goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2026
593

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бахтатон дар масъалаҳои ишқу муҳаббат омад мекунад. Агар муҷаррад бошед, эҳтимоли шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад ва агар оиладор бошед, муносибатҳоятон гармтару самимитар мегарданд. Барои раҳоӣ аз якрангии зиндагӣ муҳити худро каме тағйир диҳед ё ба сафари кӯтоҳ равед. Дар кор ва зиндагӣ бо оромиву хирад амал кунед. Сарфакорӣ ба беҳтар шудани вазъи молиявӣ мусоидат мекунад. Ба ғизои худ диққат дода, маҳсулоти серғизоро бештар истеъмол намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Рӯзи мусоид барои оғози муносибатҳои нави ошиқона аст. Шояд шахсеро вохӯред, ки фикру ақида ва ҷаҳонбиниаш ба шумо наздик бошад. Дар муносибатҳои оилавӣ эҳсосоти худро пинҳон накунед, то нофаҳмиҳо пеш наоянд. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед, зеро имрӯз пул зуд сарф мешавад. Барои ҳифзи саломатӣ ҷойҳои серодамро камтар интихоб намуда, ба тозагӣ ва беҳдошт аҳамияти бештар диҳед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ҳангоми суҳбат бо шахси дӯстдошта аз суханони сахт ва шитобкорона худдорӣ намоед, зеро баъдтар пушаймон шудан мумкин аст. Агар байни шумо нофаҳмие вуҷуд дошта бошад, онро бо гуфтугӯи самимӣ ҳал кунед. Баъзе нафарони миҷинг метавонанд асаби шуморо хароб созанд, бинобар ин беҳтараш аз баҳсҳои беҳуда дурӣ ҷӯед. Заҳматҳои шумо натиҷаи хуб медиҳанд ва вазъи молиявиатон беҳтар мешавад. Барои беҳтар сохтани саломатӣ фикрҳои манфиро аз дилу зеҳн дур кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз фурсати хубест барои ислоҳи хатоҳои гузашта ва барқарор кардани муносибатҳои хуб бо наздикон. Масъалаҳои вобаста ба фарзандон каме диққат талаб мекунанд, вале онҳо ба зудӣ ҳал хоҳанд шуд. Дар касбу кор имконияти нави пешрафт пайдо мешавад, онро аз даст надиҳед. Хариди муҳим ё даромади назаррас низ имконпазир аст. Гарчанде рӯзи серкорӣ бошад ҳам, зиракии шумо баланд буда, идеяҳои нави пайдошуда метавонанд дар оянда фоидаи зиёд оваранд.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз дӯстдоштаатон метавонад шуморо бо ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи худ хушҳол созад. Дар зиндагии оилавӣ ба ҳар гуна овоза ва суханони бадхоҳон бовар накунед, зеро онҳо метавонанд муносибатҳоро вайрон кунанд. Дар масъалаҳои корӣ ҳоло беҳтар аст сабр намоед ва ташаббусҳои бузургро ба вақти дигар гузоред. Агар орзуи кушодани тиҷорати шахсӣ дошта бошед, аз ҳоло маблағ ҷамъ карданро оғоз кунед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ аз асабоният ва ташвишҳои зиёд дур бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар зиндагии ошиқонаи шумо мувофиқи хоҳишатон пеш наравад, шояд сабаб дар он бошад, ки аз дигарон аз ҳад зиёд талаб мекунед. Имрӯз кӯшиш кунед шодиву меҳрубонии худро бо наздикон тақсим намоед. Дар кор имкониятҳои нави рушд пайдо мешаванд ва ҳатто фикри иваз кардани ҷойи кор метавонад муфид бошад. Бо роҳбарият баҳсу мунозира накунед, зеро он ба нафъи шумо нест. Барои саломатӣ ҳам аз кори вазнин ва ҳам аз нишасти тӯлонӣ худдорӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дарк мекунед, ки муҳаббати ҳақиқӣ аз шавқу ҳаваси гузаранда фарқи калон дорад. Дар масъалаҳои тарбияи фарзандон каме мушкилӣ пеш омаданаш мумкин аст, вале шумо аз уҳдаи он мебароед. Барои пешрафти касбӣ имкониятҳои навро ҷустуҷӯ кунед ва аз қадамҳои ҷиддӣ наҳаросед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, зеро касе метавонад ваъдаи бардурӯғ диҳад. Баъзе намояндагони ин мучал имрӯз бо хушнудӣ ба хотираҳои ширини гузашта рӯ меоранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Низоъҳои хурд метавонанд шуморо ноумед созанд, вале барои қарорҳои саросема вақти муносиб нест. Пеш аз хулоса баровардан кӯшиш кунед мавқеи шарики худро фаҳмед ва муносибатҳоро беҳтар намоед. Донишу таҷрибаи шумо ба зудӣ бештар қадр хоҳад шуд ва эҳтимоли беҳтар шудани даромад низ вуҷуд дорад. Агар нияти кам кардани вазн дошта бошед, ба ғизои солим ва машқҳои ҷисмонӣ аҳамият диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ҳоло вақти муносиб барои муносибатҳои ҷиддии ошиқона нест, вале рӯйдодҳои ҷолиб метавонанд рӯзатонро рангин созанд. Шиносҳои кӯҳна ё хотираҳои гузашта худро ба ёд меоранд. Имрӯз барои муайян кардани ҳадафҳои нав ва тартиб додани нақшаҳои оянда рӯзи хеле хуб аст. Масъалаҳои молиявиро бодиққат баррасӣ намоед ва барои хароҷот нақша тартиб диҳед. Ба ҳиссиёти ботинии худ бештар гӯш диҳед ва қарорҳои муҳимро боандеша қабул намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шуморо давраи пур аз эҳсосоти хуш ва лаҳзаҳои романтикӣ интизор аст. Эҳтимол шиносоии ҷолиб ё эҳёи муҳаббати пешина рӯй диҳад. Имрӯз тағйироти бузург пешбинӣ нашудааст, бинобар ин оромӣ ва ҳушёрии худро нигоҳ доред. Бо меҳнат ва иродаи қавӣ метавонед ба бисёр ҳадафҳо бирасед, вале имкониятҳои худро воқеӣ арзёбӣ кунед. Манбаи нави даромад ё кори иловагӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Барои мубориза бо бехобӣ бештар аз усулҳои табиӣ истифода баред.

Далв (21 январ-19 феврал)

Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед ва аз барқарор кардани баъзе муносибатҳои кӯҳна худдорӣ намоед. Иваз кардани муҳит ва каме истироҳат ба шумо неруи тоза мебахшад. Дар кор беҳтараш аз баҳс бо роҳбар дурӣ ҷӯед, зеро имрӯз ӯ метавонад асабонӣ бошад. Шиносоии нав метавонад ба ҳамкории судманд ва дарозмуддат табдил ёбад. Рӯйдоди ғайричашмдошт эҳтимол дорад ба нақшаҳо ва ҳатто саломатии шумо таъсири ҷиддӣ расонад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз беҳтараш таваҷҷуҳи худро ба масъалаҳои молиявӣ ва устувории зиндагӣ равона созед. Аз шиносоии нав эҳтиёт кунед, зеро он метавонад баъдан сабаби нохушиҳо гардад. Орзуҳои худро бо имкониятҳои воқеӣ муқоиса намуда, ба корҳои аз ҳад душвор даст назанед. Ба ҳар маслиҳат зуд бовар накунед, зеро баъзе одамон метавонанд шуморо гумроҳ созанд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо бодиққат бошед ва қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД