Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз барои раҳоӣ аз фишори равонӣ беҳтараш бо шахси дӯстдоштаатон ба меҳмонии дӯстони дерина равед. Ин мулоқот эҳсосоти шуморо тоза мекунад. Аз баҳсҳои беҳуда канорагирӣ намоед ва нагузоред мушкилоти ночиз фазои рӯзро тира созанд. Дар мулоқотҳои расмӣ боэҳтиёт бошед. Худро бо ташвишҳои беҳуда азият надиҳед. Субҳонаро ҳатман бихӯред ва бо гулҳои ороишӣ хонаатонро зебо гардонед.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар зиндагии шахсӣ тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад. Рӯз ором ва бидуни ҳодисаҳои ғайричашмдошт мегузарад. Ба баҳсу мунозираҳо ҳамроҳ нашавед, оромона кори худро анҷом диҳед. Фурсати хубест барои барқарор кардани муносибатҳои кӯҳна. Дар бораи беҳтар шудани маош фикр кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Муносибатҳои шумо метавонанд каме якнавохт намоянд, аммо устуворӣ низ оромиш мебахшад. Хабари нохуш асабоният меорад, вале худро идора кунед, вазъ он қадар бад нест. Дар кор нерӯи тоза пайдо мекунед ва метавонед пешрафт намоед. Аз харидҳои беандеша худдорӣ кунед, зеро маблағ зуд тамом мешавад. Имрӯз аз нӯшокиҳои спиртӣ даст кашед, то назорати пурраро аз даст надиҳед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯз барои истироҳат бо дӯстон ва мустаҳкам кардани робитаҳои оилавӣ мусоид аст. Ба наздикон меҳру ғамхорӣ зоҳир кунед, то фазои хона гармтар гардад. Дар кор вазифаҳоро дуруст тақсим намоед ва бо ҳамкорон муносибати хуб нигоҳ доред. Аз амалиётҳои молиявӣ худдорӣ кунед, зеро эҳтимоли зарар вуҷуд дорад. Ба саломатии чашмҳо аҳамият диҳед ва онҳоро хаста насозед.
Асад (23 июл-22 август)
Агар ба наздикон кам таваҷҷуҳ зоҳир кунед, эҳтимоли ранҷиш вуҷуд дорад. Меҳрубонӣ ва таҳаммул робитаҳои хонаводагиро мустаҳкам месозад. Баъд аз нисфирӯзӣ бо одамони зиёд муошират хоҳед кард, бинобар ин шомро барои истироҳат ҷудо намоед. Вазъи молиявӣ ба зудӣ беҳтар мегардад. Агар субҳ дарди сар пайдо шавад, он зуд мегузарад, чойи гарм бо лимӯ муфид аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Пеш аз қабули қарор, махсусан дар масъалаҳои шахсӣ, ҳама ҷонибҳоро бодиққат баррасӣ намоед. Шитобкорӣ метавонад мушкил эҷод кунад. Корҳои хона зиёд мешаванд, вале вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мегардад. Қобилиятҳои худро пинҳон накунед, роҳбарият онро қадр мекунад. Аз хаёлҳои беҳуда дурӣ ҷӯед ва ба воқеият такя намоед. Ба фикрҳои манфӣ роҳ надиҳед, то оромии рӯҳиро ҳифз кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Натиҷаи як рӯйдоди муҳим аз дастгирии шахси дӯстдошта вобаста хоҳад буд. Ба таҷриба ва дониши худ такя кунед. Бо аҳли хонадон мулоим ва ғамхор бошед. Барои рушди шахсӣ машқҳои оромбахш ва назорати эҳсосотро омӯзед. Фикри мусбат шуморо ба комёбӣ наздик мекунад. Агар субҳ дарди сар эҳсос шавад, хавотир нашавед, то нисфирӯзӣ беҳтар мегардад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Шубҳаҳоро канор гузошта, аз имкониятҳои рӯз истифода баред. Шиносоии нав ё эҳёи муносибатҳои кӯҳна ба манфиат хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, эҳсосот баланд аст, бинобар ин аз ҷанҷолҳо дурӣ ҷӯед. Дар кор вазифаҳои ҷиддӣ пеш меоянд, вале шумо аз уҳдаашон мебароед. Барои сармоягузории дарозмуддат фурсат мусоид аст. Ба ғизои солим ва витамини А аҳамият диҳед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз имкони бештар барои изҳори эҳсосоти ошиқона пайдо мешавад. Бо наздикон вақти бештар гузаронед ва аз лаҳзаҳо лаззат баред. Ба кор аз ҳад зиёд машғул нашавед. Тамаркуз ва банақшагирӣ ба шумо дар ҳалли масъалаҳои молиявӣ кумак мекунад. Аз серхӯрӣ худдорӣ намоед, зеро он метавонад ба саломатӣ таъсир расонад. Ҳама корро бо оромӣ анҷом диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Муошират имрӯз нақши муҳим мебозад. Мулоим бошед, аммо мавқеи худро низ ҳифз намоед. Суханони хуб ва таърифҳо рӯҳияро боло мебаранд. Дар кор, махсусан дар соҳаи савдо, эҳтиёткорӣ зарур аст. Метавонед масъалаи баланд шудани маошро баррасӣ кунед. Ба ғизо диққат диҳед ва аз хӯрокҳои шубҳанок худдорӣ намоед, то мушкили меъда пеш наояд.
Далв (20 январ-18 феврал)
Эҳтимол дар интихоби байни ду нафар қарор гиред, ба ҳисси ботинии худ эътимод намоед. Сирре ошкор мешавад, ки шояд писанд наояд. Дар кор бо даста ҳамкорӣ кунед ва ба суханони манфӣ аҳамияти зиёд надиҳед. Даромад метавонад зиёд шавад, вале онро ба ҳама ошкор накунед. Тамаркуз ба вазифаҳо оромии равониро нигоҳ медорад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсоси ғамгинӣ пайдо мешавад, бинобар ин бо шахси дӯстдошта вақт гузаронед. Якҷо филм тамошо кунед ё хӯрок омода созед. Агар коре анҷом диҳед, танҳо ба корҳои сабук машғул шавед. Ҳар хабарро бодиққат таҳлил намоед, зеро на ҳама иттилоъ дуруст аст. Аз нӯшокиҳои ширин ва ғизои тезтайёр парҳез кунед.