Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ба одамоне, ки дар паҳлуятон ҳастанд, бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунед. Шояд бахт дур нест, балки шояд хеле наздик бошад. Ба ҳаёти ҷамъиятӣ бетараф набошед, бо аҳли оила ба меҳмонӣ ё ҷамъомад равед. Барои баъзеҳо пешниҳоди кори нав имкон дорад. Даромади иловагӣ ё баргаштани қарз низ эҳтимол дорад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва андеша дар бораи роҳи тайкардаатон.
Савр (20 апрел-20 май)
Барои худ ва шахси дӯстдоштаатон вохӯрии ошиқона ташкил кунед. Дар дил кина нагиред, хафагиҳои кӯҳнаро фаромӯш кунед. Агар аз кори якранг хаста шуда бошед, дар бораи тағйири фаъолият фикр кунед. Қарз гирифтан ё пул додан мувофиқ нест. Ба саломатӣ диққат диҳед, парҳез ва оромиро риоя намоед. Аз асабоният ва ғам дурӣ ҷӯед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Шахси дӯстдоштаатонро бештар таъриф кунед ва қадр намоед. Бо наздикон баҳс накунед, имрӯз барои муноқиша муносиб нест. Дар кор масъулиятшинос бошед, имкони пешрафт доред. Нимаи дуюми рӯз мумкин аст мукофот ё маблағи иловагӣ гиред. Ҳангоми истифодаи асбобҳои техникӣ эҳтиёт кунед, то осеб набинед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Шитоб накунед ва ба ҷараёни зиндагӣ мувофиқ ҳаракат кунед. Имрӯз беҳтараш кори нав оғоз накунед. Аз корҳои хона каме худро дур гиред ва истироҳат кунед. Дар ҷои кор дигарон метавонанд аз меҳнатдӯстии шумо истифода баранд, ҳар дархостро қабул накунед. Эҳтимоли дарди тахтапушт ҳаст, аммо зуд мегузарад.
Асад (23 июл-22 август)
Барои муҷаррадон рӯйдодҳои ҷолиб дар пеш аст. Бо наздикон дағалӣ накунед ва ҳангоми рондани мошин эҳтиёт бошед. Дар бораи навгониҳои касбӣ маълумот гиред, ин ба пешрафтатон кумак мекунад. Эҳтимоли рашк ё баҳси молиявӣ вуҷуд дорад. Ба саломатӣ диққат диҳед ва корҳои вазнинро ба рӯзи дигар гузоред.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Нармӣ ва меҳрубонии шумо имрӯз ҷолиб аст. Барои суҳбатҳои эҳсосӣ омода бошед, гуфтугӯи ошкоро нофаҳмиро кам мекунад. Ба пешниҳоди ҷолиб зуд розӣ нашавед, аввал хуб андеша кунед. Қарз гирифтан мувофиқ нест. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз нӯшокиҳои газнок ва пурхӯрӣ худдорӣ намоед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Эҳтимоли вохӯрӣ бо дӯстдоштаи пешина ҳаст, аммо идомаи ҷиддӣ надорад. Бо наздикон вақти бештар гузаронед. Барои мулоқотҳои корӣ ва имзои ҳуҷҷатҳо рӯзи мувофиқ аст. Аз қарзҳои калон ва корҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Фишори равонӣ метавонад ба саломатӣ таъсир расонад, аз ин рӯ оромиро нигоҳ доред.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар бораи муносибатҳои шахсӣ фикр кунед ва бубинед чӣ мехоҳед. Муносибат бо хешовандон метавонад тезутунд шавад. Ба нақшаи худ содиқ бимонед, то ки корҳоятонро ба охир расонед. Барои соҳибкорон рӯзи пур аз идеяҳои нав аст. Ғизои сабук истеъмол кунед, то мушкили саломатӣ пеш наояд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шахси дӯстдоштаатонро ба ҷои аввал гузоред. Дар кор фаъол ва ҳушёр хоҳед буд, роҳҳои хуби ҳал пайдо мекунед. Аз қаллобон ва қарз гирифтан дурӣ ҷӯед. Реҷаи дурусти рӯзро риоя кунед, хуб истироҳат намоед ва ғизои саривақтӣ истеъмол кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Замони муносиб барои шиносоии нав фаро расидааст, вале сирру асрори шахсиро зуд ошкор накунед. Бо ҳамкорон эҳтиёткорона суҳбат кунед. Имкони даромади иловагӣ ҳаст, онро барои саломатӣ ё зебоӣ сарф кардан мумкин. Барвақт бихобед, то қувва гиред ва аз фикрҳои ғамангез дурӣ ҷӯед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Ба шахси нав имконият диҳед, то худро нишон диҳад. Нимаи дуюми рӯзро барои истироҳат ҷудо кунед. Танқиди роҳбарро ба дил нагиред. То охири моҳ вазъи молиявӣ беҳтар мешавад. Эҳтимоли сардард ҳаст, бинобар ин худро зиёд хаста накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар муносибат эҷодкор бошед, то риштаи муҳаббататон тароват ёбад. Аз дастгирии оила ва роҳбарият бархӯрдор мешавед. Барои нақшаҳои ҷиддӣ замони хуб аст. Даромади пулӣ зиёд мешавад, вале хароҷоти ногаҳонӣ мумкин аст. Барои беҳтар кардани саломатӣ машқ ва парҳезро оғоз кунед.