Lmarka 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1636

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз фурсати хубест барои шиносоии нав. Баъди бештар фаъол будан, метавонед дӯстони хуб пайдо кунед. Симои зебоятон диққати атрофиёнро ҷалб мекунад, аз ин манфиат гиред. Дар хона мумкин аст масъалаҳои молиявӣ сабаби баҳс шаванд. Кӯшиш кунед фикри ҳамсуҳбатро оромона бишнавед. Корҳо каме вазнин хоҳанд шуд, вале устувории шумо барори корро таъмин мекунад. Барои зебоии худ маблағ сарф кардан фоида меорад. Аз кори зиёдатӣ худдорӣ намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Агар дар ишқ шубҳа дошта бошед, як-ду рӯз аз дӯстдоштаи худ дур шавед, ҷавобро хоҳед ёфт. Айбу нуқсонҷӯӣ метавонад сабаби баҳси хонаводагӣ гардад. Ниятҳои бад метавонанд аз тарафи душманон эҳсос шаванд, аммо ором бошед, ба иғво дода нашавед. Имрӯз масъалаҳои молиявиро ҳал кардан бамаврид аст. Аз кору ташвишҳои зиёд худдорӣ кунед, вагарна хобатон вайрон мешавад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз ҳама мехоҳанд шуморо хушҳол кунанд. Лаҳзаи беҳтарин барои беҳтар кардани муносибат бо дӯстону хешовандон аст. Бошитоб худатон аввал тамос гиред. Дар кор эҳтиёт бошед: аз танҳо бар дӯш гирифтани масъулият худдорӣ кунед. Аз кор зиёд худро хаста накунед, беҳтар аст филме тамошо кунед ва истироҳат намоед. Агар мехоҳед вазн кам кунед, аз ҳисоб кардани калория ва варзиш сар кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат бурд мекунед. Агар муддате ошиқона гап зада натавонистаед, имрӯз иқдом кунед. Агар ҳаёти шумо аз муҳаббат холист, фурсат фаро мерасад. Дар кор имкон пайдо мекунед як баҳси куҳнаро ҳал кунед. Қарз надиҳед ва нагиред, барои молияи шумо зараровар хоҳад буд. Хӯроки фарбеҳкунанда ва хамириро кам кунед, то саломатиятон осеб набинад.

Асад (23 июл-21 август)

Имрӯз асабатон ором ва мушкилоти калон бе дахолати шумо ҳал мешаванд. Ба муносибатҳои оилавӣ диққат диҳед ва барои наздикон вақт ҷудо кунед. Бо роҳбарон муносибатҳоро беҳтар кардан фоидаовар аст. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯз муваффақ хоҳад буд: имконияти гирифтани даромади пулӣ зиёд аст. Саломатии шумо низ беҳбуд меёбад.

Сунбула (22 август-23 сентябр)

Имрӯз хаёлот ва нақшаҳои созанда шуморо ба пеш мебарад. Ба иштибоҳ роҳ надиҳед ва бо аҳли хонавода меҳрубон бошед. Агар ҳис кунед дар кор пешравие нест, шояд вақти тағйирот расидааст. Хонаи худро таъмир кунед, зиндагиятон ранги дигар мегирад. Имрӯз барои оғози тарзи ҳаёти солим ва варзиш беҳтарин рӯз аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона ростқавл бошед. Дар бораи он чи ки шуморо нороҳат мекунад, ошкоро гап занед. Ба худ фурсати истироҳат диҳед. Беҳтарин фурсат барои амалӣ кардани нақшаҳои дерина аст. Аз дӯстону шиносон маслиҳат бигиред, мумкин аст манбаи нави даромад ёбед. Ба табиат бароед, ҳавои тоза фикратонро равшан мекунад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шумо мефаҳмед, ки дӯстдоштаатон низ назари шуморо ҷонибдорӣ мекунад. Агар баҳсе бо наздикон сар шавад, зуд хотима меёбад. Дар имзо кардани санадҳои молиявӣ хеле эҳтиёткор бошед. Ҳангоми ҳисоботҳои молиявӣ ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Ба нақлиёт бодиққат бошед, махсусан баъди нисфирӯзӣ.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба дигарон имконият диҳед, ки пешсафӣ кунанд ва шумо сабрро пеша кунед. Асабатонро идора кунед, то бо наздикон ба муноқиша роҳ надиҳед. Аз корҳое, ки шуморо аз касбу кор дур мекунанд, рӯ гардонед. Ҳамин ки мушкилиҳоятонро рафъ кунед, кисаатон серпул мешавад. Дар давоми рӯз ҳолати рӯҳияатон тағйир меёбад, хастагиву руҳафтодагӣ рафъ шуда, нерӯятон зиёд мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шиносоии нав ва суҳбат бо шахси ҷолиб рӯҳи шуморо болида мекунад. Вале ҳоло ишқ танҳо дар марҳилаи саршавӣ аст. Бо баъзе хешовандон нофаҳмӣ пеш меояд, вале ҳолати саломатӣ хуб хоҳад буд. Ҷиддияти шумо баъзан монеи пешравиҳоятон мегардад, беҳтараш самимӣ бошед. Имрӯз имконияти гузоштани пояҳои муваффақият ҳаст. Ҳамеша нияти нек кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз эҳсоси шодии зиёд эҳсос мекунед, таҷрибаҳои нав ба фоидаи шумо хоҳанд буд. Бо аъзои оила муҳокимаи ҷиддӣ доред, аммо мулоим бошед. Касе кӯшиш мекунад шуморо идора ва истифода кунад, зирак бошед! Дар масъалаҳои молиявӣ хатар нест, аммо харҷи калон эҳтимол дорад. Ба саломатии худ аҳамият диҳед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз шояд дар муносибатҳои ошиқона нороҳатӣ пайдо шавад, ҳама чизро оромона муҳокима кунед. Дар бораи намуди зоҳирии худ ғамхорӣ намоед! Бо одамони дуруст муошират кунед ва барояшон бо меҳнат нишон диҳед, ки сазовори бовар ҳастед. Ниҳоят бахт ба рӯи шумо табассум мекунад. Аз барзиёд кор кардан худдорӣ намоед, то саломатиро ҳифз кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД