Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба корҳои шубҳанок даст назанед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед. Ба муҳаббати тасодуфӣ диққат надиҳед, зеро он танҳо як лаҳза асту зуд мегузарад. Шумо ба истироҳат ниёз доред, ба ин хотир, худро барзиёд хаста накунед. Нимаи дувуми рӯз даромади иловагӣ ба даст оварда, хурсанд мешавед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ имкони хубе пайдо мекунед. Дар роҳи ишқу муҳаббат диққати худро танҳо ба дӯстдоштаатон равона созед, зеро ӯ ба меҳрубонии шумо сахт ниёз дорад. Саросема шуда, ҷароҳат мебардоред ё лат мехӯред. Масъалаҳои ҳисобу китобро ба таъхир андозед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Роҳеро, ки дар ин рӯз интихоб мекунед, шуморо ба мақсад мерасонад. Аз ваъдаҳои хушку холӣ суде нест, беҳтараш бо шахси дӯстдоштаатон меҳрубон бошед. Ҳангоми ба сафар баромадан қуттии доруҳоятонро бо худ гиред. Қарз надиҳеду аз касе ҳам қарз нагиред ва пулҳоятонро сарфакорона харҷ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз дар дилатон хоҳиши гузаштан ба кори дигар пайдо мешавад, вале ситораҳо мегӯянд, ки аз ин кор муваққатан худдорӣ намоед. Ба назаратон чунин менамояд, ки агар аз дӯстдоштаи худ ҷудо шавед, аз ӯ беҳтарашро меёбед, аммо иштибоҳ мекунед. Корҳои муҳиматонро бо пули қарз ба анҷом нарасонед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз мушкилиҳои рӯзгор ба касбу коратон таъсир расонида, нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Нофаҳмие, ки миёни шумову дӯстдоштаатон ба миён омадааст, бояд сари вақт рафъ карда шавад. Зиёд ғам нахӯред, вагарна бемор мешавед. Вазъият тавре сурат мегирад, ки маҷбуран пасандозҳои худро сарф мекунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бояд коре кунед, ки роҳбарият нисбати шумо дилгарм шавад. Агар шарм ва тарсро аз худ дур созед, муваффақ шуда, ба орзуҳоятон мерасед. Дар атрофатон нафаре ҳаст, ки аз шумо нафрат дорад. Хатари асабоният ва рӯҳафтодагӣ имрӯз бештар аст. Аз рафтан ба ҷашну маъракаҳо ва маконҳои серодам худдорӣ кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз вазъиятҳои пурмоҷаро ва мушкилиҳо гурезед, вагарна гунаҳкори бегуноҳ мешавед. Агар хоҳед, ки дар чорроҳои зиндагӣ яккаву танҳо намонед, бо дӯстдоштаи худ меҳрубонтар бошед. Мизонҳои соҳибкор имрӯз хеле серкор мешаванд, аммо маблағи ёфтаашон хароҷоташонро рӯйпӯш намекунад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Атрофиёнро танқид накунед, вагарна худатон низ мавриди танқид қарор мегиреду ба худ душман мехаред. Дар муносибатҳои ошиқона бештар ташаббускор бошед. Рӯз барои оғози тиҷорати хурд муфид аст. Вазъи саломатиатон ташвиш намедиҳад, вале ба ҳар ҳол, аз салқиниҳои субҳу шом эҳтиёт кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имкон пайдо мекунед, то ба зинаҳои баландтари мансаб бирасед. Дӯстдоштаатонро бо саволи “Маро дӯст медорӣ?” ҷонбезор накунед. Андешаи “тамоми кори оламро бо пул ҳал карда мешавад”-ро аз сари худ дур кунед. Барои харидани туҳфа пули калон сарф накунед, вагарна то охири моҳ азоби бепулӣ мекашед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар ба назаратон чунин менамояд, ки аз уҳдаи кори худ баромада наметавонед, тамоми кӯшишу маҳорататонро ба кор баред. Шубҳаву гумони ботил сабаби сар задани мушкилӣ миёни шумову шахси дӯстдоштаатон мегардад. Қарз надиҳед ва аз касе ҳам қарз напурсед. Зиёдтар дар фикри саломатиатон бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз аз нафароне маслиҳат пурсед, ки дар касбу кори худ мутахассис бошанд. Бо дӯстдоштаи худ самимӣ бошед, вагарна дар муносибатҳоятон сардӣ ба назар мерасад. Эҳтимоли шамол хӯрдану бемор шуданатон вуҷуд дорад. Орзуи ба даст овардани пули калонро накарда, бо маблағи андак қаноат намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз тавре рафтор мекунед, ки шарикони корӣ гумон мекунанд, аз ҳама гапу кор огоҳ ҳастед. Ин ҳолат садди роҳи амалишавии нақшаҳоятон шуда метавонад. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта баъзе камбудиҳоро рафъ намоед. Пулро эҳтиёткорона сарф намоед, зеро даромади иловагӣ дар назар нест.