Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз парҳезро як тараф гузореду бештар ширинӣ истеъмол кунед. Ҳангоми ба нақша гирифтани корҳое, ки дар давоми рӯз бояд анҷом диҳед, корҳоеро дар мадди аввал гузоред, ки зуд натиҷа медодагӣ бошанд. Ростқавл бошед ва сирри касеро ба каси дигар нагӯед. Ба сустии худ бояд тоб оваред.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз аз суҳбат бо нафаре, ки шуморо нороҳат мекунад, ба куллӣ дурӣ ҷӯед. Дӯстдоштаатон ба шумо бори дувум шанс медиҳад. Аз он истифода карда, муносибати қаблии худро барқарор кунед. Эҳтимоли ба кори дигар гузаштанатон вуҷуд дорад. Аз интернет пул кор карданро омӯзед, зеро ин тақозои замон аст.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Зиракиро аз даст надиҳед, зеро барои ба даст овардани натиҷаи ба дил наздик зиракӣ ба кор меояд. Хондаатонро дар амал татбиқ кунед ва боз ҳам донишҳои навро аз худ намоед. Барои вусъат додани бахши молиявиатон сармоя ҷалб карданатон лозим аст. Бештар хӯрокҳои серғизо ва аз витаминҳо бойро истеъмол кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз кулли ҳодисаву воқеаҳоро таҳти назорати ҷиддӣ бигиред ва дар ҳолати тағйир ёфтани вазъият вокуниш нишон диҳед. Ҳушёр бошед ва нагузоред, ки касе шуморо идора кунад. “Забон дар даҳон посбони сар аст мегӯянд. Ба он чизе ки аз даҳонатон мебарояд, диққат диҳед, зеро касеро хафа карданатон мумкин аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз кӯмакеро, ки ба шумо равона шудааст, рад накунед. Роҳбариятро эҳтиром кунед ва онҳо низ маҳз ҳамин фурӯтаниву хоксории шуморо ба инобат гирифта, шуморо ба мансаби баландтар таъйин мекунанд. Имрӯзро рӯзи шумо гӯем ҳам, хато намекунем, зеро даромади калони ногаҳонӣ дар назар аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз вазъи саломатиатон нохуб мешавад, ки ба назди духтур рафтану аз доруву дармон истифода бурдан ба шумо фоида намерасонад. Вазъи саломатии шумо танҳо бо воситаи дуо беҳтар мешавад. Дар муносибат бо аҳли оила эҳтиёткор бошед. Дар ҳама соҳа тартиботро риоя карда, аз рӯи нақша амал намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки аз ҳаргуна ҷангу ҷанҷол худдорӣ карда, ба ҳар ош қатиқ нашавед. Хусусан, ба баҳсҳое, ки ба шумо умуман дахл надоранд, дахолат карда, ба худатон дарди сар нахаред. Беҳтараш ба корҳое машғул шавед, ки ба шумо эҳсоси мусбӣ бахшанд, на манфӣ.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз оне ки ба корҳои беҳуда машғул мешавед, вақти худро барои истироҳату фароғат сарф кунед. Чизҳои куҳнаатон, аз ҷумла ҷомадону ашёҳои нолозиматонро партоед ва навашро харидорӣ кунед. Агар ба шумо кӯмаки наздикон лозим шуда монад, шарм надошта, аз онҳо ёрӣ хоҳед. Онҳо ҳатман кӯмак мекунанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бештар хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол кунед ва ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Барои оштӣ кардан бо нафароне, ки дер боз қаҳрӣ будед, рӯзи мувофиқ аст. Касерову чизеро не, танҳо фикри саломатии худро кунед ва ба истироҳат машғул шавед. Аз серхобӣ худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҷаддиҳои муҷаррадро маҳфилҳои ошиқонаву романтикӣ интизор аст. Дар муносибат бо наздиконатон мушкилиҳо пеш меоянд. Дағалӣ накунед, балки коре кунед, ки дубора боварии онҳо, аз ҷумла боварии ҳамсаратонро ба даст оварда тавонед. Даромади иловагӣ дар назар нест, сарфакор бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз барои анҷом додани сафари кӯтоҳ рӯзи хубу бобарор аст. Барои кор бо иттилоот ва табодули афкор низ рӯзи мусоид аст. Бо нафарони ҳассос вохӯрданатон аз эҳтимол дур нест. Ба шарики тиҷоратии худ аз ҳад зиёд бовар накунед. Ба онҳое бештар бовар кунед, ки ҳамфикри шумо бошанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар муносибат бо наздикон сабру таҳаммул ва донишу хиради худро нишон диҳед. Муҳимтар аз ҳама, аз танқиди одамони наздикатон худдорӣ кунед. Бо волидонатон тавре рафтор кунед, ки онҳо ғамхории худро ба шумо дареғ надоранд. Кореро, ки нияти анҷом додан надоред, оғоз накунед.