Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи ором аст, вале баъзе мушкилиҳо пеш меоянд. Имрӯз барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи хуб аст. Вақти бештарро бо хонаводаатон гузаронед. Бештар аз ҳама дар бораи чизҳои муҳим ва зарурӣ андеша кунед. Корҳоеро, ки ҳам барои худатон ва ҳам барои дигарон нороҳаткунанда аст, анҷом надиҳед. Охири рӯз даромади пулӣ дар назар аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Аввали рӯз каме худро нотоб ҳис мекунед. Имрӯз барои иҷрои корҳои гурӯҳӣ, ва нишаст бо ҳамкорон рӯзи мусоид аст. Кӯшишу ғайрат ва вақти худро барои омӯзиш дареғ надоред, зеро он дар оянда ба шумо лозим шуда мемонад. Чизеро, ки ба шумо писанд аст, ба осонӣ аз даст надиҳед. Саломатиатонро эҳтиёт кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи бобарор аст. Барои шумо давраи шукуфоӣ фаро расидааст. Қариб тамоми соҳаҳои фаъолияти касбии шумо рангоранг хоҳад шуд. Аз пешниҳоди маълумоти саҳеҳу дақиқ натарсед. Баъзе зодагони зери ин бурҷ ноумедиро аз худ дур карда наметавонанд. Ҷавзоҳои муҷаррад худро хушбахт ҳис мекунанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз беҳтараш дар ҳама ҳолат бетараф бошед. Агар имкон дошта бошед, бо касе баҳсу моҷароо накунед. Бо вуҷуди он ки ноадолатиро мебинед, ба корҳои дигарон кордор нашавед. Дар акси ҳол дучори муноқишаҳои нодаркор мешавед. Аз пода пеш чанг набардоред, ҳама чиз тибқи нақша бояд бошад. Нисбат ба дигарон ҳаргиз таҳқир ва бадгӯиро раво набинед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз аз натиҷаи меҳнату заҳмати худ лаззат мебаред. Вақте ба назаратон чунин менамояд, ки муваффақият наздик аст, аз роҳатон монеаҳое мебароянд, ки нақшаҳои шуморо вайрон мекунанд. Агар сахт ночор монед, аз коршиносон маслиҳат пурсед. Реҷаи ғизохӯриатонро тағйир диҳед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Аввали рӯз серташвиш меояд. Имрӯз шумо корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед, аммо тавсия медиҳем, ки ба шитобкорӣ роҳ надода, оромона кор кунед. Агар дар ҳаётатон вазъияти ногуворе ба амал омада бошад, пас шуморо лозим аст, ки чизеро тағйир бидиҳед. Боз таъкид мекунем, ки саросема кор кунед, вагарна пушаймон хоҳед шуд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи хуб, вале пур аз рӯйдод аст. Дар ин рӯз сафи дӯстонатон зиёд мешавад, чун шуморо шиносоиҳои нав дар пеш аст. Бояд қобилияти ташкилотчигии худро ба мардум нишон диҳед. Агар бархе аз корҳоятон ҳал нашуданд, рӯҳафтода нашавед. Ҳар кор вақти худро дорад. Наздиконатон ба меҳру муҳаббати шумо эҳтиёҷ пайдо мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз барои оянда нақша тартиб диҳед, аммо дар иҷрои онҳо саросема нашавед. Шумо одат кардаед, ки аз нақша берун кор кунед. Бояд аз ин одати худ даст кашед. Ба коре, ки то охир иҷро карда наметавонед, даст назанед. Барои хариди баъзе чизҳои лозима рӯзи бобарор аст. Ба молу ашёи арзон бовар накунед, фаромӯш насозед, ки арзон бе иллат нест, қимат бе ҳиммат!
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз қавсҳои муҷаррад худро чунон хушбахт эҳсос мекунанд, ки бесобиқа аст. Аниқтараш, онҳо барои худ ҷуфти муносиб пайдо мекунанд. Нисбат ба ҳамагуна тағйирот назари ҷиддӣ дошта бошед. Ҳангоми кор бо ашёҳои тез ва таҷҳизоти барқӣ ҳушёрӣ пеша намоед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, ҳама чиз андоза дорад. Хусусан ширинӣ ҳам!
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи бобарор аст. Имрӯз баъди каме дудилагӣ ба ҳаёти аввала бармегардед. Агар пеши роҳатонро монеае бигирад, барои бартараф кардани он кӯшиш накунед, чун ҳоло вақти ин кор нест. Ҳар қадар вақти худро барои кори муҳим сарф кунед, ҳамон қадар натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда, хурсанд мешавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи хуб аст. Барои оғоз кардани машқҳои ҷисмонӣ рӯзи мусоид аст. Гирифтани рӯза ё парҳез ба шумо имкон медиҳад, ки вазъи саломатиатонро беҳтар созед. Корҳоятон барор мегиранд ва музди меҳнататон зиёдтар мешавад. Пул қарз гирифтанро барои имрӯз тавсия намедиҳем, зеро дар баргардонидан азоб мекашед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Айни замон шуморо лозим аст, ки калимаи “мехоҳам”-ро фаромӯш кунед. Бигзор дар аввал бо калимаи “бояд” кор кунед. Ба варзиш машғул нашавед, вагарна ҷароҳати сахти ҷисмонӣ мебардоред. Зиёдтар об нӯшед, чун организми шумо аз беобӣ азият мекашаду шумо нисбат ба ин бепарво ҳастед.