arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1698

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шумо пур аз неру ва ҷасорат ҳастед. Фурсати хубест барои корҳое, ки фаъолнокиро талаб мекунанд. Дар муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ каме сабрро пеша кунед - на ҳама мисли шумо хоҳиши пулкоркунӣ доранд. Шомро барои андешаронӣ ва таҳлили рӯз сарф кунед, то аз қарорҳои бошитоб дур монед. Машқҳои ҷисмонӣ эътимоди шуморо ба худ зиёдтар хоҳанд кард.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз ба масоили молиявӣ диққати бештар диҳед ва аз хароҷоти бемаънӣ худдорӣ намоед. Агар кор дилгиркунанда намояд, ноумед нашавед – он метавонад натиҷаҳои ғайричашмдошт орад. Дар ҳаёти шахсӣ фурсати хубе барои шод кардани шахси дӯстдошта фаро мерасад. Саломатии шумо ба ҳолати рӯҳияатон вобаста аст, барои истироҳат дар табиат вақт ҷудо кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз бо шиносоиҳои нав ва суҳбатҳо мегузарад. Маълумоти гирифтаатон метавонад дар оянда барои шумо муфид бошад. Эҳтимол сафари кӯтоҳ ё шиносоии интернетие сурат гирад, ки ба нақшаҳои шумо таъсир мерасонад. Дар муҳити хона муҳим аст, ки аз баҳсҳои нолозим худдорӣ кунед. Беҳуда худ ва наздиконро асабӣ накунед. Шом хаставу хоболуд мешавед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз дар кор шитобкорӣ накунед – хатогиҳо метавонанд нуфузи шуморо коҳиш диҳанд. Ба наздикон бештар таваҷҷуҳ кунед – онҳо муҳаббати шуморо интизоранд. Барои нигоҳ доштани саломатӣ реҷаи хоби худро дуруст созед. Як сайругашти шомгоҳӣ ё машғулияти эҷодӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки мувозинататонро барқарор намоед. Ба ҳисси қалби худ эътимод кунед – он шуморо ба роҳи дуруст раҳнамоӣ хоҳад кард.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шумо дар маркази диққат қарор мегиред. Шиносоиҳои нав барои рушди касбии шумо муҳим хоҳанд буд. Дар муносибатҳои шахсӣ эҳтиёт кунед – аз муболиға ва воҳима худдорӣ намоед, зеро шарики шумо самимиятро бештар қадр мекунад. Фаъолияти ҷисмонӣ ҷаззобияти табиии шуморо бештар мекунад. Шомро бо оила ва азизи дилатон сипарӣ намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзи мусоид барои банақшагирӣ ва таҳлили корҳои муҳим. Дар кор диққати бештар диҳед – майда-чӯйдаҳо метавонанд нақши ҳалкунанда дошта бошанд. Дар муносибатҳо мулоим бошед – танқиди шумо метавонад нофаҳмӣ эҷод кунад. Аз зӯрии зиёд худдорӣ намоед ва барои истироҳати бофароғат вақт ҷудо кунед. Шомро дар муҳити хонаводагӣ бо роҳат гузаронед – ин ба шумо кӯмак мекунад, ки фикрҳоятонро ба тартиб дароред.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз дар ҷои кор ва суҳбатҳои оилавӣ фикр карда гап занед. Дар акси ҳол нафареро сахт меранҷонед. Агар бо дӯстдоштаатон қаҳрӣ бошед, фурсати хубе барои оштӣ кардан вуҷуд дорад. Каме машқи ҷисмонӣ дар ҳавои тоза кайфияти шуморо боло мебарад. Дар шом аз хароҷоти ногаҳонӣ худдорӣ кунед, то кисаи худро ба холӣ накунед. Фаромӯш насозед ки ҳоло то вақти маош вақт зиёд аст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз пур аз навигарӣ аст. Дар ҷои кор аз низоъҳо дурӣ ҷӯед – онҳо нерӯи шуморо беҳуда сарф мекунанд. Дар муносибатҳо эҳтимоли суҳбатҳои самимона вуҷуд дорад, ки метавонад эътимодро қавитар гардонад. Барои нигоҳ доштани оромии рӯҳӣ усулҳои оромсозандаро санҷед. Имрӯз ҷасорати шумо метавонад натиҷаҳои ғайричашмдошт оварад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шумо ба омӯзиш ва васеъ кардани дониши худ ниёз пайдо мекунед. Сафарҳо ё суҳбатҳо метавонанд ба шумо илҳом бахшанд. Дар кор аз якрангӣ худдорӣ кунед ва роҳҳои ғайримуқаррарии ҳалли масъалаҳоро пешниҳод намоед. Дар ҳаёти шахсӣ вақт барои саёҳатҳои ошиқона фаро расидааст. Фаъолияти ҷисмонӣ ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Шомро бо одамони ҳамфикр гузаронед – онҳо метавонанд шуморо рӯҳбаланд созанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз масъалаҳои молиявӣ метавонанд каме ташвиш оваранд – хароҷоти худро бодиққат назорат кунед. Дар муносибатҳои ошиқона меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нишон диҳед, наздикон ба таваҷҷуҳи шумо ниёз доранд. Шомро бо истироҳат гузаронед. Агар шумо рӯзи дароз назди компютер кор мекарда бошед, ҳатман дар ҳавои тоза сайр кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар муошират шахсияти беназири худро нишон диҳед ва аз қолабҳои маъмулӣ канорагирӣ кунед. Саломатии шумо ба ҳолати рӯҳиятон вобаста аст – барои истироҳат ва ҳаловат бурдан вақт ҷудо кунед. Шом шояд хабарҳои ғайричашмдошт аз дӯстони шумо биёрад. Дӯстдоштаатон ба меҳрубонӣ ниёз дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз эҳсосот ва интуитсияи шумо хеле қавӣ хоҳанд буд. Аз танҳоӣ дурӣ ҷӯед – муошират бо наздикон ба шумо нерӯи нав мебахшад. Фаъолияти ҷисмонӣ барои саломатии шумо муфид хоҳад буд. Шомро ба дӯстдоштаатон бахшед. Имрӯз шумо метавонед ба дигарон кӯмак кунед, аммо фаромӯш насозед, ки худ низ ба оромӣ ва истироҳат ниёз доред. Хусусан агар мошин меронда бошед, маҳси бадан гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД