Ҳамал (21.03-20.04)
Агар шахсе, ки ба шумо писанд аст, таваҷҷуҳ нишон надиҳад, ноумед нашавед. Имрӯз вақти хубест, ки намуди худро каме тағйир диҳед ва бештар табассум кунед. Шумо барои наздикон вақти кам ҷудо мекунед. Дар баҳсҳо шитоб накунед. Аз ҷиҳати молӣ камбудӣ намешавад, вале эҳтиёткор бошед. Ҳангоми ронандагӣ диққати ҷиддӣ диҳед, хатари садама вуҷуд дорад.
Савр (21.04-21.05)
На ҳамеша касе, ки ба шумо маъқул аст, ба ишқатон посух медиҳад. Пеш аз идома додан фикр кунед, оё ин шахс ба шумо воқеан лозим аст. Масъалаҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандон муҳим мешаванд. Дар кор душвориҳо пеш меоянд, аз маслиҳати одамони таҷрибадор истифода баред. Хариди чизҳои зебо рӯҳияро беҳтар мекунад. Имрӯз қувваи нав эҳсос мекунед ва табъатон болида мешавад.
Ҷавзо (22.05-21.06)
Рӯз барои сайругашт дар ҳавои тоза бисёр мувофиқ аст. Бо наздикон бештар вақт гузаронед. Суханони хуб ҳатто муносибатҳоро гармтар мекунанд. Имкони оғози кори нав вуҷуд дорад. Машқҳои ҷисмонӣ ба шумо фоида меоранд. Машқи бадан кунед, вале аз ҳад нагузаронед. Бегоҳирӯзӣ аз шамолкашӣ эҳтиёт шавед.
Саратон (22.06-22.07)
Ҷозибаи шумо метавонад кофӣ набошад, барои дилёбӣ далертар бошед. Бо аҳли хона бештар суҳбат кунед, ин муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Масъалаҳои пулӣ диққат мехоҳанд, бо маблағ эҳтиёт кунед. Пул шояд барои ҳама чиз нарасад, қарзро танҳо дар ҳолати зарурӣ гиред. Аз ҷиҳати саломатӣ рӯзи хуб аст. Саломатии хуб ба шумо имкон медиҳад корҳои нотамомро анҷом диҳед.
Асад (23.07-23.08)
Дар муносибатҳои ошиқона эҳсосоти гуногун пайдо мешаванд: умед, муҳаббат ва ҳатто тарс. Агар меҳрубонӣ нишон диҳед, вазъият беҳтар мешавад. Ба саломатии кӯдакон ва реҷаи рӯз аҳамият диҳед. Рӯз барои оғозҳои нав ва ҳалли масъалаҳои расмӣ мувофиқ аст. Агар ҳоло пул кам бошад, ғамгин нашавед, даромади пулӣ дар пеш аст. Барои беҳбудии саломатӣ ғизо ва ҳаракатро танзим кунед.
Сунбула (24.08-23.09)
Барои нафарони муҷаррад шиносоии ҷолиб имконпазир аст. Шарм надоред, худро нишон диҳед. Ба ҳамсаратон барои ғамхорӣ ташаккур гӯед, сюрприз кунед. Дар кор имкони пеш бурдани лоиҳаҳо ҳаст, андешаҳои шумо шунида мешаванд. Ба қимор ва барор такя накунед. Барои барқарор кардани қувва танҳоӣ ва табиат кумак мекунад. Саломатӣ хуб аст, танҳо каме хастагӣ эҳсос мешавад.
Мизон (24.09-23.10)
Агар эҳсос кунед, ки муносибатҳои ошиқона шуморо хаста кардаанд, вақти тағйирот расидааст. Кори хонаро якҷоя иҷро кунед, фазо беҳтар мешавад. Рӯз барои омӯзиш ва курсҳо хеле мувофиқ аст. Дар касбу кор метавонед маълумоти муфид гиред, вале сирри худро ошкор накунед. Нимаи дуюми рӯз бо асбобҳои тез эҳтиёт шавед, хатари ҷароҳати хурд вуҷуд дорад.
Ақраб (24.10-22.11)
Имрӯз метавонед бо шахси ғайриодӣ шинос шавед. Дар хона аз баҳс худдорӣ кунед, ҳатто ҷанҷоли хурд метавонад калон шавад. Агар ҳадафи дерина доред, имрӯз ба он наздик мешавед. Ба корҳои бегона диққат надиҳед. Аз хароҷоти калон худдорӣ кунед, қарз нагиред. Агар бо варзиш ё парҳез машғул бошед, имрӯз беҳтараш каме истироҳат кунед.
Қавс (23.11-21.12)
Имрӯз ташаббуси зиёд нишон надиҳед. Вохӯрӣ бо дӯсти қадим ё ишқи гузашта хотираҳоро зинда мекунад. Харҷи калон мумкин аст, вале наздикон кӯмак мерасонанд. Агар ба худнамоӣ машғул шавед, рӯз беҳуда мегузарад. Барои қарорҳои ҷиддии корӣ рӯзи мувофиқ нест. Аз шириниҳои зиёд худдорӣ кунед, ғизоро сабуктар интихоб намоед, то меъда озурда нашавад.
Ҷаддӣ (22.12-20.01)
Ба гапҳои дигарон зуд бовар накунед, ба таҷрибаи худ такя кунед. Ҳама масъулиятро ба дӯш нагиред, аҳли хона низ бояд кумак кунанд. Рӯзро ба истироҳат ё худомӯзӣ бахшед. Дар касб пешрафт имконпазир аст, агар бо ҳамкорон муносибатро беҳтар кунед. Даромад меафзояд, қарзҳоро баргардондан мумкин аст. Агар хастагӣ ҳис кардед, ҳатман дам гиред.
Далв (21.01-19.02)
Бозгашт ба муносибатҳои пешинаи ошиқона фикри хуб нест. Ба гуфтугӯи ҷиддӣ омода шавед. Аз хароҷоти калону беандеша худдорӣ кунед. Нороҳатиҳои хурд мегузаранд, хавотир нашавед. Каме истироҳат кунед, ором шавед. Имрӯз асабоният ба шумо лозим нест. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред.
Ҳут (20.02-20.03)
Имрӯз ҳодисае метавонад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад. Ором бошед, шитоб накунед. Шахси дӯстдошта метавонад хоҳиши таъмир ё тағйири хонаро дошта бошад. Рӯз барои ҷустуҷӯи кори нав мувофиқ аст. Маълумоти муҳим ба даст меояд. Корҳое, ки пеш душвор менамуданд, осон мешаванд. Имкони фоида ба даст овардан вуҷуд дорад. Сайругашт назди об ё ҳавз рӯҳия ва ҳолатро беҳтар мекунад.