Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки дар бораи ба даст овардани даромади иловагӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ бори дигар фикр намоед. Шитоб накарда, танҳо аз рӯйи хоҳиши худ амал намоед. Пеш аз он ки ба иҷрои коре қадам мегузоред, пурра боварӣ ҳосил кунед, ки дар охир пушаймон намешавед.
Савр (21 апрел-20 май)
Шумо кадри хуб ҳастед ва нафаре кӯшиш мекунад, ки шумо барин нафари арзандаро ба гурӯҳи кориаш ҳамроҳ кунад. Ваъдаҳои зиёде, ки ба шумо медиҳанд, сабаб мешаванд, ки корҳоятонро бо суръати баланд ба сомон расонед. Шомро на дар хона, балки дар ягон макони фароғатӣ ё дилхушӣ гузаронед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ҷавзоҳои муҷаррад ва танҳоро имрӯз маҳфилҳои нави ошиқона интизоранд. Тавсия медиҳем, ки дар чунин масъалаҳо ҷиддӣ бошед. Ба лоиҳаи наве банд ҳастед, барои иҷрои он худро зиёдтар азоб диҳед. Ба наздикӣ аз ҷониби роҳбарият як пешниҳоди нав мегиред, ки аз фоидааш шумо низ бенасиб намемонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои муҳокимаи нақшаҳои дарозмуддат ва гуфтшунидҳои корӣ рӯзи бобарор аст. Дар ҷои коратон аз муноқиша ва задухӯрдҳо дурӣ ҷӯед, зеро эҳтимоли аз пушти кирдорҳои бади дигарон асир афтоданатон вуҷуд дорад. Имрӯз шумо бори аввал ба “ишқ аз нигоҳи аввал” боварӣ ҳосил мекунед.
Асад (23 июл-22 август)
Пеш аз оғози ҳар кор бо нафарони рӯзгордидаву ботаҷриба маслиҳату машварат кунед. Шумо наметавонед, ки мушкилиҳоро ба нақша бигиред, зеро онҳо беогоҳӣ пайдо мешаванд. Дар хона ҳодисае рӯй медиҳад, ки боиси хурсандии шумо мегардад. Агар ба принсипҳои худ боварӣ кунед, ҳатман ба мақсад мерасед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Агар худатон ба таври сунъӣ мушкилӣ эҷод накунед, пас рӯз бе ягон мушкилӣ ва масъалаҳои ҳалталаб паси сар мешавад. Барои васеъ кардани доираи дӯстон айёми мусоид аст. Дигарон мехоҳанд, ки шумо худро тағйир бидиҳед, аммо ситораҳо мегӯянд, ки пеш аз иҷрои ин кор ба ҳарфи дилатон гӯш диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз вохӯриҳои корӣ, гуфтушунидҳо ва имзо кардани ҳуҷҷатҳо бидуни ягон қувваи иловагӣ ҳалли худро меёбанд. Ҳаёт шуморо дастгирӣ мекунад, ба шарте ки дар иҷрои корҳои ҳаррӯза бомулоҳиза ва ором бошед. Диққат диҳед, ки аз даҳонатон чӣ гап мебарояд, то баъдан пушаймон нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз ҳама кори душворатонро имрӯз ҳал кунед, зеро рӯз барои ин кор мусоид аст, аммо дар рафти ҳалли он муносибати оқилонаву ҷиддиро аз хотир набароред. Бо наздикони худ ба тамошо равед ва аз лаҳзаҳои нотакрори тобистон лаззат баред. Имрӯз ба шумо зиёд диққат медиҳанд, ки хушатон меояд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз бинобар серкорӣ як чизи муҳимро фаромӯш карда метавонед. Барои оғози тиҷорат рӯзи мусоид аст. Худро мағлубшуда ҳис накунеду бо боварии том аз пайи корҳоятон шавед. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед. Хӯрокҳои серғизо ва аз витаминҳо бойро истеъмол кунед, то масуниятатон баланд шавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Муваффақияти корҳоятонро дида, рӯҳбаланд мешавед ва минбаъд ҳар коратонро бо шавқи тамом иҷро мекунед. Барои ҷустуҷӯи кори нав, хариди хона ва дигар лавозимоти рӯзгор рӯзи бобарору муносиб аст. Аз истеъмоли қанди сафеду шакар худдорӣ кунед, зеро хатари сар задани мушкилӣ дар саломатиатон вуҷуд дорад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз аз ӯҳдаи ҳама корҳои худ баромада наметавонед ва маҷбур мешавед, ки як қисми коратонро бар дӯши ҳамкорон гузоред. Агар шумо яку якбора чанд корро иҷро кардан хоҳед, оқибат аниқ пушаймон мешавед. Дар давоми рӯз ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул шуданро бароятон тавсия намедиҳем.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз вохӯрӣ ва шиносоиҳои нав имконпазиранд, ки ҳаёти ояндаи шуморо куллан тағйир дода метавонанд. Бо атрофиён рӯ ба рӯ суҳбат кунед ва аз гуфтани суханҳои пасту баланд худдорӣ намоед. Агар соҳиби мошини шахсӣ бошед, танҳо барои имрӯз аз рондани он даст кашед, зеро ин ба фоидаи шумо хоҳад буд.