formula feb 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
1680

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ором аст. Аввали рӯз хабари аҷиб мешунавед. Камбудиҳои хурду ночизе, ки имрӯз рух медиҳанд, зуд бартараф мешаванд. Дар муносибат бо дӯстону наздикон ҳиллаву найрангро ба кор набаред, зеро онҳо арзандаи ин гуна рафтор нестанд. Агар вазни зиёдатӣ дореду аз он халос шудан мехоҳед, парҳез накунед, балки ба толори варзишӣ равед ё аз маҳсулоти нонӣ даст кашед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба корҳое машғул шавед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Танбалӣ ё бозиҳои компютрӣ, тамошои сомонаҳои иҷтимоӣ ба шумо фоидае намеоранд. Нафаре, ки то ин дам бо шумо ҳамфикр буд, ақидаи шуморо қабул кардан намехоҳад. Аз суҳбатҳои беҳуда, баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол худро канор гиред. Шумо инсони зебо ҳастед ва рӯҳафтодагиву хастагӣ зеби шумо нест.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи серташвиш аст. Баъзеҳо ба шумо бо чашми бад нигоҳ мекунанд. Баъзеҳои дигар шуморо ба доми фанду фиреби худ афкандан мехоҳанд. Сирри дилатонро ба касе нагӯед. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ба ҳар ҳол, эҳтиёткор бошед. Нозу нузи дӯстдоштаатонро бояд бардоред, вагарна оштӣ шуданатон душвор мешавад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аввали рӯз аз дарди сар ва бемадорӣ азият мекашед. Ҳангоми ба як қарор омадан, ба ҳақ будани худатон шубҳа накунед. Ба маслиҳати касоне, ки шуморо ба манфиати худ истифода бурдан мехоҳанд, умуман гӯш надиҳед. Дар роҳи ишқу муҳаббат мушкилиҳои мавҷуда ҳалли худро меёбанд ва дӯстдоштаатон аз ин хурсанд мешавад.

Асад (23 июл-22 август)

Ба ҳодисаҳое, ки давоми рӯз рух медиҳад, диққати саривақтӣ доданатон лозим аст. Ба хотири он ки ҳамкоронро аз худ дур насозед, бо онҳо дағаливу бадгуфторӣ накунед. Сирру асрори худро ҳатто ба дӯсти наздикатон нагӯед. Нафароне ҳастанд, ки дар рӯятон механданду дар пуштатон бадгӯӣ мекунанд. Дӯстро аз душман фарқ кунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз баъзе мушкилиҳо сар зада, ба ташвишу изтироб меафтед. Барои ба худ омадан бояд истироҳат кунед. Дар бораи наздикони худ фикри бад накунед. Бо ҳарфи беандеша ё рафтори ноҷо нафареро фиреб карда метавонед. Баъд аз шом ба ҳаммом рафта, хеле сабук мешавед. Ҳамчунин, ин барои саломатӣ хеле муфид аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз барои корҳое, ки муҳим нестанд, пул сарф накунед. Аз ҷангу ҷанҷол ва муноқиша дур бошед. Барои ба бозор рафтану харид кардан рӯзи мусоид аст. Ба шумо қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Агар имконро аз даст надиҳед, мушкилиҳои мавҷударо рафъ карда метавонед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз диққати худро ба корҳои майда-чуйда равон накарда, аз пайи иҷрои нақшаҳои бузургтар шавед. Ба эҳсосот дода нашуда, ба мушкилиҳо боандеша назар кунед. Барои ақрабҳое, ки маъракаи ақди никоҳ ё тӯйи хонадоршавӣ доранд, рӯзи неку бобарор аст. Хушбахтӣ насибатон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз кулли супоришҳоеро, ки ба шумо вобаста шуда буданд, ба анҷом мерасонед. Агар нияти фурӯхтани хона ё иваз кардани онро дошта бошед, инро ба вақти дигар ба таъхир гузоред. Ситораҳо ба мулоқотҳои ошиқона рафтанро тавсия намедиҳанд. Масунияти худро баланд бардоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз беаҳамиятӣ карда, наздикони худро наранҷонед. Нисбати шарикони нави кории худ, ки ба наздикӣ омадаанд, бодиққат бошед. Ба онҳое, ки ваъдаи зиёд медиҳанд, бовар накунед. Ба саросемагӣ роҳ дода, дарҳол аз дӯстдоштаатон ҷудо нашавед. Хатоятонро дарк карда, ислоҳ мешавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз соҳиби даромади иловагӣ мешавед ва кӯшиш кунед, ки қарзҳоятонро баргардонед. Агар қарзи худро баргардонед, аз ғурбати калон халос мешавед. Зиёд қарз мегиред ва ба ин худатон гунаҳкор ҳастед. Нафароне, ки пайваста ба варзиш машғуланд, беҳтараш имрӯз аз ин кор даст кашанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯз аз ҳама ҷиҳат барои ҳутҳо бобарор аст. Қувваи ноаён ба шумо ҳамроҳ мешавад ва имкон медиҳад, ки ҳатто корҳои чандрӯзаро дар як рӯз анҷом диҳед. Ҷисматон ба ҳар гуна бемориҳо тобовар аст. Агар душвориҳоро паси сар карда тавонед, дар охир ба комёбиҳои зиёд ноил мегардед.   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД