Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои ҳамалҳо рӯзи душвор аст, аксарият бо душворӣ ба кор мераванд. Ба шумо маслиҳат намедиҳем, ки аз зиндагӣ ноумед шавед. Ба корҳои пештараатон машғул шуда, ғаму дарди ишқро фаромӯш мекунед. Ӯҳдадориҳои навро бар дӯши худ бор карда, ба худ дарди сар нахаред.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз танбал набошеду ҳар гуна орзуву хаёлҳои хомро аз сар дур кунед. Саврҳои оиладор бо яке аз наздикони ҳамсарашон муноқиша мекунанд. Дар ин маврид ба шумо оромиро тавсия медиҳем. Ба шубҳа ва бадгумонӣ роҳ надода, ба сухани наздикони худ бовар кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Нерӯи худро имрӯз беҳуда барбод надиҳед. Барои ба мақсад расидан кӯшиш кунед, ки роҳи дурустро интихоб намоед. Бо нафарони ношинос ишқварзӣ накунед, вагарна оқибат дучори мушкиливу душвориҳо мегардед. Беҳтараш, муҳаббати аслии худро ба нафаре бахшед, ки арзандаи шумо бошад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз вазъи молиявиатон бад мешавад. Рӯҳафтода нашуда, аз дӯстони наздики худ кӯмак пурсед. Кӯшиши гирифтани қарз аз бонкро накунед. Саратонҳои ошиқ имрӯз ошиқтар мешаванд. Агар оинаро дар хоб дида бошед, ин маънои онро дорад, ки шумо ба наздикӣ оила барпо мекунед.
Асад (23 июл-22 август)
Дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ дода, рӯҳияатон нохуб мешавад. Дар умум, рӯз бароятон душвор паси сар мешавад. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, чанд ҳафта шуморо тарк намекунанд. Тани танҳо истироҳат кунед. Шомгоҳон аз дӯсти наздикатон хабари хуш мешунавед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Аз афроди бадкирдору бадхоҳ худро дур гиред. Нисбати атрофиён дасткушоду саховатпеша бошед, вале кӯшиш кунед, ки ба доми макру фиреби баъзеҳо наафтед. Дар бораи ояндаи худ зиёд фикр накунед, зеро имкониятҳои муваффақ шуданро аз даст медиҳед. Даромади иловагӣ дар назар нест.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар ғами саломатиатонро хӯрда, аз одатҳои бадатон даст кашед, аз нохушиҳои зиёде халос мешавед. Мизонҳое, ки мақсади оила барпо кардан доранд, бояд нисбати дӯстдоштаашон меҳрубонтар бошанд. Дар бораи вазъи молиявиатон зиёд фикр накунед, вагарна бемор хоҳед шуд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки муносибати худро бо нафароне, ки қаблан ҷанг карда будед, беҳтар созед. Барои ҳалли мушкилиҳои имрӯза қувваатон кофӣ аст. Ақрабҳои оиладор бояд дар фикри ояндаи хеш бошанд. Вазъи саломатии мардҳо шомгоҳон каме нохуб мешавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзатон бо шунидани хабари хуш оғоз ёфта, бо табъи болида ба кор меравед. Агар хоҳед, ки дар ҷодаи ишқу муҳаббат устувор бошед, нисбати дӯстдоштаатон сахтгирӣ накунед. Зеро рашки беҳуда ба ҷудошавӣ оварда мерасонад. Маблағи пулиеро, ки ба даст меоред, сарфакорона истифода баред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз бо нафаре вомехӯред, ки шуморо дар роҳи тиҷорат дастгирӣ мекунад. Ба одамони атроф боварӣ дошта бошед. Аз вохӯрии ошиқонаи имрӯза қаноатманд мешавед. Корҳои муҳимро то шом ба анҷом расонед ва нисбати бемории зуком беаҳамиятӣ зоҳир накунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз бояд масъалаи муҳимеро ҳал кунед. Агар аз ӯҳдааш бароед, на танҳо касбу коратон пеш меравад, балки вазъи молиявиатон низ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Сирру асрори худро ба ҳар шиносу ношинос фош накунед. Агар ба мушкилӣ тоб оварда наметавонед, пас даст ба корҳои номатлуб назанед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар ҳаёти худ ҳеҷ навгониеро интизор нашавед. Каме нотоб мешавед, бинобар ин, ба пурхӯрӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед. Дар ҷодаи муҳаббат рақиб пайдо мекунед. Ин ҷо дӯстдоштаатон тамоман гуноҳ надорад. Дар масъалаҳои пуливу молӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.