Ҳамал (21 март-19 апрел)
Агар имкон дошта бошед, ба сафар ё истироҳати кӯтоҳ равед, дар назди дарё ё табиат нерӯ мегиред. Агар оиладор бошед, бо ҳамсаратон муносибати гармтар пайдо мекунед. Дар касбу кор тағйироти калон рух намедиҳад, вале корҳои хурд зиёд мешаванд. Пеш аз имзои шартномаҳо эҳтиёт кунед. Ҳангоми ронандагӣ бодиққат бошед, аз садама пешгирӣ намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз эҳтимоли сар задани нофаҳмиҳои хурд вуҷуд дорад, аммо агар сабур бошед, ҳама чиз хуб мегузарад. Ба танқид кардани касе аҳамият надиҳед, беҳтараш вақти худро барои оромӣ истифода баред. Барои кори ҷисмонӣ ва фикрӣ рӯз мусоид аст. Эҳтимол хароҷоти ғайричашмдошт пеш ояд, вале наздикон ёрӣ медиҳанд. Агар хастагӣ эҳсос кунед, ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед, ба духтур муроҷиат кунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯз барои вохӯриҳо ва муоширати хуш мусоид аст. Эҳтимоли пайдо шудани дӯстони нав вуҷуд дорад, вале муносибатҳои ошиқона шояд ҳоло оғоз нашаванд. Дар касбу кор бахт ёратон мешавад, масъалаҳои дерин ҳал мегарданд. Дар қабули қарорҳо далер бошед, аммо сирҳои худро ба касе нагӯед. Қарз гирифтанро муваққатан ба таъхир андозед. Барои саломатӣ, бештар дар ҳавои тоза сайр кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз аз баҳс ва исрор худдорӣ кунед, беҳтараш сабур бошед. Дӯсти наздикатон ба кумак ниёз дорад. Дар касбу кор каме ноумедӣ эҳсос мешавад, вале рӯҳафтода нашавед. Барои даромади иловагӣ имкони хуб ҳаст, аммо аз шитобкорӣ парҳез кунед. Агар таҳлил ё муоинаи тиббӣ лозим бошад, дер накунед. Ба худ ва эҳсосотатон вақт диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Шумо имрӯз пурэнергия ва табъатон болида ҳастед. Муносибат бо наздикон гармтар мегардад. Дар касбу кор эҳтимол каме танқид ё санҷиш шавад, хомӯшӣ ва эҳтиром беҳтарин посух аст. Аз имзо кардан дар шартномаҳои калон ё қарз гирифтан худдорӣ кунед. Вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед, рӯзатон зеботар мегардад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз шумо зуд ба баҳсу мунозира медароед, аз ин рӯ сабр ва хоксориро фаромӯш накунед. Корҳои таъмир ё қафомондаро анҷом диҳед, натиҷа хуб хоҳад буд. Нимаи дуюми рӯз серкор мешавед, вале аз суханони дигарон наранҷед. Дар масоили пулӣ ба садои қалби худ гӯш андозед. Аз субҳ эҳтимоли каме дард кардани меъда дар назар аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз кӯшиш накунед, ки дар ҳама кор ҷиддӣ бошед. Агар дилатон ишқу муҳаббат мехоста бошад, бо шахси дӯстдошта вақт гузаронед. Аз корҳои вазнин ва масъулиятҳои изофӣ худдорӣ кунед. Бо дӯстон вохӯрдан рӯҳатонро болида мекунад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: шамолхӯрӣ ё заъфи иммунитет эҳтимол дорад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз кор ва хона диққати бештари шуморо талаб мекунанд. Аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед, махсусан дар масъалаҳои молиявӣ. Барои шахсони эҷодкор рӯз муваффақ аст, натиҷаҳои хуб ба даст меоянд. Ба одамони шубҳанок бовар накунед, сода нашавед. Агар дилгирӣ ё ғам пайдо шавад, бо намоз ё оромӣ онро раҳо кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз муносибатҳои шумо бо одамони атроф беҳтар мешаванд. Метавонед бо дӯстдоштаатон оштӣ кунед ё шиносии нав пайдо намоед. Дар кор имкониятҳои рушди нав пеш меоянд. Агар лозим шавад, ёвари хуб пайдо мекунед, ки масъулиятҳоятонро сабук мекунад. Дар масоили молиявӣ эҳтиёткор бошед. Ба худ вақт диҳед, зеро кори зиёд метавонад шуморо хаста кунад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз хотираҳои гузашта шуморо фаро мегиранд. Барои оромӣ ва зебоӣ дар хона чизеро нав кунед: гул харед ё мебел иваз кунед. Дар касбу кор натиҷаҳо миёнаанд, вале хатогӣ рух намедиҳад. Рӯз барои тиҷорат хуб аст, агар шитоб накунед. Ба хоб ва истироҳати кофӣ аҳамият диҳед, он рӯҳияатонро устувор нигоҳ медорад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Тағйироти ногаҳонӣ ҳаёти шахсии шуморо ҷолиб мегардонанд, шояд ишқи нав пайдо кунед. Дар касбу кор эҳтимол тағйири вазифа ё пешниҳоди нав шавад. Тоҷирон сармоягузор пайдо мекунанд. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба варзиш машғул шавед, вале аз бардоштани вазнҳои зиёд худдорӣ кунед. Йога ё машқҳои сабук фоида доранд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шумо пур аз эҳсос ва илҳом ҳастед. Ба масоили молиявӣ диққат диҳед, хароҷоти иловагӣ имконпазиранд. Рӯзҳои наздик шуморо кори муҳим интизор аст, бинобар ин, ҳоло истироҳат кунед. Аз харидҳои калон худдорӣ намоед. Барои хоби ором бештар дар ҳавои кушод сайр кунед ва фикрҳои бадро аз сар дур созед.