Commerc banl
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
1487

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз барои шумо рӯзи пурҳаракату пурнерӯ мешавад. Агар мехоҳед эҳсосоти навро таҷриба кунед ва ишқи воқеиро пайдо намоед, муҳитро иваз кунед ё ба сафар бароед. Корҳои ба нақша гирифташуда бобарор пеш мераванд, ҳатто агар монеаҳои ногаҳонӣ пайдо шаванд. Ба ҷойи панд додан, худ амал кунед. Ба қувва ва таҷрибаи худ такя намоед. Шом ҳатман истироҳат кунед, то нерӯятон барқарор гардад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз метавонед диққати шахсеро ба худ ҷалб кунед, ки дер боз писандатон аст. Бо вуҷуди ин, барои оғоз кардани муносибати ҷиддӣ шитоб накунед. Дар оила эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин сухани худро санҷида гӯед. Дар касбу кор вохӯриҳо ва шиносоии нав натиҷаи хуб медиҳанд. Содагӣ ва ростқавлӣ шуморо ба муваффақият мерасонанд. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед ва саломатиро нодида нагиред.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Ин рӯз шуморо водор месозад, ки ба муносибатҳои худ амиқтар назар кунед. Дар назди виҷдони худ пок бошед ва дарк намоед, ки чӣ шуморо воқеан хушбахт мекунад. Агар мулоимӣ ва созишро пеша кунед, муошират бе мушкил мегузарад. Ба иғвоҳо дода нашавед ва обрӯи худро ҳифз намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкони пешрафт ҳаст. Фикрҳои мусбат кунед ва ба зиндагӣ бо умед нигаред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон сюрпризи хуш интизор шудан мумкин аст. Ба ҳар ҳол, танҳо ба фикри дигарон такя накунед ва роҳи худро интихоб кунед. Нимаи дуюми рӯзро ба оила бахшед. Имкони вохӯрӣ бо шахси бонуфузе ҳаст, ки метавонад пуштибони шумо гардад. Барои беҳбудии саломатӣ ҳаракатро зиёд намоед ва тарзи ҳаёти фаъолро интихоб кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯз барои мустаҳкам кардани муносибатҳо хеле мувофиқ аст. Шумо бо сухан ва рафтори оқилона метавонед дилҳоро ба даст оред. Дар кор бодиққат ва масъул бошед. Хароҷоти зиёдатиро кам кунед, то мушкили молиявӣ пеш наояд. Аз бардоштани чизҳои вазнин худдорӣ намоед. Машқҳои сабук, гимнастика ё шиноварӣ ба шумо нерӯи тоза мебахшанд.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Сухани танқидии шахси наздик метавонад шуморо нороҳат созад, аммо дар он андешаи дуруст ҳам ҳаст. Пеш аз қабули қарор ҳама паҳлуҳоро баррасӣ кунед. Эҳтимол қарзи дерина баргардонида шавад ё маблағи ғайричашмдошт ба даст оред. Нерӯи ҳаётӣ боло меравад. Ин рӯз барои оғози кори нав ё такмил додани нақшаҳои пешина хеле мусоид мебошад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз худро аз ҳад зиёд ҷиддӣ нагиред, каме шодиву сабукӣ ба шумо фоида меорад. Вақтро бо оила ва наздикон гузаронед. Дар кор имкони пешниҳоди нав ё болоравӣ пайдо мешавад. Аз исрофкорӣ парҳез кунед, зеро вазъ метавонад ногаҳон тағйир ёбад. Агар хастагӣ эҳсос кунед, истироҳатро авлотар донед ва саломатиро дар ҷои аввал гузоред.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз муҳаббат ва эҳсосот барои шумо аҳамияти бештар доранд. Барои таъмир, кӯчидан ё хариди калон фурсат муносиб аст, вале сафарҳои дурро ба вақти дигар гузоред. Якбора чанд масъаларо ҳал накунед, ба як кор диққат диҳед. Дар муошират бо шахсони ношинос эҳтиёткор бошед. Рӯз барои барқарор кардани нерӯ ва оромии рӯҳӣ бисёр мувофиқ аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз бо суханони гарм ва таъриф дилҳоро шод кунед. Рӯз бо хотираҳои хуб дар ёд мемонад. Бо роҳбарият баҳси нолозим накунед. Нимаи дуюми рӯз барои ҳалли масъалаҳои пулӣ мусоид аст ва хариди муваффақ имкон дорад. Агар худро хаста ҳис кунед, ба машғулияти дӯстдошта рӯ оваред, то рӯҳия ва қувваатон беҳтар гардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Эҳтимол барои муддате аз шахси дӯстдоштаатон дур шавед, аммо муҳаббати ҳақиқӣ масофаро намешиносад. Ихтилофи назарро бо сабр ва хирад ҳал намоед. Ба ҳар кор ҷиддӣ муносибат кунед, шитобкорӣ накунед. Маслиҳати мутахассиси молиявӣ метавонад шуморо аз иштибоҳ эмин дорад. Давидан ё шиноварӣ ба саломатӣ ва намуди зоҳирӣ таъсири хуб мерасонад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Мушкилиҳои шахсӣ аз якравӣ сар мезананд. Кӯшиш кунед фикри дигаронро низ бишнавед. Ба зиммаи худ вазифаҳои аз ҳад зиёд нагиред. Шояд яке аз наздикон ба кумаки шумо ниёз дошта бошад. Қувваи зиёд доред, вале эҳсосотро идора кунед, махсусан дар масъалаҳои молиявӣ. Саломатӣ имрӯз бештар ба ҳолати рӯҳии шумо вобаста аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои худ ва дӯстдоштаатон истироҳату фароғат ташкил кунед - кино, консерт ё шоми ором дар тарабхона. Дар хона фикри тағйирот ё таъмир пайдо мешавад, аммо на ҳама онро дастгирӣ мекунанд. Дар кор имкони бастани созишҳои фоидаовар ҳаст. Бо вуҷуди ин, таъхири пардохтҳо мумкин аст. Сабр кунед ва хароҷотро бодиққат ҳисоб намоед. Барои барқарор кардани нерӯ ба кори дӯстдошта машғул шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД