Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз иҷрои ҳар кори муҳимро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Баъзе дӯстонатон ба кӯмаки молиявии шумо ниёз пайдо мекунанд. Агар имконият дошта бошед, ҳатман дасти мадад дароз кунед. Ба васвасаҳо дода нашуда, дар ҷойи кор бо нафаре ишқварзӣ накунед, чун оқибати хуб надорад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ситораҳо тавсия медиҳанд, ки аз ташриф ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоед. Эҳтимоли сар задани якчанд камбудӣ дар ҷойи кор вуҷуд дорад, аммо шумо ҳамаашро бартараф карда метавонед. Аз хатоҳо сабақ гиред ва барои муваффақ шудан роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ намоед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо ҳамсояҳои худ муноқиша мекунед. Сабаби ҷангу нофаҳмиҳои шумо таъмири ким кадом як техника гуфта мешавад. Некбинӣ ва табъи болидаи худро кӯшиш кунед, ки аз даст надиҳед. Корҳои зиёдро ба ӯҳда нагиред ва танҳо аз пайи иҷрои амалҳое бошед, ки дар ҳоли ҳозир заруранд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои иҷрои корҳое, ки нерӯи зиёдро талаб мекунанд, рӯзи хуб аст. Дӯстони наздикатон кӯшиш мекунанд, ки шуморо ба дасиса ва задухӯрдҳои худ ҷалб созанд, аммо шумо худро канор гиред, беҳтар аст. Обу ҳавои тирамоҳро нигоҳ карда, мувофиқи он корҳоятонро ба нақша гиред.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки эҳсоси худро таҳти назорат гиред. Ба кӯмаки ҳуқуқшиносони ботаҷриба эҳтиёҷ пайдо мекунед. Даромади иловагии пулӣ дар назар нест, беҳуда умед набандед. Бемориҳои кӯҳна дубора хуруҷ мекунанд, бинобар ин, дар ҳолати омодабош қарор дошта бошед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз на аз рӯйи гуфтаи дигарон, балки бо ақли худ кор кунед. Бепарвоиятон сари шуморо ба бало гирифтор мекунад. Барои аз ин вазъияти бад халос шудан, фавран чорае андешед. Ба нафароне, ки дар гирду атрофи шумо будан мехоҳанд, имконият диҳед, ки наздиктар шаванд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Давоми рӯз дар суҳбат бо наздиконатон сабукӣ карда, хотири онҳоро озурда накунед. Баъзе сирҳои ниҳонатон ошкор шуда, муносибататонро бо баъзе нафарон тағйир медиҳад. Барои оғоз кардани тиҷорат ва қабул кардани қарорҳои муҳим рӯзи нек аст. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз машқҳои ҷисмонӣ ба саломатӣ таъсири хуб мерасонанд. Аз корҳои дастаҷамъӣ нагурезед, зеро он на фақат ба дигарон, балки ба худи шумо низ фоида меорад. Худбоварӣ ба шумо имкон медиҳад, ки зинаҳои баландтарро фатҳ намоед. Шом хабари хуш мешунавед ва оромона мехобед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз рӯзи масъалаҳои бузург ва ҷиддӣ аст. Бинобар ин, шумо бояд бодиққат бошед. Хастагиро эҳсос кунед ҳам, корҳоятонро ба таъхир нагузоред. Вазъи молиявиатон хуб мешавад ва чанд муддат азоби бепулӣ намекашед. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, имрӯз ҳангоми ҳаракат боэҳтиёт бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯз барои ташриф овардан ба кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳаммом хеле муфид аст. Хастагиҳо рафъ шуда, болидарӯҳ мегардед. Баъзе ҷаддиҳо агар ҳамин хел бепарво зиндагӣ кардан гиранд, бисёр шансҳоро аз даст медиҳанд. Нафарони муҷаррад бояд аз пайи бахти худ бошанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Эҳтимоли шамол хӯрдану зуком шуданатон зиёд аст, бинобар ин, либоси ғафс пӯшида, худро эҳтиёт кунед. Аз нафароне, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, дурӣ ҷӯед. Барои пайдо кардани даромади иловагӣ роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ кунед. Шаб хоби даҳшатнок мебинед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ҳутҳои кордону чаққон соҳиби кори нав ва маоши хуб мешаванд. Нафарони ошиқро зарур аст, ки дарди дили дӯстдоштаи худро гӯш кунанд. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамён ё ҷузвдони худро эҳтиёт кунед, то чизи қимматбаҳоеро аз даст надиҳед.