toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
1329

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтиёт кунед, то муносибатҳои ошиқонаи шумо мавриди гуфтугӯи дигарон нашавад. Муносибатҳои оилавӣ гармтар мегарданд ва фазои хонагӣ ором мешавад. Кӯшиш кунед бештар бо одамони муфид вохӯред, ин ба пешрафт ва даромади шумо таъсири хуб мерасонад. Ба корҳои ба нақша гирифташуда бо ҷиддият шуруъ намоед. Созишномаҳои охир метавонанд фоидаи назаррас диҳанд. Саломатиятон беҳтар шуда, хастагӣ, бехобӣ ва асабоният аз байн мераванд.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз неруи шумо диққати атрофиёнро ҷалб мекунад ва имкони шиносоии ошиқона меафзояд. Дар масъалаҳои оилавӣ иштироки шахсии шумо зарур мегардад, шояд нақшаҳоятонро тағйир диҳед. Ба рафтори ноодилонаи роҳбарон бо сабр муносибат кунед, то обрӯятон ҳифз шавад. Аз пешниҳодҳои сарватмандшавии зуд худдорӣ намоед, зеро онҳо метавонанд зарар расонанд. Барои нигоҳубини саломатӣ, махсусан дандонҳо, вақти хеле муносиб аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Орзуҳои дурро канор гузошта, вақти интихоби воқеӣ расидааст. Шумо имкони бештар муошират кардан пайдо мекунед ва аз якрангии зиндагӣ дур мешавед. Дар кор аз шумо талоши зиёд талаб мешавад, аммо заҳмататон қадр мегардад. Аз чизҳое, ки дигар хурсандӣ намеоранд, халос шавед ва ҷойро барои имкониятҳои нав боз кунед. Ба саломатӣ бодиққат бошед, ҳатто нишонаҳои хурдро нодида нагиред ва сари вақт ба духтур муроҷиат кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҳсосоти ишқӣ шуморо фаро мегирад ва шояд ба атроф камтар диққат диҳед. Бо вуҷуди ин, беҳтараш ҳушёр бошед. Дар оила баъзе мушкилоти хурд пайдо мешаванд, вале бо сабр ва фаҳмиш онҳоро ҳал мекунед. Нимаи дуюми рӯз барои шиносоӣ бо шахсони бонуфуз мусоид аст. Барои бастани шартномаҳои молиявӣ вақти хуб аст. Имрӯз истироҳат ва оббозӣ ба саломатии шумо таъсири мусбат мерасонад.

Асад (23 июл-23 август)

Саёҳати наздик метавонад боиси шиносоии ҷолиб гардад. Имрӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо хешовандони калонсол вуҷуд дорад, бинобар ин бо эҳтиром рафтор кунед. Ба ҳиссиёти худ бештар бовар намоед. Фаъолият дар касбу кор ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳолати рӯҳиятонро муътадил созед. Дар масъалаҳои молиявӣ бо шарикон ихтилоф пайдо шуда метавонад. Барои нигоҳ доштани неру бештар сайругашт кунед ва ғизои солим истеъмол намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар муҳити шумо шахсе ҳаст, ки ба шумо таваҷҷуҳи хос дорад. Агар аллакай муносибат доред, аз ишқбозии нолозим худдорӣ кунед. Шумо имрӯз тезфикр мешавед, вале эҳтимоли асабоният низ ҳаст. Қоидаҳоро вайрон накунед, то ба мушкил дучор нашавед. Рӯз барои пешрафти касбӣ мусоид аст ва имкони болоравӣ вуҷуд дорад. Вазъият устувор аст, ҳатто метавонед сармоягузорӣ кунед. Аз васвасаҳо дурӣ ҷӯед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Эҳсосоти худро ошкоро баён кунед ва аз рафтори пинҳонӣ худдорӣ намоед. Ба зудӣ эҳтимол бо шахси ҷолиб шинос шавед. Дар муносибат бо наздикон сабр ва мулоимат нишон диҳед. Пешрафти шумо оҳиста, вале боэътимод хоҳад буд. Дар кор имкониятҳои хуб пайдо мешаванд ва роҳбарият шуморо қадр мекунад. Вазъи молиявӣ каме беҳтар мешавад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Кӯшиш кунед дӯстдоштаатонро ҳамон гуна, ки ҳаст, қабул намоед. Муносибатро бо мушкилоти рӯзгор вазнин насозед. Дар кор бо роҳбарият шитоб накунед ва талаботи сахт нагузоред. Имрӯз метавонед масъалаҳои молиявиро бомуваффақият ҳал кунед. Баъзеҳо роҳи зиёд кардани даромадро меёбанд. Ба саломатӣ диққат диҳед- дарди сар ё дил метавонад нишонаи хастагӣ бошад ва истироҳат талаб кунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Низоъҳо ба муносибатҳои ишқӣ таъсири манфӣ мерасонанд, бинобар ин қарорҳои шитобкорона нагиред. Рӯз барои муошират ва кори дастаҷамъӣ хеле хуб аст, ҳатто метавонед роҳбариро ба даст гиред. Худро дар корҳои нав низ санҷед. Ноустувории молиявӣ метавонад рӯҳияро паст кунад, аммо ба он аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед. Ба ғизо ва тозагӣ диққат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар масъалаҳои ошиқона танҳо ба бахт такя накунед, барои хушбахтӣ бояд талош кард. Айни ҳол меъёрҳои ахлоқиро риоя намоед. Шумо мехоҳед зиндагии худро рангоранг созед, бинобар ин бо наздикон вохӯрӣ ташкил кунед. Ба рушди касбӣ диққат диҳед, шояд вақти пешрафт фаро расидааст. Дар ҳафтаҳои наздик оила ва даромад барои шумо муҳим мешаванд. Кӯшиш кунед рӯҳияи худро бо корҳои дӯстдошта беҳтар созед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳо ба миён омада метавонанд, бинобар ин, аз баҳс худдорӣ кунед. Ба шумо каме танҳоӣ ва андеша лозим аст, аммо аз шарик дур нашавед. Дар ҷои кор эҳтимоли мушкилот ва ихтилофҳо вуҷуд дорад, аз ин рӯ бетарафиро нигоҳ доред. Барои даромад пайдо кардан рӯз мусоид аст. Субҳ нерӯи зиёд доред, вале шом эҳтимоли хастагӣ ба вуҷуд меояд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Муносибати нави ошиқонаро беҳтараш пинҳон нигоҳ доред, то дигарон халал нарасонанд. Бо аҳли оила озодона суҳбат кунед, онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд. Рӯз барои тағйири касб ё самти фаъолият мусоид аст. Аз мушкилот натарсед, танҳо дудилагӣ метавонад ба шумо зарар расонад. Эҳтимол давраи бознигарии арзишҳо оғоз шавад. Кӯшиш кунед нерӯи худро дуруст истифода бурда, тавозуни зиндагиро нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД