахтгирӣ накунед, то муносибатҳо вайрон нашаванд. Рӯзи серкорӣ аст – ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам фикрӣ. То шом саргарми масъулиятҳо мешавед. Вақтро барои банақшагирии молиявӣ истифода баред, ҳоло фикратон возеҳ аст. Дар роҳ эҳтиёт шавед ва бо асбобҳои барқӣ бодиққат бошед. Эҳтимоли осеби хурд дар хона вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар бо нафаре нав шинос шуда бошед, бидонед, ки ӯ сахт мафтунатон шудааст. Имрӯз ба корҳои хона диққат диҳед, он гоҳ бо наздикон ҳам муносибат беҳтар мегардад. Дар имзо кардани ҳуҷҷатҳо ё омӯзиш эҳтиёт кунед, хато карданатон мумкин аст. Хеле бодиққат бошед, эҳтимоли дуздӣ вуҷуд дорад. Агар тамоку мекашед, беҳтараш онро тарк кунед, имрӯз вақти хуб барои оғоз аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Нафарони муҷаррад имкони оғози муносибати нав доранд, оиладорҳо метавонанд бо наздикон вақти хуш гузаронанд. Аз мушкилоти рӯзгор дур шавед, ба худ танаффуси хурд диҳед. Эҳтимол сафар ё сафари хизматӣ пеш ояд, ки барои вазъи молиявиатон низ муфид аст. Имкони кори иловагӣ низ ҳаст, ки ба шумо малакаи нав меомӯзад. Агар мушкили саломатӣ доред, нақшаи муолиҷаро ба дигарон нагӯед, на ҳама маслиҳати дуруст медиҳанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз асабонияти сахт эҳтимол дорад, бо сабр бошед. Фаъол бошед ва дар ҳама ҷо пешсафӣ нишон диҳед. Мумкин аст манбаи нави даромад пайдо шавад, аз кори иловагӣ даст накашед. Шояд дастгирии шахсе, ки ба шумо лозим буд, бирасад. Нимаи аввали рӯз суст мегузарад, аммо шом қуввату рӯҳияи шумо барқарор мешавад. Барои корҳои эҷодӣ ва нақшаҳои нав вақт хуб аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД