Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз метавонад шахсе ба зиндагиятон ворид шавад, ки ба шумо наздик ва мувофиқ аст. Эҳтимол туҳфаи гуворо мегиред, ки табъатонро болида мекунад. Баъзеҳо метавонанд хонаашонро тоза кунанд. Шояд лозим шавад, ки ба дигарон кумак кунед. Ин заҳмат мехоҳад, вале дӯстони хуб пайдо мекунед. Пули худро дуруст сарф кунед, аз харидҳои гарон худдорӣ намоед. Варзиш ва корҳои ҷисмонӣ имрӯз барои шумо фоида доранд.
Савр (20 апрел-20 май)
Агар мехоҳӣ ба наздикон туҳфа диҳӣ, онро бо муҳаббат анҷом деҳ. Имрӯз бо калонсолон каме нофаҳмӣ рух дода метавонад. Аммо набояд аз орзуҳоят даст кашӣ. Агар нияти боло рафтан дар корро дошта бошӣ, акнун вақти он расидааст. Ба масоили молиявӣ бодиққат бош, хароҷоти ғайричашмдошт мумкин аст. Ғизои солим, витаминҳо ва хоби хубро фаромӯш накун, зеро саломатиат дар хатар аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз эҳтимол муҳаббат ногаҳон ба сӯятон биёяд! Аммо эҳтиёт кунед, ки асабӣ нашавед. Хешовандони хурдсол метавонанд ташвиш диҳанд. Қарорҳои муҳимро дар хона шумо қабул мекунед. Кори мураккабро аз субҳ оғоз кунед, вақте ки диққататон бештар аст. Имрӯз барои хариду фурӯш хуб аст. Рӯзе ором ва бидуни ташвиш дар пеш аст, аз он лаззат бибар!
Саратон (21 июн-22 июл)
Дар муносибатҳои шахсӣ мушкили ҷиддӣ нест, вале шояд каме дилгир шавед. Яке аз наздикон метавонад шуморо ранҷонад. Ба ҳарфҳои носазо ҷавоб надиҳед. Имкони фоидаи хуби молиявӣ ҳаст, аммо ҳама чиз ҳамеша барор намекунад. Агар пулро сарф карданӣ бошед, оқилона харид кунед. Ба саломатии худ ғамхорӣ кунед, хусусан дар ҷойҳои серодам эҳтиёт бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Бо шахси дӯстдошта ростқавл ва самимӣ бошед. Ин ба фаҳмидани якдигар кумак мекунад. Гоҳ-гоҳ бояд мулоим бошед. Ба эҳтиёҷи аҳли хона гӯш диҳед. Шояд бо шахсе шинос шавед, ки дар кор шуморо дастгирӣ мекунад. Ба маслиҳати дигарон такя накунед, беҳтараш ба ҳисси ботинӣ ва таҷрибаатон эътимод кунед. Барои худ ва саломатӣ вақт ҷудо кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Эҳсосоти худро пинҳон накунед, бо самимият гап занед. Шояд шахси ҷолибе пайдо шавад, ки ба шумо писанд ояд. Кӯшиш кунед касеро бо сухан наранҷонед. Барои осоиш дар хона, беҳтараш баҳс накунед. Қуввататонро дуруст тақсим кунед, корҳои нимкораро ба анҷом расонед. Агар бо корҳои идора сарукор дошта бошед, бодиққат бошед. Аз асабоният худдорӣ кунед, осоиш ба саломатиатон фоида меорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз мумкин аст бо дӯстдоштаатон нофаҳмӣ дошта бошед. Беҳтараш ором бошед ва аз баҳсу гуфтугуҳои нодаркор худдорӣ намоед. Шонси хуби беҳбудии молиявӣ ҳаст, имкони ба даст овардани пулро аз даст надиҳед. Истеъдод ва ҳушёриятон ба пешрафти шумо кумак мекунад. Варзишро фаромӯш накунед, ҷисматон ғамхорӣ мехоҳад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз худро ором ва орзупарвар ҳис мекунед. Ҳатто агар муҷаррад бошед, муҳити хонаводаатон бояд гарму пур аз муҳаббат бошад. Бо наздикон нарм рафтор кунед. Аз яку якбора харид кардан худдорӣ кунед. Рӯз метавонад душвор бошад, вале агар табъатонро болида нигоҳ доред, ҳама кор осон мешавад. Харидҳои калон ва сармоягузориро ба фардо гузоред. Каме сайругашт кунед, табиат рӯҳатонро ором мекунад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шояд эҳсос кунед, ки бо дӯстдоштаатон дигар мувофиқат надоред. Фикр кунед, ки оё ин шахс барои шумо муносиб аст. Агар оиладор бошед, қарорҳои муҳимеро бояд худатон қабул кунед. Имрӯз барои кори тиҷоратӣ хуб нест. Аз хариди гарон худдорӣ намоед. Эҳсосотатон метавонад ба исрофкорӣ бибарад. Ба меъдаву рӯда ғамхорӣ кунед, ғизои сабук бихӯред ва аз мурч дурӣ ҷӯед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шахсе пинҳонӣ ба шумо таваҷҷуҳ дорад. Агар танҳо бошед, шояд муҳаббати нав пайдо шавад. Агар дар муносибат бошед, вафодор бошед. Имрӯз масъалаҳои хонаводагиро хуб ҳал карда метавонед. Кори расмиро зуд анҷом медиҳед, баъд вақти корҳои хонагӣ мерасад. Имрӯз барои тағйирот ва пешрафт хуб аст. Шонси беҳбудии молиявӣ зиёд аст. Аз шамолкашӣ эҳтиёт кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Тағйироти бузурги ҳам хуб ва ҳам бад дар ҳаёти шахсиятон имкон дорад. Ба асаби наздикон нарасед. Шояд хоҳиши муҳаббати нав пайдо шавад, вале ба дӯстдоштаатон содиқ бошед. Имрӯз вақти хуб барои танзими корҳои рӯзмарра аст. Ба осонӣ ба муваффақият мерасед. Ҳеҷ чиз абадӣ нест, ҳатто давраи душвор! Хоби дуруст ба шумо фоида меорад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ҷодаи муҳаббат шитоб накунед, аввал шахсро хуб шиносед. Ба ҷои интиқоди зиёд, каме ба худатон нигоҳ кунед. Қабл аз он ки касеро бад мегӯед, фикр кунед, ки худатон то куҷо хуб ҳастед. Манбаи нави даромад пайдо мешавад. Варзиш фоида дорад, вале аз машқҳои сахт худдорӣ кунед, эҳтимоли лат хӯрдан ва кашиши мушакҳо вуҷуд дорад.