arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1990

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шумо имкони суҳбат бо шахсоне хоҳед дошт, ки донишу таҷрибаашон қаблан ҳам ба шумо кумак расонида буд. Аз онҳо маслиҳатҳои арзишманд хоҳед гирифт. Як мулоқоти тасодуфӣ бо шахсе, ки аз шумо комилан фарқ мекунад, метавонад оғози як достони ошиқона гардад. Метавонед бо ҷасорат ба корҳои нав оғоз кунед. Дар оғози рӯз беҳтар аст, ки ба корҳое машғул шавед, ки аз шумо серҳаракатиро талаб намекунанд. Нимаи дуюми рӯз хабари хуш мешунавед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз ба садои дили худ бештар гӯш диҳед, зеро интуицияи шумо беҳтарин роҳнамоятон хоҳад буд. Қарорҳое, ки қабул мекунед, дар оғоз ба атрофиён писанд нахоҳанд омад. Аммо ба зудӣ ҳақ будани шумо ба ҳамагон маълум мешавад. Ҳатто онҳое, ки қаблан ба ҳар қадаматон танқид мекарданд, инро эътироф хоҳанд кард. Дар муҳити корӣ бо ҳамкорон ва роҳбарият осон забон меёбед. Дар муносибатҳои шахсӣ ҳама чиз мусбат ҷараён мегирад. Шахси дӯстдошта шуморо аз як нигоҳ дарк мекунад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Рӯзи душвор аст, вале шумо дар корҳоятон натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Ҷавзоҳо зуд дарк мекунанд, ки ҳатто дар соҳаҳои ноошно ҳам метавонанд пешравӣ кунанд. Ҳунари ба худ ҷалб кардани одамон ба шумо кӯмак мекунад. Бо шарофати он, зуд пуштибон ва дӯстони боэътимод пайдо мекунед. Аммо дар масъалаҳои молиявӣ эҳтимоли мушкилот вуҷуд дорад. Харидҳои номуваффақ ва хароҷоти беҳуда имкон доранд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Оғози рӯз бад нахоҳад буд, аммо бисёре аз Саратонҳо майл ба ташвишҳои беасос доранд. Ҳодисаҳои ночизро аз ҳад зиёд ҷиддӣ қабул мекунанд ва ҳатто аз эроди кӯчак ранҷиш эҳсос менамоянд. Агар шумо таваҷҷӯҳатонро ба корҳои шавқовар равона созед ё ба ҳалли масъалаҳои муҳим машғул шавед, ин лаҳзаҳои ногувор зуд сипарӣ хоҳанд шуд. Нимаи дуюми рӯз муносибат бо шахсоне, ки қаблан бо шумо муносибати сард доштанд, беҳтар хоҳад шуд.

Асад (23 июл-22 август)

Шумо вазифаҳоеро, ки барои дигарон мушкил буданд, осон ҳал мекунед. Қарорҳое, ки қабул мекунед, дуруст хоҳанд буд, ҳатто агар вақти кам барои андеша кардан дошта бошед. Баъзеҳо пешниҳоди кориеро мегиранд, ки муддати тӯлонӣ орзуяшро доштанд. Дар муносибат бо наздикон нофаҳмиҳо эҳтимол доранд. Шуморо на ҳама дуруст дарк мекунанд, бинобар ин сабру таҳаммулро пеша намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Оғози рӯз метавонад душвор бошад. Агар Сунбулаҳо нақшаи иҷрои кори муҳимро дошта бошанд, бояд бештар ба нерӯ ва имконоти худ такя кунанд. Агар ба сафар баромаданӣ бошед, душвориҳои роҳро ба назар гиред. Нимаи дуюми рӯз барои муошират хеле мусоид хоҳад буд. Дар ин рӯз эҳтимоли гирифтани тӯҳфа ё даромади пулӣ вуҷуд дорад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Рӯзи хубест барои вохӯриҳои корӣ ва нишастҳои дӯстона. Ҳама нерӯ ва қобилиятҳои шуморо эътироф мекунанд, баъзеҳо ба шумо ҳасад мебаранд. Даромадҳои ногаҳонии пулӣ имкон доранд. Нимаи аввали рӯз барои ҳалли масъалаҳои эҷодӣ мувофиқ аст. Баъдан вақти хуб барои корҳои дақиқ, ки диққатнокиро талаб мекунанд, фаро мерасад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Оғози рӯз метавонад барои Ақрабҳо серташвиш бошад. Онҳое, ки мулоқоти муҳиме ё гуфтугӯҳои ҷиддиро ба нақша гирифта буданд, бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Шояд идома додани нақшаҳои қаблӣ номумкин гардад ва лозим ояд, ки ҳама чизро тағйир диҳед. Нимаи дуюми рӯз оромтар хоҳад гузашт. Баъзеҳо тавассути шиносоии нав кумакпулӣ ба даст меоранд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар роҳи шумо монеаҳои хурде пайдо шуда метавонанд, аммо шумо танҳо нахоҳед монд. Касоне, ки қаблан омодаи кӯмак ба шумо набуданд, ногаҳон худро ҳамчун пуштибон нишон медиҳанд. Ин метавонад оғози дӯстии дарозмуддат ё ҳатто муносибати ошиқона гардад. Сафарҳо низ бобарор хоҳанд буд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Шумо имрӯз хеле фаъол ва ҳушёр хоҳед буд. Ҳатто дар лаҳзаҳои мушкил, ақли зираки шумо роҳи дурустро нишон медиҳад. Баъзе Ҷаддиҳо на танҳо барои худ, балки барои атрофиён низ қарорҳои дуруст қабул карда, ба онҳо маслиҳатҳои арзишманд медиҳанд.
Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳо тавре рушд мекунанд, ки шумо интизор надоштед, аммо ин шуморо нороҳат намекунад. Баръакс, шумо имкони бештар аз оне, ки фикр мекардед, ба даст меоред.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Ин рӯз барои харидҳои калон, ки қаблан ба нақша гирифта нашуда буданд, мувофиқ нест. Ҳамчунин, бастани шартномаҳои муҳими тиҷоратӣ тавсия дода намешавад. Вале агар шумо дар қарорҳои худ шитоб накунед ва ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед, метавонед аз бисёре аз хатогиҳо пешгирӣ кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз муҳим аст, ки устуворӣ ва ҷасорати худро нишон диҳед. Танҳо бо иродаи қавӣ шумо ба ҳадафҳои деринаи худ мерасед. Монеаҳо имкон доранд, аммо аз онҳо набояд тарсид. Ба эҳсосоти наздиконатон бештар аҳамият диҳед. Имрӯз барои онҳо дастгирии шумо муҳим хоҳад буд. Шояд шахси дӯстдошта ё як рафиқи дерина мехоҳад бо шумо дар бораи чизе муҳиме суҳбат кунад ва эҳсосоти худро баён намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД