ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1451

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Агар муҷаррад бошед, ба маъракаву ҷамъомадҳо рафтан хуб аст, дар ҷойи серодам шонси вохӯрӣ бо шахси мувофиқ зиёдтар аст. Дар оила агар нофаҳмӣ шуруъ шавад, кӯшиш кунед кор то ҷанг нарасад, розӣ шудан бо назари дигарон шуморо аз стресс эмин медорад. Имрӯз дар масъалаҳои пулӣ фиреб хӯрданатон имкон дорад, хароҷоти калон ва хатарнокро ҷилавгирӣ кунед. Агар сари шумо мудом дард мекарда бошад, аввал ба духтур муроҷиат кунед, доруҳоро худсарона истеъмол накунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз шумо ба осонӣ шахсеро ба худ ҷалб мекунед, вале беҷуръатӣ имкон намедиҳад бахти худро пайдо намоед. Кӯшиш кунед сабр ва нармӣ нишон диҳед. Шарикатон ба рафтори шумо таваҷҷуҳ хоҳад кард, фаромӯш насозед, ки бар ивази муҳаббат бояд муҳаббат зоҳир намоед. Дар касбу кор аз шумо маслиҳат мехоҳанд, кумак кунед, ин бароятон манфиат меорад. Рӯзи сарфакорӣ аст: харидҳои бемаънӣ кисаҳоятонро ба зудӣ холӣ мекунанд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Овозаҳоро дар бораи дӯстдоштаатон бепарво нагузоред, беҳтараш ошкоро гап занед. Хешону наздикон дар ҳама ҳолат пуштибонатон хоҳанд буд; онҳоро фаромӯш накунед ва таваҷҷуҳ нишон диҳед. Ба кору вазифаҳои касбӣ таваҷҷуҳ кунед, бахту барор бо шумост. Имкони даромади ногаҳонӣ вуҷуд дорад: пулро сарф накунед, як қисмашро захира кунед ё оқилона сарф намоед. Ба рафтори худ ва ба хӯроки истеъмолкардаатон диққат диҳед, эҳтимоли бемориҳои рӯда ва сардард вуҷуд дорад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз имкониятҳои худро пурра нишон дода метавонед. Ҳангоми шом бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон як вохӯрии романтикӣ анҷом диҳед. Рӯзи мусоид барои оғози корҳои нав аст, тағйиротҳо дар самти дуруст рух медиҳанд. Қарз ва кредит ҳоло нагиред, вазъияти иқтисодӣ ноустувор монда метавонад. Барои барқарорсозии нерӯ ба сайри табиат бароед ва бо дигарон меҳрубон бошед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ба эҳтиёткорӣ ниёз доред, ҳиссиётатонро зери назорат гиред, то муносибатҳои ошиқона вайрон нашаванд. Оиладорон бояд бовафо бошанд. Агар дар ҷустуҷӯи манбаи иловагии даромад бошед, бо диққат ҷустуҷӯ кунед. Барои саломатӣ сайругашт дар ҳавои тоза лозим аст, табиат руҳ ва ҷисму ҷонро нерӯ мебахшад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Хеле мехоҳед дар зиндагиятон тағйирот ба амал биёред, ин майл метавонад шуморо ба амалҳои шитобзада водор кунад. Ба садои қалб гӯш диҳед. Агар кӯдакон сабаби ташвишатон шаванд, бо сабр ва тарбияи дуруст ба роҳи хуб равона намоед. Кори серталаб бароятон фоида меорад. Имкони ба даст овардани даромади нав пайдо мешавад, пешниҳодҳоро рад накунед. Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба стресс эҳтимол доранд, ҳангоми рондани мошин эҳтиёткор бошед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ҳақиқати талх беҳтар аз норавшанист. Бо шарикатон ошкоро гап занед, ҳатто агар сухан сахту шадид бошад. Давоми чанд рӯзи оянда аз одамони бадҷаҳл дурӣ ҷӯед. Барои сафарҳои корӣ вақти хуб аст, тағйири муҳит фурсатҳои мусоид меорад. Имкони пайдо кардани шарики хуби тиҷоратӣ вуҷуд дорад, ба пешниҳодҳои хуб гӯш диҳед. Саломатии худро фаромӯш накунед ва истироҳат карданро дар ҷои аввал қарор диҳед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Рӯзи пуртаассурот доред. Каломи хуб ба муносибатҳоятон таъсир мерасонад, бо наздикон меҳрубонӣ кунед, ҳатто агар машғули кор бошед. Бо ҳамкорон ё роҳбарият муноқиша имконпазир аст; қобилияти кориятон баланд аст. Соҳибкорон имкони ба даст овардани маблағи хубро доранд. Барои барқарорсозии нерӯ бештар вақт сарф кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ҷазобияти шумо баланд аст, рӯзи хубест барои вохӯриҳои нав. Мушкилоти оилавӣ метавонанд таваҷҷуҳ ва хароҷотро зиёд кунанд; аз сарфҳои ногаҳонии маблағ худдорӣ кунед. Ба интуитсияи худ бовар кунед, он шуморо аз хатоҳо наҷот медиҳад. Дар канори дарё истодан саломатиятонро беҳтару руҳатонро шод месозад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз эҳтиёткорӣ дар сӯҳбатҳо ва рафтор муҳим аст, ба вижа назди шахси дӯстдошта. Дӯстони куҳна ва қадрдон ба суроғатон меоянд. Дар масоили молӣ ба ҳисси худ такя кунед, маслиҳати бегонагонро қабул накунед. Хастагӣ ва стресс сабаби аксари мушкилот аст, ором буданро омӯзед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз шояд ба маслиҳату назари дӯстони наздик гӯш накунед, ин иштибоҳ аст. Дӯсти боэътимоди шумо омодааст кумак кунад; бовар кунед. Дар кор агар ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, натиҷаи зуд хоҳед гирифт. Масъалаҳои хона ва мушкилоти наздикон шуморо парешон мекунанд, худатонро фаромӯш накунед. Ба таом ва саломатӣ диққат диҳед, истеъмоли зиёди ширинӣ ё чарб хуб нест.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар муҳити шумо душманон метавонанд ноодилона рафтор кунанд, ҳушёр бошед ва ба бадхоҳон бо сабр муносибат кунед. Агар бе пул шуда бошед, рӯҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба саломатии шахси дӯстдоштаатон диққат диҳед ва ба ӯ дар мушкилиҳояш ёрӣ расонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД