Ҳамал (21 март-19 апрел)
Дар ин рӯз бояд сари масъалае майна об намоед, ки аз чӣ гуна ҳал шудани он бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Ба саросемагӣ роҳ надода, дар аввал тамоми ҷиҳатҳои мусбату манфиро санҷида, баъдан амал намоед. Агар шумо то ҳол бахти худро пайдо накарда бошед, имрӯз имкони дидори тақдирсоз вуҷуд дорад. Барои онҳое, ки алакай дар муносибати ошиқона қарор доранд, ин рӯз метавонад сюрпризҳо дошта бошад.
Савр (20 апрел-20 май)
Бо нафароне, ки аз таъсирашон зиндагиву коратон вобастагӣ дорад, низоъ накунед. Дар ҳама ҳолат худро аз ҷиҳати хуб нишон дода тавонед. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем. Рӯзи мусоид барои мулоқотҳои ошиқона аст. Имкониятҳои нав барои болоравии касбӣ пеш меоянд. Вазъияти молиявӣ устувор аст, аммо зимни харидкунӣ бодиққат бошед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Тамоми рӯзро бо баҳсу мунозираи бемаънӣ сипарӣ менамоед. Одати исбот намудани ҳар сафсаттаро, ки худатон ба ҳақиқат доштанаш чандон бовар надоред, аз худ дур созед, вагарна хандахариши атрофиён мегардед. Имрӯз мулоқотҳои ошиқона метавонанд бо эҳсосоти мусбат ҳамроҳ бошанд. Аммо аз рӯирост гап задан худдорӣ кунед, то ҳамсуҳбатро наранҷонед. Ҷавзоҳои муҷаррад метавонанд шиносоиҳои ҷолиб дошта бошанд.
Саратон (21 июн-22 июл)
Дар ин рӯз бе ягон кӯшишу ғайрат тамоми корҳоятон аз рӯйи нақша амалӣ мегардад. Тамоми рӯз тартибот ҷорӣ гашта, ягон ҳодиса наметавонад садди роҳи кору нақшаҳоятон гардад. Дар баробари ин воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд. Имрӯз барои беҳтар сохтани робитаҳои оилавӣ ва мулоқотҳои ошиқона мувофиқ аст. Шояд аз шахси наздик як сюрпризи гуворо гиред.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз сарчашмаи сарфшавии маблағҳоятонро пайдо месозед. Хуб мебуд, ки роҳҳои исрофкориро маҳкам намоеду садди роҳи пулсарфкунӣ шавед, вагарна рӯзҳои наздик аз бепулӣ сахт азият мекашед. Имрӯз фурсати хубест барои баён кардани эҳсосот ва мустаҳкам намудани муносибатҳо. Асадҳои танҳо шояд бо шахси ҷолибе вохӯранд.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Ба корҳои хатарноку шубҳаомез ҳамроҳ нашавед. Аз роҳу равиши санҷидашуда истифода бурда, дар муддати кӯтоҳ комёб мегардед. Ин қоидаро ҳам дар тиҷорату ҳам рӯзгор ва робита бо одамон риоя намоед. Имрӯз муносибатҳо метавонанд боз ҳам самимитар шаванд. Сунбулҳои муҷаррад шояд ба нафаре изҳори муҳаббат мекунанд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Дар ҳалли масъалаи муҳиме дудила мешавед. Ҳар як қадами худро андешида гузоред. Баъди он ки сари қароре омадед, аз шубҳаву дудилагӣ осоре намемонад ва касе наметавонад шуморо аз роҳ гардонад. Имрӯз мулоқотҳои ошиқона бобарор хоҳанд буд. Вазъи молиявӣ ором аст, аммо аз харидҳои калон худдорӣ намоед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз масъалаи муҳимеро ҳал карданатон лозим меояд, ки аз он натиҷаи кори одамони зиёде вобастагӣ дорад. Дар ин рӯз аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намоед, вагарна ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Дар давоми рӯз ба ниёзмандон кумак расонидан мехоҳед. Агар дӯстдоштаатон аз шумо ранҷида бошад, зудтар хатои худро ислоҳ кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз имкони дар амал татбиқ намудани ақидаву нақшаҳоятон фароҳам меояд. Вақте расидааст, ки барои ободиву таъмири хона фикр кунед. Дар ҳама кор ба садои қалби худ гӯш андозед. Барои муайян намудани ҳақиқат бо баъзеҳо даст ба гиребон мешавед. Дӯстдоштаатон аз шумо туҳфаи дигарро интизор буд, аз ин рӯ ранҷиданаш имкон дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Дар ин рӯз саломатиятон хубу табъатон болида мегардад. Дилатон майли бо дӯстону наздикон дилхушӣ кардан мехоҳад. Бо вуҷуди хушҳол буданатон ҳам эҳсосоти худ ва ҳам аз дигаронро идора карда метавонед. Агар гирифтори зуком шуда бошед ё шамол кашидаед, рӯзро дар хонаи гарм гузаронед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз бо неруи дучанд ба кор мечаспед. Қобилияти кориятон баланд гашта, нақшаҳоро амалӣ месозед. Ин рӯзро барои расидан ба муваффақият истифода бубаред, вале дар хотир доред, ки барои кори бештар имконият доред. Эҳтимоли шамол хӯрдану гирифтори зуком шуданатон имконпазир аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз баҳсҳои молиявӣ имкон доранд. Агар мушкилиҳои пулиятон алакай чанд муддат давом дошта бошанд, аз он нагурезед, беҳтараш асаби худро эҳтиёт намоед. Дар акси ҳол муноқиша рух дода, хеле тӯл мекашад. Ба ҳар кор дахолат накунед, хусусан ба корҳое, ки умуман ба шумо дахл надоранд.