arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
1769

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Хиҷолатро фаромӯш кунед! Дар ин рӯзҳо шумо каме ноҷур ҳастед, аммо вақти он расидааст, ки ҷасорати худро нишон диҳед. Ба наздикӣ шуморо як хариди бузург интизор аст. Ин метавонад мебел, техникаи маишӣ ё ҳатто мошин бошад. Эҳсос хоҳед кард, ки дар рушди касбӣ ба нуқтаи баланд расидаед. Шояд вақти он расидааст, ки соҳаро иваз кунед ё кореро ҷустуҷӯ кунед, ки даромади бештар дошта бошад. Агар аз бехобӣ азият мекашед, аз доруҳои хобовар худдорӣ намоед. Беҳтараш бештар дар ҳавои тоза пиёдагардӣ кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар 24 соати наздик қувваи иродаро нишон диҳед, то муносибатҳои хубро бо дӯстдоштаи худ нигоҳ доред. Агар фарзандонатон шуморо нороҳат мекунанд, онҳоро сарзаниш накунед. Дар ёд оред, ки худи шумо дар кӯдакӣ чӣ гуна будед. Дар муҳити корӣ боэҳтиёт ва бодиққат бошед, вақти худро беҳуда сарф накунед. Имрӯз барои хариди нақшавӣ ё ҳатто хариди ногаҳонӣ мувофиқ аст. Ба саломатии худ таваҷҷӯҳ кунед – шояд вақти ташриф ба духтури дандон фаро расидааст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Нафарони муҷаррад дар сафар бо нафаре шинос шуда, бахти худро пайдо месозанд. Ошиқон бошанд, тағйироти муҳимеро дар муносибатҳо эҳсос хоҳанд кард. Дар ин рӯз, сабру таҳаммулро фаромӯш накунед. Пеш аз хулоса баровардан, тамоми ҷиҳатҳоро санҷед. Истироҳатро аз ёд набаред, вале фаромӯш насозед, ки душманони шумо бедор ҳастанд! Ба ваъдаҳои афроди ношинос дар бораи даромади фаврӣ бовар накунед – эҳтимоли фиреб зиёд аст. Ба саломатӣ ғамхорӣ кунед – кори зиёд метавонад шуморо аз нерӯ маҳрум созад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба дилатон гӯш диҳед – чӣ мехоҳед? Аз чизҳои кӯҳна ва нолозим халос шавед! Ин ба зиндагии шахсӣ ва муҳити хонагӣ низ дахл дорад. Рӯзи шумо бо мушкилоти ҷамъшуда оғоз меёбад, дар ягон кори шитоб накунед. Ба нерӯ ва имкониятҳои худ шубҳа накунед! Шумо тавоноии зиёд доред. Ҳавзи шиноварӣ ё ҳаммом ба саломатии шумо фоидаи зиёд мерасонад.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи серташвиш интизори шумост! Шиносоиҳои муҳим ва вохӯриҳои ҷолиб дар пешанд. Барои пайдо кардани шахси бароятон мувофиқ, фаъолона амал намоед. Дар давоми 24 соати наздик эҳтимол дорад, ки ба дастгирии наздикон ниёз пайдо кунед. Нерӯи худро ба корҳои бефоида сарф накунед. Имрӯз барои сафарҳои корӣ бобарор хоҳад буд. Ба варзиш машғул шавед! Агар таҷриба надоред, аз ягон кас маслиҳат пурсед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар ҷуръат накунед, бисёр чизҳоро аз даст медиҳед! Бе дудилагӣ амал намоед. Рӯзи шумо пур аз имкониятҳо хоҳад буд, аммо барои расидан ба онҳо саъйи зиёд лозим аст. Кори ҷамъшударо ба таъхир нагузоред – онро ҳарчи зудтар анҷом диҳед. Шояд ҳодисаҳои ғайричашмдошт рух диҳанд, ки нақшаҳои шуморо тағйир диҳанд. Парҳезро риоя кунед, бахусус агар вазни худро зиёд карда бошед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Шахсе, ки дер боз дар орзуи дидораш будед, ба шумо таваҷҷӯҳ мекунад. Аммо боэҳтиёт бошед ва худатонро бо хаёлоти зиёдатӣ фирефта накунед. Дар оила эҳтимоли пайдо шудани ихтилоф зиёд аст. Кӯшиш кунед, ки сари вақт онро ҳал кунед. Дар кор танҳо ба қувваи худ такя кунед – дигарон дар ин рӯз ба кӯмак омода нестанд.
Ҳаммоми гарм ё души оромкунанда ба шумо кӯмак мекунад, ки стрессро паси сар намоед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Агар миёни шумо ва наздикон девори сардӣ эҷод шуда бошад, имрӯз фурсати хубест, ки онро бишканед. Дар хонавода нофаҳмиҳо имконпазиранд. Кӯшиш кунед, эҳтиёткор бошед. Барои пешрафти касбӣ, шумо бояд беҳтар аз дигарон ҳунари худро нишон диҳед. Дар бастани шартномаҳо эҳтиёткор бошед – онҳо метавонанд дар оянда мушкил эҷод кунанд. Ба бемориҳои сарзада диққат диҳед ва саломатии худро нодида нагиред.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Агар ба вафодории касе шубҳа доред, хулосаи саросемавор набароред. Бо ҳамон шахс рӯ ба рӯ сӯҳбат кунед. Имрӯз шиносоиҳои ҷолиб ва робитаҳои муфид имконпазиранд. Бизнесменҳо метавонанд сармоягузори нав пайдо кунанд, аммо коргарон бояд танҳо ба заҳмати худ умед банданд. Рӯзатонро дар ҳавои тоза гузаронед ва кӯшиш кунед, ки ба саломатӣ ва бемориҳои наздикон диққат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар ҷодаи муҳаббат тағйироти мусбат интизор аст. Корҳои хонаатонро бо дигарон тақсим кунед, то барои вазифаҳои муҳимтар вақт пайдо кунед. Агар соҳибкор бошед, дар бораи васеъ кардани тиҷорати худ фикр кунед. Пули заҳмати худро ба даст меоред, аммо мағрур нашавед! Бо наздикон вақт гузаронед ва саломатии худро ба гӯшаи фаромӯшӣ надиҳед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз шумо бояд бисёр маслиҳат диҳед ва бо атрофиён вақти зиёд гузаронед.Ба саломатии худ таваҷҷӯҳ кунед ва аз ғизои зиёдатӣ худдорӣ намоед. Дӯстдоштаатон аз бепарвоии шумо сахт ранҷидааст. Агар ба май ва сигор дил баста бошед, саломатиро ба зудӣ аз даст медиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ҷаззобияти шумо метавонад диққати шахси ҷолибро ҷалб кунад! Дар корҳои молиявӣ бахт бо шумост, аммо аз бозиҳои қиморӣ худдорӣ кунед. Эҳтиёткор бошед, хусусан ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез ва хатарноки барқӣ бодиққат амал кунед, хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД