Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3866

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз ҳиллаву найранг худро дур гиред ва ростиву росткориро аз даст надиҳед, вагарна дучори мушкилиҳое зиёде мегардед. Мардҳо имрӯз бетоқат ва зудранҷ мешаванд. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Боду ҳаворо нигоҳ карда, либос ба бар кунед.   

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз агар сари вақт забони худро нигоҳ надоред, эҳтимол, аз ҷои коратон хориҷ мегардед. Рӯз барои онҳое, ки дар ҳама кор таваккал мекунанд, созгор нест. Аз муноқишаву низоъ дурӣ ҷӯед. Муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён мегиранд, аммо як сирри махфиатон ошкор мешавад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз нафареро танқид карда, хотирашро сахт озурда месозед. Бодиққату эҳтиёткор бошед ва ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Давоми рӯз кӯшиш намоед, ки камтар кор кунед, вагарна бо сабаби зиёд будани корҳоятон нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Бо нафаре, ки қудрати бештар дорад, моҷаро карданро тавсия намедиҳем.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз барои худ умуман вақт ёфта наметавонед. Давоми рӯз ба хонаатон меҳмон меояд ё худатон ба меҳмонӣ меравед. Бонувон масъулияти иловагиро бар дӯш гирифта, аз ин кор даромади хуб ба даст меоранд. Мардҳо бошанд, сабабҳои амалӣ нашудани нақшаву ниятҳои худро меҷӯянд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз асадҳо бо тахт намудани ҳуҷҷатҳои муҳими оилавӣ машғул мешаванд. Маъракаву вохӯриҳо зиёд мегарданд, ба ҳамин хотир, корҳову вохӯриҳои худро пешакӣ ба нақша бигиред, то ба ҳамаашон расидагӣ карда тавонед. Имрӯз хабари таваллуд кардани нафаре аз наздиконатонро шунида, хурсанд мешавед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз хеле зудранҷ мешавед. Аз камтарин гапи дағал ранҷида, гиря мекунеду аз атрофиён дилмонда мешавед. Хусусан, бонувон аз фишори рӯҳӣ эмин монда наметавонанд. Ғаму андӯҳи ошиқонаи сунбулаҳо ба нафаре алоқаманд аст, ки замоне девонавор дӯсташ медоштанду ошиқаш буданд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бемории яке аз нафарони наздикатон боиси ташвишу изтироби шумо мегардад. Мутаассифона, дар оилаатон нофаҳмиҳои зиёд ба миён меоянд. Корҳоятон пеш рафта, даромади хуб ба даст меоред. Ба шумо муяссар мегардад, ки имрӯз қарзҳои худро пурра баргардонед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба хотири шод сохтани хотири наздикон тӯҳфаву армуғони зиёдро ба кор мебаред. Ғамхориву меҳрубонӣ ва самимияти шумо дар ин рӯз зиёд мегардад. Ақрабҳое, ки аз ишқи худ ҷудо шуда буданд, имрӯз имкони оштӣ шудан бо ёри худро пайдо мекунанд. Ғаму андӯҳро аз дил дур созед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз барои таъмири хонаву дар ва таъмини зиндагиатон андаке маблағи бештар сарф мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат мушкилии хурдакаке сар мезанад. Духтарон аз дугонаҳои худ маслиҳат мепурсанд. Мардҳо вақти худро бо дӯстону ҳамсояҳо мегузаронанд. Зиёд инҷиқӣ накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо нафароне робита кунед, ки мушкилиҳои ҷиддии шуморо бояд рафъ созанд. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ масъулияту кордониро аз даст надиҳед. Эҳтимоли ба ғалату иштибоҳ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Пул ва масъалаҳои молиявӣ мушкилии асосии имрӯзаи шумост.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Далвҳое, ки дар ин рӯз нияти оиладоршавиро доранд, дар бораи дӯстдоштаашон ҳаргуна овозаву ғайбатҳои бардурӯғ мешунаванд. Ба хотири он ки як умр ангушти пушаймонӣ нагазед, ба хабарҳои шунидаатон бовар накунед. Бемориҳои музмин дар ин рӯз хурӯҷ мекунанд. Ба реҷаи хоб ва хӯрокхӯрии худ аҳамият диҳед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бештар бо мушкилии дӯстону наздикон машғул мешавед. Бо нафароне, ки дар ҷамъият обрӯву эътибор доранд, муносибати худро бад накунед. Ситораҳо мегӯянд, ҳатто барои нафари наздиктаринатон ба ин кор роҳ надиҳед. Муноқишаҳое, ки давоми рӯз сар мезананд, бо айби шумо рух медиҳанд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД