ҲАмал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз нафаронеро, ки шуморо хафа карда буданд, бубахшед ва ба дил кина нагиред. Ин хаслат зеби шумо нест. Ҷони худро дар хатар гузошта, барои ҳар кор масъулиятро бар дӯш нагиред. Давоми рӯз аз нақша берун кор карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Даромади иловагӣ дар назар аст, аммо на он қадар зиёд.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз барои сафар ва мулоқот бо дӯстон рӯзи бобарор аст. Вақти худро барои корҳои беҳуда сарф накунед, вагарна баъдан эҳсоси пушаймонӣ хоҳед кард. Ба худ иҷозат надиҳед, ки аз зиндагӣ ноумед бошед. Барои рафъи асабоният ба духтур муроҷиат накунед, балки худатон дар хона табобат кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бахти шумо чунон омад мекунад, ки то ин давра бесобиқа аст. Агар идеяҳои амалинашуда дошта бошед, барои татбиқи онҳо рӯзи бобарор аст. Дар бораи он чизе ки ба шумо мувофиқ нест, натарсида гап занед, вагарна рӯзе ба сари худатон меояду баъдан эҳсоси пушаймонӣ мекунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз машғул шудан ба варзиш, ба дигар корҳои шумо халал намерасонад. Шиносоӣ бо одамони ҷолиб дар назар аст. Дар ҷои кор ба эҳсосот дода нашавед ва шӯҳратпарастиро аз худ дур кунед, вагарна муносибататон бо нафарони наздикатон бад мешавад. Баъди нисфирӯзӣ даромади иловагиро интизор бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз шумо аз кор дида, бештар ба вохӯрӣ ва вақтхушиҳои ошиқона майл пайдо мекунед. Агар шахси дӯстдошта дошта бошед, пас ҳатман бо ӯ ба клубҳои шабона рафта, дилхушӣ кунед, вале содир кардани кирдорҳои ғайриахлоқиро ба шумо тавсия намедиҳем. Дар охири рӯз муноқиша рух медиҳад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва истироҳати оилавӣ рӯзи хуб аст. Сунбулаҳои муҷаррад ба нафаре дил медиҳанд, ки ин муносибат ба оиладорӣ оварда мерасонад. Ба бозор ё мағоза рафтанро имрӯз тавсия намедиҳем. Сунбулаҳое, ки аз бемории зуком азият мекашанд, беаҳамиятӣ накарда, ба табиби оилавӣ муроҷиат намоянд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар ҳаёти мизонҳо мушкилиҳои хурду ночиз ба вуҷуд омада, то охири рӯз ҳалли худро пайдо мекунанд. Аз одамони наве, ки дар гирду атрофатон пайдо шудаанд, эҳтиёт кунед. Ростро аз дурӯғ фарқ карданро омӯзед, зеро дар атрофи шумо чунин ҳодисаҳо кам нестанд. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ҳангоми иҷрои корҳо аз ҳаррӯза дида, бодиққаттар буданатон лозим аст. Кӯшиш кунед, ки корҳои пештараро зудтар ба анҷом расонида, аз пайи амалии нақшаҳои нав шавед. Барои оғоз кардани тиҷорат ба як қарор омаданатон лозим аст, вагарна дудилагӣ монеи кори шумо хоҳад шуд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки давоми рӯз табъи қавсҳо болида ва хотирашон хуш хоҳад буд. Аз дуздону қаллобон эҳтиёт кунед, эҳтимоли чизеро аз даст доданатон вуҷуд дорад. Маслиҳати нафарони таҷрибадору рӯзгордидаро барои пешрафти корҳоятон ҳатман ба инобат гиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз бо онҳое, ки пештар қаҳрӣ карда будед, оштӣ мешавед. Кӯшиш кунед, ки вақти суҳбат кардан, дубора дағалӣ карда, боз ҷангӣ нашавед. Дар масъалаҳои молиявӣ фақат ба дили худатон гӯш кунед, на ба гуфтаи дигарон. Аз нафарони манфиатҷӯ ва тамаъкор худро куллан дур бигиред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз барои нишон додани истеъдод рӯзи хуб аст. Қувваи ноаёне ба шумо ҳамроҳ мешавад ва аз ӯҳдаи ҳар коре ба хубӣ мебароед. Шом ба давидан машғул шавед, то баданатон обутоб ёбад. Далвҳои танҳо барои пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ кӯшиши беҳуда мекунанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз истироҳат карда наметавонед, ҳатто агар орзу кунед ҳам. Ҳар як кор аз шумо диққат, заҳмати зиёд ва таваҷҷуҳро талаб мекунад. Дониши худро барои пешравии корҳоятон самаранок истифода баред, натиҷаи хуб ба даст хоҳед овард. Одати носу тамокукашиатонро партоед, беҳтар мешавад.