Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эътимод ба худ ба шумо бисёр кумак мекунад. Ҳангоми гуфтушунидҳо суханатон таъсиргузор мешавад ва ҳатто онҳое, ки қаблан мухолифат мекарданд, суханатонро қабул мекунанд. Шояд бо касоне, ки пеш рақиб меҳисобидед, ҳамкорӣ кунед. Идеяҳои нав доред, гарчанде баъзеҳо онҳоро нодуруст мефаҳманд. Ба маслиҳати одамони наздик ва ҳисси дили худ такя кунед, то қарорҳои нодуруст қабул накунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯз бо рӯйдодҳои гуворо оғоз мешавад. Шумо мехоҳед чизҳои навро санҷед ва аз доираи ҳамешагӣ бароед. Корҳо хуб пеш мераванд, зеро шитоб намекунед. Дар гуфтушунидҳо бартарӣ доред, рақибонро пеш мегузаред. Дар хона низ оромӣ ҳукмрон мешавад. Имрӯз метавонед масъалаҳои муҳим, махсусан молиявиро, бе ҷанҷол ва бо оромӣ ҳал кунед. Ба хароҷоти нолозим роҳ надиҳед, ҳама корро бо фикр анҷом диҳед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Барои расидан ба натиҷаи хуб ба шумо сабр лозим мешавад. Баъзе корҳо аз аввал душвор менамоянд, вале ҳангоми пайгирӣ ҳамааш хуб мешавад. Баъзеҳо метавонанд ба шумо рақобат кунанд, бинобар ин аз манфиатҳои худ муҳофизат намоед. Дар гуфтугӯҳо эҳтимол нофаҳмӣ ба вуҷуд ояд. Фаромӯш накунед, ки хароҷоти шитобкорона метавонад мушкил орад. Қарорҳои молиявиро бо оромӣ ва фикри пухта қабул намоед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Субҳ вақти хуб барои корҳои муҳим аст. Шумо ба осонӣ одамони лозимиро ҷалб карда, аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёбед. Баъди нисфирӯзӣ ба хона ва наздикон бештар диққат диҳед. Шояд ба меҳрубонии шумо ниёз дошта бошанд. Бегоҳӣ бо эҳсосоти хуб мегузарад ва лаҳзаҳои ошиқона низ имкон доранд.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз каме эҳтиёт бошед. Шояд дар атрофатон одамоне бошанд, ки нияти пок надоранд. Ҳама маълумоте, ки мешунавед, дуруст нест, бинобар ин ба ҳисси дили худ такя кунед. Агар касе аз ҳад зиёд ба шумо наздик шавад, фосила нигоҳ доред. Бо вуҷуди ин, корҳо хуб пеш мераванд. Ҳама корҳои диққатталабро ба осонӣ иҷро мекунед. Дар муносибатҳои шахсӣ оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз беҳтараш ба корҳое пардозед, ки кайҳо боз шуморо интизор буданд. Шумо ба ҳама ҷузъиёт аҳамият медиҳед, бинобар ин хатогӣ намекунед. Ҳатто хатоҳои дигаронро низ ислоҳ мекунед. Одамоне, ки аз шумо маслиҳат мепурсанд, метавонанд дар оянда дӯсту ҳамкори хуб шаванд. Дар масъалаҳои молиявӣ қадамҳои муваффақ мегузоред. Нисфирӯзӣ барои мулоқотҳо, сафарҳои кӯтоҳ ва корҳои гуворо хеле мувофиқ аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз рӯзи бобарор аст. Кори деринтизору душворро бе ҳавасмандӣ низ ба анҷом мерасонед. Баъзан роҳҳои нави ҳалли масъала пайдо мешаванд ва шумо зуд мефаҳмед, ки чӣ кор кардан лозим. Агар касе шуморо нодуруст фаҳмад, дертар вазъ тағйир меёбад. Субҳ барои рафъи масъалаҳои пулӣ хуб аст. Баъди нисфирӯзӣ вақти муносиб барои корҳои хонагӣ ва сӯҳбати самимӣ бо наздикон мебошад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Рӯз барои истироҳат ва корҳои сабук рӯзи мувофиқ аст. Вақтро дуруст тақсим кунед, то зери фишор намонед. Агар ба шумо кӯмак лозим шавад, ба наздикони боэътимод муроҷиат кунед. Имкони мулоқоти гуворо ва шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ қадамҳои дуруст мегузоред. Харидҳои имрӯза пушаймонӣ намеоранд, агар шитобкорона қарор қабул накунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Субҳ барои барқарор кардани муносибатҳои ошиқона мувофиқ аст. Шояд бахти худро пайдо намоед. Баъди нисфирӯзӣ корҳое, ки одатан дилгиркунандаанд, осонтар анҷом меёбанд. Маслиҳати шахси таҷрибадор метавонад ба шумо роҳнамо шавад. Дар муносибатҳои шахсӣ бо ҷасорат амал кунед. Шод кардани наздикон ё харид кардани чизе барои онҳо имрӯз натиҷаи хуб медиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Субҳ каме асабиву табъатон гирифта мешавад, бинобар ин, беҳтараш ба корҳои шинос машғул шавед. Ҳар кори навро дертар оғоз кунед, вақте ки худатон омода бошед. Баъди нисфирӯзӣ барои гуфтугӯҳои муҳим вақти хуб фаро мерасад. Имкони ислоҳи муносибат бо шахсе, ки бо ӯ хафагӣ доштед, вуҷуд дорад. Аз хастагӣ эҳтиёт бошед ва вақти кофӣ барои истироҳат фароҳам оред.
Далв (20 январ-18 феврал)
Пеш аз ҳар кор қадамҳои худро хуб андеша кунед. Имрӯз эҳсосот метавонад монеа шавад, бинобар ин оромона амал намоед. Бо наздикон ё шахси дӯстдошта нофаҳмӣ ба миён меояд, вале бо мулоимӣ вазъро ором мекунед. Нисфирӯзӣ барои харид, гуфтугӯ ва қарорҳои молиявӣ беҳтарин вақт аст. Шумо имрӯз зуд маълумоти навро меомӯзед. Пеш аз хоб ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи ором, вале пурмаҳсул мегузарад. Аввал корҳои хурдро анҷом диҳед, то барои вазифаҳои муҳим вақт пайдо шавад. Дилатон ба шумо роҳи дурустро нишон медиҳад. Дар хона нофаҳмиҳо эҳтимол доранд, вале шумо зуд роҳҳои созиш меёбед. Баъди нисфирӯзӣ фазои хона гармтар мешавад ва бо наздикон муносибат беҳтар мегардад. Агар мехоҳед мулоқоти ошиқона ё маъракаи хонаводагӣ ташкил кунед, имрӯз вақти хуб аст.