Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шахсияти наву ҷолибе ба ҳаётатон ворид мегардад. Агар симои зоҳириатонро каме дигар кунед, имкони оғоз ёфтани ишқи нав зиёд мешавад. Ҳадафмандиву оромиро нишон диҳед. Аз дағалгуфторӣ худдорӣ намоед. Имрӯз ба сафар баромадан ва ба даст овардани даромади пулӣ эҳтимол дорад. Хароҷотро сарфа намуда, саломатиро эҳтиёт кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз бо чашми дигар ба муносибатҳои ошиқонаи худ менигаред. Ба ҷои айбҷӯӣ, аз ислоҳ намудани хислати худ сар кунед. Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, комёб мегарданд. Обрӯятон дар байни атрофиён зиёд мегардад. Бо варзиш зиёд машғул нашавед, эҳтимоли осеб ёфтанатон дар назар аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳтимол дорад шахси сеюм дар муносибатҳои ошиқонаи шумо халал ворид кунад. Асабоният зиёд мешавад, хусусан фарзандон метавонанд сабаби нороҳатӣ шаванд. Ақлу хирадро ба кор баред. Хариди калон накунед, ҳатто агар тахфиф бошад. Аз қаллобон эҳтиёт кунед. Аз фикрҳои нохуш худдорӣ намоед, мусбат андешидан иммунитетатонро қавӣ мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар рӯзҳои охир бо касе шинос шудед, ӯ аллакай нисбати шумо бепарво нест. Имрӯз илҳоми эҷодӣ зиёд аст. Бархе нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Имкони бурд кардан ё фоидаи ногаҳонӣ ҳаст. Сафару машқҳои варзишӣ ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмониро беҳтар мекунанд. Рӯзи пур аз шодиву нерӯ дар пеш аст.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз дилатон оромиш мехоҳад. Ба ҳамсар фишор наоред, ин метавонад сабаби моҷаро шавад. Дар бораи таъмири хона фикр мекунед, вале дигарон шояд розӣ нашаванд. Мусибатҳои рухдодаро аз дигарон набинед. Агар пештар худро нотоб ҳис мекардед, охири рӯз саломатиятон беҳтар мешавад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар ҷанҷолҳои ошиқона ва оилавӣ зиёд шуда бошанд, шумо ба маслиҳати равоншинос ниёз доред. Камбудиву иштибоҳҳои хурди ҳамсаратонро бубахшед. Фаромӯш накунед, ки дар дунё одами бе камбудӣ нест. Асабоният ва бесабрӣ боиси нофаҳмӣ бо атрофиён мегардад. Ҳангоми боздид аз ҷойҳои серодам эҳтиёт шавед, хатари сироят ёфтанатон вуҷуд дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бегоҳ барои мулоқоти ошиқона хеле мусоид аст. Қобилияти суханварӣ меафзояд, дар баҳсҳо ғолиб меоед. Эҳсосоти худро пинҳон доред. Ба касе дарди дил накунед, мушкилоти худро нагӯед. Пеш аз харидани ягон чиз, ду бор андеша кунед. Агар мехоҳед хароб шавед, аз имрӯз сар кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз дӯстону хешовандон шояд ба хонаатон меҳмонӣ оянд. Хабарҳои муфид ва пешниҳодҳои даромаднок мегиред. Дар масъалаҳои молӣ бодиққат бошед, пулро хуб ҳисоб кунед ва ба касе пулҳои худро бовар накунед. Варзишро кам кунед, вагарна хаста мешавед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред, он гоҳ саломатиро хуб нигоҳ медоред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шахсони муҷаррад имкони ёфтани муҳаббати навро доранд. Нерӯи кориро ба самти дуруст равона кунед. Бигузор дигарон аз шумо ибрат бигиранд, на зери фишор монанд. Бо ҳамкорон муносибати хуб кунед, ҳатман муваффақ мегардед. Ба хабари нохуш умуман диққат надиҳед, ҳамеша фикрҳои хуб кунед. Нияти нек ними давлат гуфтаанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҳисси пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Дар ишқ боақл бошед. Дар корҳои хона маслиҳату ҳамкорӣ лозим аст. Бо хонавода масъулиятро тақсим намоед. Рӯз барои сафару мулоқотҳо муносиб аст. Имкони шиносоии муҳим ва гирифтани кумак ҳаст. Дар тиҷорат низ зиракӣ кунед. Машқи пагоҳиро сабук кунед, вагарна имкони осеб ёфтанатон дар назар аст.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар ҷодаи муҳаббат ба садои дили худ гӯш диҳед, на ба маслиҳати дигарон. Нафаре ба зиндагии шумо ҳасад мебарад. Вақту қувватро ба наздикон бахшед, онҳо миннатдор хоҳанд шуд. Бо одамони беобрӯ робита накунед, вагарна ҳама ба шумо бо чашми бад нигоҳ мекунанд. Даромади иловагӣ ҷустуҷӯ кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Ишқи нав мисли тӯфон ба зиндагиатон ворид мешавад. Дар ин рӯз бо ҷинси муқобил хеле хуб забон меёбед. Аз хароҷоти ноҷо худдорӣ намоед. Парҳезкорӣ ва дурӣ ҷустан аз одамоне, ки асабатонро вайрон мекунанд, муҳим аст. Беҳтараш бештар бо одамоне дар робита бошед, ки табъатонро болида месозанд.