formula feb 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2025
1793

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтимоли сар задани нофаҳмиҳо бо шарики ҳаётӣ зиёд аст, шояд ҳардуятон ба насиҳат ниёз доред. Шумо тамоми неруро ба кор равона кардед, вале корҳои хонавода бетаваҷҷуҳ монданд. Инро ислоҳ кунед. Дар касбу кор атрофиён кумак мекунанд, вале масъулиятро пурра ба дигарон нагузоред. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед. Хастагӣ ва асабоният эҳтимол дорад, бепарвоӣ ба депрессия мебарад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз муҳаббатро метавон дар ҳар ҷо ёфт, ҳам дар интернет, ҳам дар ҳаёти рӯзмарра. Нигоҳи бисёре ба шумо ҷалб мегардад. Дар хона ҳаводиси нохуш эҳтимол дорад. Дар кор ба шарофати устувориятон муваффақ мешавед. Пас аз нисфирӯзӣ тағйироти ғайричашмдошт рух медиҳад. Агар шароити молиявӣ писанд нест, ҳоло вақти тағйири касб аст. Дар парҳез эҳтиёт кунед, вазни зиёдатӣ гирифтанатон имонпазир аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ба ҷангу низоъ роҳ надиҳед, вагарна шахси наздикро аз даст медиҳед. Мулоим бошед. Энергияи зиёд метавонад ба хашм мубаддал шавад, худро идора кунед. Имрӯз вақти хубест барои тағйири касб. Кори охирон натиҷа медиҳад, каме дам гиред. Фишори рӯҳӣ эҳсос мешавад, аз чизҳои нолозим асабӣ нашавед, зеро стресс метавонад саломатиро хароб кунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳиссиёти ошиқонаатон меафзояд, шумо дар осмонҳо парвоз доред. То нисфирӯзӣ диққати дигаронро ба худ ҷалб мекунед. Фурсате барои барқарорсозии муносибатҳо фароҳам мешавад. Имрӯз корҳои пурмасъулиятро ба таъхир андозед. Орзуи харидани хонаи нав ё мошин амалӣ мегардад. Аз шахсоне, ки неруи шуморо мекашанд, дурӣ ҷӯед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар муҳаббат тағйироти ногаҳонӣ ба фоидаи шумост. Рӯз барои мулоқот, сафар ва шиносоӣ мувофиқ аст. Хабаре ногаҳон метавонад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад. Дар кор пурэнергия ва фаъол ҳастед, эҳтимоли ҳасад дар атроф зиёд мешавад. Агар мехостед чизеро дигар кунед, имрӯз амал кунед! Баъзе рӯйдодҳои охирон метавонанд бехобиро ба бор оранд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шояд имрӯз бо шахси ҷолиб шинос шавед, эҳтимол ин ҳамон шахси табъи дилатон бошад. Барои оиладорон вақти истироҳати якҷоя фаро расидааст. Имрӯз чандин масъулият рӯи дӯши шумост, диққат ва эҳтиёт лозим аст. Наздик аст ки мукофоти хуб гиред. Хабарҳои манфӣ табъи шуморо хира месозанд, вале шояд онҳо асосе надошта бошанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯз пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт аст, оромиро нигоҳ доред. Гапу калочаҳоро нодида гиред. Танҳо сайругашт ва сафари кӯтоҳ фоидабахш аст. Ба наздикон дӯстдоштаатонро нишон диҳед. Масъалаи пешравиро дар зинаҳои мансаб бо роҳбар аниқ кунед. Имрӯз эҳтимоли хатарҳо зиёд аст, вале ҳиси қалб шуморо фиреб намедиҳад. Қувватро захира кунед, вақти муноқиша нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҷодаи муҳаббат каме ақибнишинӣ кунед, вагарна иштибоҳҳои ҷуброннопазир рух медиҳанд. Ғазабатон пасттар, муноқишаҳо кам мешаванд. Аз суҳбат нагурезед. Шумо дар кор хеле фаъол ҳастед, дарк кунед, ки на ҳама ба суръати шумо мерасанд. Аз пайи даромади осон нашавед. Агар ба майли дил амал накунед, ба асабатон таъсир мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо шарики ҳаётӣ нофаҳмиҳо зиёд мешаванд. Нисфирӯзиро ба худ бахшед: истироҳат, намоишгоҳ ё гаштугузор. Имрӯз имконияти ба даст омадани фоидаи молиявӣ дар назар аст. Аммо даромади бузург интизор нест, хароҷотро бо даромад мувофиқ кунед. Шояд шамол хӯред, аз нақлиёти ҷамъиятӣ худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҷодаи муҳаббат вақти номусоид аст. Имрӯз шиносоии нав метавонад барои оянда даркор шавад. Бо наздикон нофаҳмиҳо имкон доранд, сабрро фаромӯш накунед. Корҳо ногаҳон зиёд мешаванд - хастагӣ эҳсос мешавад. Аз ҳаргуна харидҳои калон худдорӣ намоед. Ба варзиш рӯ оваред.

Далв (21 январ-19 феврал)

Муносибати дӯстонаро бо муҳаббат омехта накунед. Дӯстдоштаи ҳақиқиятон ҳанӯз пайдо нашудааст. Агар дар муносибатҳо нофаҳмӣ эҳсос кунед, кунҷи танҳоӣ интихоб кунед. Имрӯз асабатон ноором аст. Вақт ва неруятон ба корҳое сарф мешавад, ки ногаҳон сар мезананд. Бо аҳли хона маслиҳат кунед, роҳҳои нави даромад ҷӯед. Ба парҳез диққат диҳед, неруятон кам аст.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар ягон кор шитоб накунед. Бо калонсолони хонавода муноқиша имконпазир аст, эҳтиромро фаромӯш накунед. Ба маслиҳатҳои дӯстон такя накунед, ба хости дил амал кунед. Барои муваффақият каме талош лозим аст. Аз шахсе, ки аз дастовардҳои шумо ҳасад мебарад, эҳтиёт шавед. Имрӯз маслиҳати арзишманд мешунавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД