Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳсосоти шумо хеле пурқувват мешавад. Аз баён кардани ҳиссиёти худ натарсед. Бо вуҷуди ин, шахси дӯстдошта метавонад каме асабӣ ё худхоҳ рафтор кунад ва ба шумо ташвиш оварад. Кӯшиш кунед ба сухани одамони ростгӯ гӯш диҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкони беҳбудӣ пайдо мешавад. Барои саломатӣ бештар сайругашт кунед, варзиш намоед ва ба ғизои солим аҳамият диҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар зиндагии шахсӣ имрӯз баъзе нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Эҳтимол мушкиле такрор шавад, ки қаблан ҳам доштед. Худро қурбонии вазъият нишон надиҳед ва бо оромӣ роҳи ҳалли масъалаҳоро ҷӯед. Агар бо ҳамсоя ё шинос баҳс пеш ояд, онро ба ҷанҷол нарасонед. Нақшаҳоро аз ҳад зиёд зиёд насозед. Имкони зиёд шудани даромад ё муомилаи муфиди молӣ вуҷуд дорад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Онҳое, ки танҳоянд, имрӯз шиносоии ҷолиб метавонад нигоҳашонро ба муҳаббат дигар кунад. Барои беҳтар шудани муносибатҳои оилавӣ каме тағйири муҳит муфид аст. Рӯз барои оғоз кардани кори нав мусоид мебошад. Шумо метавонед қобилият ва донишҳои худро нишон диҳед. Агар аз зеҳни тез ва таҷрибаи худ истифода баред, вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Аз асабоният ва изтироби зиёд худдорӣ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз кӯшиш кунед аз ғайбат ва баҳсҳои бефоида дурӣ ҷӯед, то обрӯи худро ҳифз намоед. Давраи муносиб барои тағйири муносибатҳо ба марҳилаи ҷиддитар фаро мерасад. Шояд ба зудӣ нақшаи истироҳат ё сафар пайдо шавад. Барои онҳое, ки баъзан аз ҳад зиёд харҷ мекунанд, эҳтимоли мушкили хурди молиявӣ вуҷуд дорад. Агар рӯҳияатон каме паст шавад, бо дӯст ё наздикон бештар муошират кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шумо дар маркази диққати атрофиён қарор мегиред. Муошират бо дигарон ба шумо шодӣ мебахшад ва эҳтимол шиносоии нав пайдо шавад. Рӯзро беҳтараш дар ҳалқаи оила ё дӯстони наздик гузаронед. Барои пешрафт ҳадафи равшан гузоред ва ба сӯи он устуворона ҳаракат кунед. Бо вуҷуди меҳнати зиёд, масъалаи даромад метавонад шуморо ба андеша барад. Кӯшиш кунед манбаи иловагии маблағ пайдо намоед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз қобилияти эҷодии шумо баланд мешавад. Шояд имкони ислоҳ кардани баъзе мушкилоти ошиқона пайдо гардад. Рӯз барои баҳс ва фишор овардан ба дигарон мувофиқ нест. Агар бо касе нофаҳмӣ дошта бошед, беҳтараш оштӣ шавед. Дар кор баъзе нобарориҳо эҳтимол доранд, ки шуморо каме ноумед месозанд. Кӯшиш кунед маблағро барои рӯзҳои зарурӣ пасандоз намоед. Варзиш ва истироҳати фаъол ба саломатӣ фоида меорад.
Мизон (23 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта нофаҳмӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Кӯшиш кунед инро ба дил наздик нагиред ва оромиро нигоҳ доред. Дар корҳои хона аз шумо кумак талаб мешавад ва барои ин меҳнат миннатдорӣ хоҳед гирифт. Дар касбу кор рӯз каме пурташвиш аст, бинобар ин вазъиятро дуруст арзёбӣ кунед. Барои муваффақият дипломатия нишон диҳед. Ҳадафҳои молиявии худро равшан муайян намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои шахсони танҳо имкони шиносоии ошиқона пайдо мешавад. Ба атроф бо диққат назар кунед, шояд бахти шумо наздик бошад. Кӯшиш кунед бо наздикон камтар баҳс кунед, зеро онҳо пуштибони асосии шумо мебошанд. Дар кор вазъият тадриҷан беҳтар мешавад ва эҳсоси оромӣ бармегардад. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед. Барои саломатӣ машқҳои ҷисмонӣ ва ҳаракат бештар муфид хоҳанд буд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар зиндагии шахсӣ тағйироти ҷолиб имкон дорад. Аммо беҳтараш хушбахтии худро ба ҳама нақл накунед, то ҳасади дигарон ба миён наояд. Дар муносибатҳои оилавӣ каме сардӣ эҳсос мешавад, ки сабабаш шояд худи шумо бошед. Барои расидан ба ҳадаф дониш ва таҷрибаи бештар лозим аст. Ба худомӯзӣ вақт ҷудо кунед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳтимоли шиносоии гуворо бо шахси ҷолиб вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед ин имкониятро аз даст надиҳед. Агар имкони истироҳат надошта бошед, худро ба кор машғул кунед — ин шуморо аз баҳсҳои нолозим дур нигоҳ медорад. Рӯз барои иҷрои корҳои муҳим хеле мувофиқ аст. Бо вуҷуди ин, мушкили молиявӣ низ ба вуҷуд омада метавонад. Барои саломатӣ бештар истироҳат кунед ва хоби кофӣ гиред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз вохӯриҳо ва шиносоиҳои ҷолиб дар пешанд. Муоширати самимӣ бо дӯст метавонад фикрҳои шуморо равшан кунад. Ба худ ва қобилиятҳои худ бештар бовар кунед. Пеш аз оғоз кардани кори нав имкониятҳои худро дуруст арзёбӣ намоед. Дар фаъолияти тиҷоратӣ давраи фаъол фаро мерасад, аммо қарорҳои молиявиро бо эҳтиёт қабул кунед. Барои саломатӣ аз ғизои равғанин дурӣ ҷӯед ва бештар дар ҳавои тоза бошед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимол баъзе мушкилоти шахсӣ ҳал шаванд. Баъзе одамон метавонанд орзуҳои деринаи худро амалӣ созанд. Аммо дар ояндаи наздик эҳтимоли баҳсҳо вуҷуд дорад, махсусан дар ҷойҳои фароғатӣ. Сабру таҳаммул ва муносибати нарм ба шумо фоида меорад. Дар касбу кор эҳтироми роҳбарият метавонад ба пешрафти касбӣ мусоидат кунад. Агар фақат ба хаёл дода шавед, дар масъалаҳои молиявӣ хато кардан мумкин аст.