Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ба шумо оромӣ ва диққатнокӣ лозим мешавад. Кӯшиш кунед корҳои нимкораро ба анҷом расонед. Дар ҷойи кор аз баҳсҳо дурӣ ҷӯед, як гуфтори нодуруст метавонад муносибатҳоро вайрон кунад. Бо наздикон вақти хуш мегузаронед ва аз дастгирии онҳо қувват мегиред. Агар нияти сар кардани кори навро дошта бошед, имрӯз хеле мувофиқ аст. Ҳар корро бо фурсат иҷро намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯзи нисбатан ором аст, аммо корҳои хурду ҷузъӣ диққати бештар мехоҳанд. Маслиҳати калонсолон ба шумо фоидаовар хоҳад буд. Эҳтимол масъалаи хонаводагиро ҳал кунед ё хабари хуш гиред. Дар муносибатҳои шахсӣ каме тоқат лозим мешавад. Агар истироҳатро бештар кунед, нерӯятон барқарор мешавад. Имрӯз беҳтар аст нақшаҳои оддиро иҷро кунед ва шитоб накунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯзи фаъол аст, вале эҳсосот зуд иваз мешаванд. Дар кор эҳтиёт бошед, то хатои хурд мушкили калон наорад. Бо одамони нав ошно мешавед, ки метавонанд дар оянда фоида расонанд. Дар хона оромӣ эҳсос мекунед. Барои масоили молиявӣ қарори шитобкорона надиҳед. Кӯшиш кунед каме истироҳат кунед, ҳатто чанд дақиқа ҳавои тоза рӯҳияатонро беҳтар мекунад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз барои анҷоми корҳои ҷамъшуда хеле мувофиқ аст. Нерӯ ва хоҳиш доред, ки масъулиятҳои душворро ҳам ҳал кунед. Дар гуфтугӯ бо наздикон эҳсосотро камтар нишон диҳед, ором гӯш диҳед. Эҳтимол масъалаи молиявӣ сабуктар шавад ё пешниҳоди манфиатнок гиред. Хабари хуб аз шахси дур рӯҳияатонро беҳтар мекунад. Шом барои истироҳати ором мувофиқ аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз суханатон таъсирбахш мешавад ва метавонед гуфтугӯи муҳимро анҷом диҳед. Дар касбу кор эҷодкорӣ фоида меорад ва натиҷаро беҳтар мекунад. Шояд нафаре шуморо ба баҳс кашиданӣ шавад, лекин аз он дурӣ кунед. Дар хона ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳити хуб ҳукмрон аст. Барои саломатӣ вақт ҷудо кунед. Охири рӯз хабари хуш ё вохӯрии ногаҳонӣ рӯҳияро беҳтар месозад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз барои нақшабандӣ, таҳлил ва корҳои муҳим хеле мувофиқ аст. Фикррониатон равшан аст ва метавонед қарорҳои дуруст қабул кунед. Агар бо ҳамкорон мулоимтар рафтор кунед, муносибатҳо беҳтар мешаванд. Дар хона мушкили хурд пайдо шавад ҳам, зуд ҳал мешавад. Имкони гирифтани фоидаи ночиз вуҷуд дорад. Асабҳоятонро табобат кунед ва худро зиёд хаставу дар ягон кор саросемагӣ накунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз бояд тавозунро нигоҳ доред. Дар кор шояд пешниҳоди ҷолиб шавад, аммо қабл аз қабул андеша кунед. Мумкин аст хароҷоти ногаҳонӣ пеш ояд. Дар хона оромӣ ҳукмрон мешавад. Шиносоии нав метавонад дар оянда ба муносибати хуб табдил ёбад. Шом вақти хуб барои истироҳат ва барқарор кардани нерӯ аст. Имрӯз аз муноқишаҳо дур бошед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз иродаатон қавӣ аст ва метавонед корҳои душворро ҳам иҷро кунед. Танҳо зимни муносибат бо наздикон эҳтиёт шавед, ҳар сухан таъсири сахт мерасонад. Масъалаҳои молиявиро шитобкорона ҳал накунед, аввал фикр кунед. Эҳтимол сафари кӯтоҳ ё вохӯрии ногаҳонӣ пеш ояд. Шомро барои оромӣ ва истироҳати ҷисму рӯҳ истифода баред. Имрӯз ҳар қадаматон босамар мешавад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пурнерӯ оғоз мешавад. Имрӯз фикрҳои ҷолиб пайдо мекунед ва метавонед корҳои дермондаро ба анҷом расонед. Дар ҷамъият диққати зиёд ҷалб мекунед, вале танқидро сахт қабул накунед. Дар муҳаббат ростқавлӣ беҳтарин роҳи ҳалли ихтилофҳост. Шом вохӯрӣ ё суҳбати дӯстона кайфиятро боло мебарад. Ба саломатии худ каме бештар таваҷҷуҳ кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз дар касбу кор масъулиятнок ва бодиққат буданатон муҳим аст. Шояд бо касе, ки дер боз хоҳиш доштед суҳбат кунед, гуфтугӯи ҷиддӣ пеш ояд. Дар оила аз шумо дастгирӣ интизоранд, мулоим бошед. Имкони сарфа кардани маблағ ё қатъ кардани хароҷоти нолозим вуҷуд дорад. Шом ором мегузарад ва рӯҳияатон хуб мешавад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз фикрҳоятон тоза мешаванд ва мехоҳед кореро дигар хел анҷом диҳед. Шояд кори ногаҳонӣ вақти зиёдатонро бигирад, аммо бо зеҳни равшан онро зуд ҳал мекунед. Мулоқот бо дӯстон рӯҳбаландатон месозад. Дар хона муҳити ором ва ҳамдигарфаҳмӣ аст. Эҳтимол масъалаи хурди молиявӣ ҳал шавад. Хабари ногаҳонӣ метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад, вале ба фоидаи шумо мешавад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз каме асабӣ ҳастед, бинобар ин аввал ором шуда, баъд қарор қабул кунед. Дар касбу кор душвориҳо пеш меоянд, аммо бо сабр ҳамаашро ислоҳ мекунед. Дар хона суханони нарм бисёр нофаҳмиҳоро ҳал мекунанд. Ба саломатӣ диққат диҳед, истироҳат ва ҳавои тоза барои шумо муҳим аст. Шом эҳтимол хабари хуш гиред ё дастгирӣ аз шахси ғайричашмдошт пайдо кунед.