Formula september
Толеъномаи 14 январи 2020, сешанбе
2137

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бештар ташаббус нишон доданатон лозим меояд. Бо нафарони аз шумо калонсол ё соҳибвазифа баҳсу мунозира карданатон имконпазир аст. Яку якбора хурӯҷ намудани бемориҳои музмину куҳна шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Эҳтимоли бемор шудани сар, чашм, пой ва ғадуди зери меъда дар назар аст. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, ба навгонӣ роҳ доданро тавсия намедиҳем.

Савр (21 апрел-22 май)

Барои он ки саломатиятон ташвиш надиҳад, ҷисми худро аз витаминҳо шодоб гардониданатон лозим асту асабро ором нигоҳ доштан. Дар сурати ба талаботҳои ҷисм диққат надодан эҳтимоли сар задани бемориҳои мубодилаи моддаҳо дар назар аст. Майлу хоҳиши харидорӣ намудани чизҳои қиматбаҳоро мекунед. Мутаассифона, айни замон ба хароҷоти калон роҳ доданатон лозим нест, эҳтимоли он ки мол ё ашёи харидаатон ба худатон писанд намеояд, хеле зиёд аст.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

На ҳамаи корҳои оилавиро ба осонӣ анҷом дода метавонед, айни замон дар хонадонатон муноқишаву мушкилиҳо имкон дорад. Агар пештар бемориҳои чашм ва дилу рагҳои хунгардро аз сар гузаронида бошед, ҳушёриро аз даст надиҳед. Хастагии аз ҳад зиёд шуморо аз по афтонида метавонад. Шитобкорӣ ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ расонида, ҳатто боиси хисороти ҷиддӣ мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи хубест барои шиносоӣ, аз он ҷумла шиносоиҳои ошиқона. Саломатиро эҳтиёт кунед, дар сурати серкорӣ ва хастагии аз ҳад зиёд бемориҳо аз худ дарак медиҳанд. Агар бо тақозои касбу кор бештар дар робита бо одамон бошед, зимни интихоб намудани ҳамкорон ва ҳамфикрон бодиққат буданатон лозим аст.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рӯзи душвор аст, бояд худро идора карданро омӯзед. Мушкилиҳои рӯз бо сабаби он сар мезананд, ки шумо дар сари эҳсос худро ба даст гирифта наметавонед. Эҳтимоли бемор шудани роҳҳои пешоброн, хуруҷ намудани дарди гурда ва узвҳои ҷинсӣ зиёд аст. Мушкилоти пулиро бе кумаки дигарон рафъ сохта наметавонед. Дар баъзе масъалаҳо ба кумаки ҳуқуқӣ ё маслиҳати нафари ботаҷриба ниёз пайдо мекунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар давоми рӯз барор ҳамсафари шумо мегардад, дар доираи оила обрӯву нуфузатон афзун мегардад. Дар ҷамъият, миёни ҳамкорон ва дӯстон азизу дӯстдоштанӣ будани худро эҳсос мекунед. Эҳтимоли бемор шудани ҷигар дар назар аст, хатари ҷароҳат бардоштани миён таҳдид мекунад. Агар дар истеъмоли хӯрок ва нӯшокӣ андозаро нигоҳ доред, аз бемориҳо эмин мемонед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Бахту барор насиби нафарони оиладор мегардад. Вазъи руҳӣ ва равониятон ба ҳолати дилу рагҳои хунгард бе таъсир намемонад. Эҳтимоли пасту баландшавии фишори хун, пайдошаии дарди сар вуҷуд дорад. Ҳамзамон ҷароҳат бардоштани сару рӯй имконпазир аст. Рӯзи хубест барои нафарони эҷодкор ва нафароне, ки бо меҳнати зеҳнӣ машғул ҳастанд. Баҳсу мунозираи куҳнаро бо маслиҳатҳои судманд рафъ кардан мумкин аст.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Аз ҷониби ҳамкорон ё ҳамсояҳо дучори фиребу найранг гаштанатон имконпазир аст. Ба доми макру ҳиллаи онҳо наафтед, вагарна асабатон хароб мегардад. Нерӯятон зиёд мегардад ва аз ин фоида ё зарар диданатон аз тарзи ғизохурӣ ва ҳолати руҳиятон вобастагӣ дорад. Дар ин шабу рӯз тамоми фикру хаёли шумо банди беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва даромади пулӣ мегардад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Аксари зодагони мучали қавс мушкилиҳои сарзадаро бо шарофати робитаву алоқаҳои худ рафъ месозанд. Агар шумо зуд-зуд гирифтори зуком намешуда бошед, дар ин рӯз чизе ташвишатон намедиҳад. Чораҳои пешгирикунандаи бемориҳои илтиҳобиро диданатон лозим аст. Дар масъалаҳои молиявӣ тағйироти куллӣ дида намешавад. Агар то ба имрӯз мушкилотӣ молиявӣ надошта бошед, мушкили дигар пеш намеояд.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз аксари зодагони мучали ҷаддӣ дар маркази диққати атрофиён қарор мегиранд. Вақте расидааст, ки ғуруру такаббури худро нишон диҳед. Сабру таҳаммул имкон медиҳад, ки фишори руҳиро рафъ намоед. Дилу рагҳои хунгард ва сутунмуҳраро эҳтиёт кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ маблағи пулиеро, ки барои заҳматҳои худ интизор будед, ба даст оварда наметавонед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, вагарна ғайбату овозаҳои пайдошуда боиси харобшавии асабҳоятон мегардад. Агар шумо одати пурхурӣ ва бо серкорӣ худро азият додан надошта бошед, дар ин рӯз саломатӣ азият намедиҳад. Барои тартиб додани нақшаҳои корӣ рӯзи мусоид нест, садду монеаҳои сарзада корҳоятонро чигил месозанд.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Зодагони мучали ҳутро лозим аст, ки ба гапу калочаи атрофиён диққат надода, аз пайи амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои худ бошанд. Дар ин рӯз вазъи саломатии шумо аз он вобастагӣ дорад, ки ҷисматон то кадом андоза душвориҳои ҷисмонӣ ва равониро бардошта метавонад. Кӯшиши муваффақ гаштану шуҳрат ба даст овардан амалӣ мегардад, вале на он гунае, ки шумо мехостед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД