Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои нафарони танҳо имкони пайдо кардани шахси муносиб вуҷуд дорад. Ҷаззобият ва хушмуомилагии шумо диққати дигаронро ба худ мекашад. Рӯз барои анҷоми корҳои ором ва бидуни шитоб мувофиқ мебошад. Эҳтимол мушкилоти наздиконро низ ҳал кунед. Агар дигарон имрӯз фикрҳои шуморо нафаҳманд, хафа нашавед, ба зудӣ вазъият дигар мешавад. Аз фикрҳои манфӣ дур бошед ва ғизои сабуку солим истеъмол кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Барои бонувон шиносоии ҷолиб ё эҳсоси нав эҳтимол дорад. Каме бештар эҳсосоти худро нишон диҳед, то шахси дӯстдоштаро беҳтар шиносед. Имрӯз ба корҳои дӯстдошта диққат медиҳед ва онҳо метавонанд даромад оваранд. Барои харид ё гирифтани қарз рӯзи мувофиқ нест. Шом эҳтимоли сардард ё хастагӣ вуҷуд дорад, бинобар ин бештар истироҳат кунед ва чойи гарм нӯшед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз фикри хубе ба саратон меояд, беҳтараш онро бо шахси дӯстдоштаатон дар миён гузоред. Дар гуфтор эҳтиёткор бошед, зеро рашк ё нофаҳмӣ метавонад баҳс ба вуҷуд оварад. Барои қабули қарорҳои муҳим хирад ва сабр лозим мешавад. Ба одамони ношинос ва ваъдаҳои “пули осон” бовар накунед. Баъзеҳо метавонанд худро каме нотоб ё хаста эҳсос кунанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои нафарони танҳо диққати зиёд аз ҷониби ошиқон пешбинӣ мешавад. Аммо ҳоло беҳтараш ба муносибати нави ошиқона шитоб накунед ва бештар ба аҳли оила аҳамият диҳед. Қарорҳои муҳимро дар зиндагӣ худатон қабул кунед. Дар масъалаҳои молӣ сарфакор бошед, зеро хароҷоти зиёдатӣ метавонад мушкил эҷод кунад. Аз кори вазнин ва фаъолияти зиёдатӣ худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз шуморо мулоқоту суҳбатҳои зиёд интизоранд, вале эҳтимоли ёфтани шахси воқеан муносиб кам аст. Агар аз корҳои ҳаррӯза хаста шуда бошед, каме истироҳат ё сафар бо шахси наздик ба шумо фоида меорад. Ба маслиҳати одамони таҷрибадор гӯш диҳед. Дар касбу кор гуфтушунид ва бастани шартномаҳо муваффақ мешаванд. Гарчанде нерӯятон кам бошад ҳам, ҳамаи корҳои лозимаро анҷом медиҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муносибатҳои нави ошиқона метавонанд зудгузар бошанд ва дер давом накунанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки танҳо барои хушнуд кардани дигарон зиндагӣ накунед. Эҳтимол бо нафароне, ки дӯсташон намедоред, муносибатро беҳтар созед. Барои қарз гирифтан ё муомилаҳои молиявии хатарнок рӯзи хуб нест. Қувваи худро дуруст тақсим кунед, то аз хастагии зиёд эмин монед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои дӯстдоштаатон сюрприз ё мулоқоти романтикӣ ташкил кунед, ин эҳсосоти шуморо боз ҳам гарм мекунад. Рӯз барои корҳои рӯзмарра ва харидҳои муҳим мусоид аст. Дар касбу кор заҳмати шумо қадр шуда, ҳатто мукофот гирифтан мумкин аст. Саховатмандӣ ва дастгирии шумо беҷавоб намемонад. Агар аз одати бад халос шудан хоҳед, имрӯз вақти хубест барои оғози тағйирот.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Субҳ каме асабонӣ ё айбҷӯ мешавед, аммо баъди суҳбат бо шахси дӯстдоштаатон ҳолат беҳтар мегардад. Рӯзи пур аз кору ташвиш хоҳад буд. Ба амнияти хона ва масъалаҳои рӯзгор диққати бештар диҳед. Масъалаҳои молӣ метавонанд каме ташвиш оваранд, вале тағйироти хуб дар кор ё ҷомеа низ эҳтимол дорад. Аз ғизои вазнин ва серравған худдорӣ кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар муносибат бо шахси наздик эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин боандеша ва ором бошед. Барои оиладорон мушкилоти вобаста ба хона ё молу мулк пеш меоянд. Дар касбу кор ба шумо вазифаи нав ва масъулияти бештар медиҳанд. Хабару маълумотро бодиққат қабул кунед, то саргардон нашавед. Вазъи молӣ ба зудӣ беҳтар мегардад. Машғулияти оромбахш метавонад стрессро кам кунад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз барои ҳал кардани баҳсҳои кӯҳна ва барқарор кардани муносибатҳо рӯзи хуб аст. Беҳтараш вақти холиро дар хона гузаронед ва аз чорабиниҳои серодам дурӣ ҷӯед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо ё таҳсил эҳтиёткор бошед, зеро хатогӣ имкон дорад. Аз хароҷоти нолозим парҳез намоед. Барои рафъи стресс ба машрубот рӯ наоред, истироҳати солим беҳтар аст.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар муддати дароз дар муносибат бошед, ба зудӣ тағйироти хуш дар ҳаёти шахсӣ имкон дорад. Аммо як хабар метавонад рӯҳияи шуморо ноором созад ва дар хона нофаҳмӣ ба вуҷуд оварад. Дар касбу кор тағйироти ногаҳонӣ мешаванд ва шумо бояд зуд мутобиқ шавед. Хароҷоти ғайричашмдошт эҳтимол дорад. Хушбахтона, дар паҳлуятон одамоне ҳастанд, ки шуморо дастгирӣ мекунанд.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Ба шахси дӯстдошта аз ҳад вобаста нашавед. Ҳафтаи оянда пур аз вохӯриҳо ва рӯйдодҳои нав мешавад. Нооромии хонаводагӣ метавонад диққати шуморо парешон кунад. Заҳмати зиёд мақоми шуморо дар кор баланд мебардорад, вале худро аз ҳад хаста насозед. Барои фикр кардан дар бораи сармоягузорӣ вақти хуб аст. Баъзеҳо метавонанд аз сардард ё болоравии фишор ранҷ баранд.