toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
1452

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шарики худро барои он ки эҳсосоташро камтар нишон медиҳад, маломат накунед. На ҳар кас муҳаббатро бо сухан ё амалҳои зиёд ифода мекунад, аммо ин маънои набудани ҳиссиётро надорад. Агар имкон бошад, ба дидори хешу табор ё дӯстон равед, эҳтимол хабарҳои муҳим мешунавед. Барои одамони эҷодкор рӯзи хеле муваффақ аст. Имкони пешравӣ дар кор ва беҳтар шудани вазъи молӣ вуҷуд дорад. Каме варзиш ҳам ба шумо фоида меорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Ба нокомиҳои гузашта зиёд аҳамият надиҳед ва худро ба шубҳа гирифтор насозед. Оянда ҳанӯз аз пеш аст ва шумо метавонед шахси муносибро пайдо кунед. Имрӯз барои мустаҳкам кардани муносибатҳои оилавӣ хеле мувофиқ аст. Ба наздикон меҳру ғамхорӣ нишон диҳед. Дар кор ба ҳадафҳои худ диққат диҳед ва бо боварӣ амал намоед. Аз ҳад мустақил будан метавонад ба муносибатҳои корӣ таъсири манфӣ расонад. Рӯз барои банақшагирии молиявӣ хеле хуб аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз барои лаҳзаҳои ошиқона ва суҳбатҳои самимӣ хеле муносиб аст. Шоми ором метавонад муносибатҳоро гармтар кунад. Рӯз барои истироҳати фаъол, варзиш ва вохӯриҳо низ мусоид аст. Шояд яке аз мушкилоти рӯзгорро ҳал кунед. Дар кор шуморо таъриф мекунанд, аммо подоши молӣ дертар мерасад. Бо пул эҳтиёт бошед, эҳтимоли талафот вуҷуд дорад. Аз муомилаҳои шубҳанок худдорӣ намоед ва ба худ каме истироҳат диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар муносибатҳои шахсӣ нофаҳмиҳои хурд пайдо шуданаш мумкин аст, аммо онҳоро ҷиддӣ нагиред. Бо сабру хирад амал кардан беҳтар аст. Имрӯз метавонад дар кор тағйироти мусбат ба вуҷуд ояд ва ҳатто пешниҳоди вазифаи нав гиред. Пеш аз қабул кардан ҳама ҷонибҳоро бодиққат баррасӣ намоед. Хароҷотро кам кунед ва кори нав оғоз накунед. Истироҳати ором, китобхонӣ ё суҳбати хуб ба шумо қувва ва рӯҳияи мусбат мебахшад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ рӯйдодҳои хуш имкон доранд. Эҳтимол шахси дилписанд шуморо ба вохӯрӣ даъват кунад. Барои оиладорон корҳои марбут ба хона пеш меоянд. Рӯз барои музокира ва гуфтугӯҳо хеле хуб аст, сухандонии шумо дигаронро бовар мекунонад. Метавонед аз дастгирии дӯстону ҳамкорон истифода баред. Аммо дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед. Агар худро бад ҳис кунед, ба духтур муроҷиат карданро ба таъхир нагузоред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз имконият доред мушкилоти ҷиддиро ҳал кунед ё хатогиҳои гузаштаатонро ислоҳ намоед. Шиносоии нав ё эҳсосоти тоза низ имконпазир аст. Рӯз барои корҳои хизматӣ мувофиқ аст, ҳамкорӣ бо дигарон натиҷаи хуб медиҳад. Муҳим аст, ки ҳадафҳои худро дуруст муайян кунед. Ба саломатии худ аҳамият диҳед: машқҳои саҳаргоҳӣ ё сайругаштро оғоз кунед. Агар имкон бошад, ба машғулиятҳои варзишӣ машғул шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои расидан ба ҳадафҳои худ устуворӣ нишон диҳед. Имрӯз имкони аз нав баррасӣ кардани таҷрибаи гузашта пайдо мешавад. Кӯшиш кунед эҳсосоти манфиро идора намоед. Муносибатҳои оилавӣ метавонанд ҷолибтар шаванд, агар каме навоварӣ илова кунед. Дар ҷои кор серкор мешавед, шояд хатоҳои дигаронро ислоҳ кунед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Бо оромӣ амал кунед ва кӯшиш намоед тавозуни дохилиро нигоҳ доред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз беҳтараш эҳсосоти ошиқонаи худро пинҳон накунед. Ростқавлӣ ба муносибатҳо гармӣ мебахшад. Ба калонсолони оила диққат диҳед, шояд ба дастгирӣ ниёз дошта бошанд. Дар кор муносибат бо ҳамкорон хуб мешавад ва ин ба шумо фоида меорад. Барои танҳоӣ ва барқарор кардани нерӯ вақт ҷудо кунед. Аз корҳои беҳуда ва бозиҳои тасодуфӣ дур бошед. Рӯзро ором гузарондан барои саломатии шумо беҳтар аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳсоси иштирок дар моҷаро пайдо мешавад, аммо беҳтараш худро нигоҳ доред. Наздикон метавонанд шуморо аз қарорҳои нодуруст боздоранд. Эҳтимол суҳбати ҷиддӣ бо шарик рух диҳад, ки ба равшан шудани масъалаҳо кумак мекунад. Аз корҳои душвор худдорӣ намоед, зеро диққат парешон мешавад. Бо пул таваккал накунед. Рӯз ором мегузарад ва ба шумо имкон медиҳад, ки ҳам кор кунед ва ҳам хуб истироҳат намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз имконият доред шахси дӯстдоштаатонро хушҳол созед. Масалан, бо як туҳфаи хурд ё таваҷҷуҳи самимӣ. Гарчанде дилатон истироҳат мехоҳад, корҳои хонагӣ диққати шуморо талаб мекунанд. Дар кор имкони пешрафт ва беҳтар шудани вазъи молӣ вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед ҳама масъулиятро танҳо ба дӯш нагиред, кори дастаҷамъона беҳтар аст. Варзиш кунед, аммо сарбориро тадриҷан зиёд намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар танҳо бошед, дар хона нанишинед. Ба сайругашт ё чорабиниҳо равед, зеро дар ҷойҳои серодам имкони шиносоии нав зиёд аст. Дар муносибатҳои ошиқона камбудиҳои шарикро бо фаҳмиш қабул кунед. Рӯз барои кор хеле хуб аст, қарорҳои муҳим қабул мекунед ва мавқеи худро мустаҳкам месозед. Дар масъалаҳои молӣ бахтатон меорад. Аз хастагӣ эҳтиёт шавед, истироҳат ва табиат ба шумо қувва мебахшанд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз каме душвор буда, муносибатҳои шахсӣ санҷида мешаванд. Ба хулосаҳои шитобкорона наоед. Беҳтараш вақтро ба худ бахшед ва ором фикр кунед. Шиносҳои нав метавонанд дар ёфтани кор кӯмак кунанд, аммо бештар ба қувваи худ такя намоед. Шумо метавонед маълумоти муҳим ба даст оред, вале асрори худро зуд ошкор насозед. Аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт кунед ва аз таҷҳизоти ноқис дурӣ ҷӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД