Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ҳам ба таври табиӣ ва ҳам ба таври рӯҳиву равонӣ фоида мебинед. Маслиҳату машварати дигаронро ҳатман гӯш кунед, ҳатто агар онҳо баду нодаркор бошанд ҳам. Ба нимаи дувуми худ эътимод дошта бошед, зеро ӯ душмани шумо нест ва маслиҳатҳояш ба фоидаи шумо хоҳанд буд.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз қувваи барқро беҳуда барбод надиҳед. Агар хоҳед, ки озод ва бехатар зиндагӣ кунед, пас ба умеди ёрии касе нашуда, худатон ба пеш ҳаракат кунед. Аз истеъмол хӯрокҳои хамирӣ худдорӣ карда, бештар сабзавот ва меваҷот истеъмол намоед. Дар ин ҳол саломатиатон рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯзро шумо тамоми ҳаёт фаромӯш карда наметавонед. Орзуи деринаи худро амалӣ мекунед ва илова бар ин, ба буҷаи шумо умуман зарар намерасад. Вазъи молиявиатон ҳамоно хуб боқӣ мемонад. Қисми зиёди ҷавзоҳо дар вуҷуди худ чизи нав, вале номаълумро кашф мекунанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз дар бораи мушкилиҳои мавҷуда ҷиддӣ фикр кунед, зеро то онҳо ҳал нашаванд, корҳои ояндаи шумо барор намегиранд. Ба атрофиён бовар карда метавонед, зеро на ҳамаи инсонҳо баду бахиланд. Дар муносибатҳои оилавӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо хоҳад буд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз бештари асадҳо ба каждум монанд мешаванд. Неш заданро бас кунеду дигаронро аз худ хафа накунед. Асадҳои оиладорро лозим аст, ки бештар дар фикри ҳамсар ва фарандонашон бошанд. Ба маслиҳати калонсолон гӯш диҳед, ҳатто агар аз рӯйи гуфтаи онҳо амал накунед ҳам.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз тибқи пешгӯии ситораҳо, хароҷоти зиёд мекунед, ки баъдан пушаймон мешавед. Ба ҳамин хотир, рӯйхати чизҳо ё корҳои лозимаро қаблан тартиб диҳед, то харҷи беҳуда накунед. Баъзан интихоби нодуруст карда, аз тақдир гила мекунед, аммо дар асл айби худатон аст, ки беандешагӣ мекунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз на ба эҳсос, балки ба таҷрибаи худ такя намуда, аз пайи ҳалли мушкилиҳо шавед. Пеш аз оне ки сухан мекунед, се маротиба андеша намоед. Аз баъзе нафарон хубие надидаед ва ин маънои онро надорад, ки онҳо бад ҳастанд. Ба хотир оред, ки охирон бор кай ба ҳамсаратон “туро дӯст медорам” гуфта будед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ҳисси тарс ба шумо ғолиб меояд. Агар саломатиатонро эҳтиёт кунед, ба кӯмаки табибон эҳтиёҷ пайдо нахоҳед кард. Ақрабҳои муҷаррад нимаи дувуми худро пайдо кардан мехоҳанд, аммо имрӯз барояшон мусоид нест. Беҳтараш дар ҳалқаи пайвандон бошед ва бо онҳо бештар вақт гузаронед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имрӯз камтар гап занеду зиёдтар гӯш кунед. Мушкилиҳои ҳалталаб бидуни огоҳӣ ва зуд-зуд дар ҳаёти шумо пайдо мешаванд. Қувваи худро ба нафароне, ки арзанда нестанд, сарф накунед. Даромади иловагӣ шуморо имрӯз интизор нест, пас сарфакор бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шуморо зарур аст, ки барои як зина боло рафтан дар ҷойи кор, таҷрибаи пешрафтаи ҳамкасбонатонро аз худ кунед. Агар моҳонаи худро зиёдтар кардан хоҳед, мустақиман бо роҳбарият гуфтугӯ кунед. Кӯшиш намоед, ки худро ба коре андармон кунед, зеро бекорӣ ба фоидаи шумо нахоҳад буд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз воқеае рӯй медиҳад, ки зиндагии шуморо тағйир дода метавонад. Ба ҳар имтиҳони тақдир омода бошед ва кӯшиш кунед, ки барои худ дарсе бигиред. Вақте нафарони соҳибтаҷриба маслиҳат медиҳанду насиҳат мекунанд, ба гапашон ҳатман гӯш кунед. Аз вазъи саломатиатон бехабар намонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар муносибат бо шахси дӯстдошта эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли сар задани муноқиша вуҷуд дорад. Баъзе ҳутҳо рашки беасос карда, дар сари қаҳр қарори нодуруст мебароранд. Барои пешрафти корҳои азимтаре сарфакорӣ накунед, вагарна коратонро аз даст медиҳед.