arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
3092

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, пешгирӣ карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ рафта, дар хонаи худ низ меҳмон қабул карданатон имконпазир аст. Бегоҳирӯзӣ аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед. Пурхӯрӣ меъдаатонро бемор месозад, каме андозаро нигоҳ доред.

Савр (21 апрел-20 май)

Тамоми нақшаҳои неки шумо бо сабаби пеш омадани вазъиятҳои ногаҳонӣ амалӣ намегарданд. Маблағи бисёр сарф карданатон эҳтимол дорад, хароҷотро кам кунед. Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро ба дил наздик нагиред. Хусусан, инҷиқиҳои дӯстдоштаатон муваққатӣ аст. Дарди сар низ ба зудӣ мегузарад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Дар амалу кирдор ба эҳсосот дода мешавед, табъатон зуд-зуд тағйир меёбад. Баъзан болидарӯҳ мешаведу гоҳи дигар ғамгину рӯҳафтода. Нафароне, ки кӯшиши заррае хушҳол намудани шуморо мекунанд, муваффақ намешаванд ва бар замми ин, ба қаҳру ғазабатон гирифтор мегарданд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои нишон додани ташаббус дар муносибатҳои шахсӣ. Шумо имкони ба даст овардани муҳаббати нафареро пайдо месозед, ки кайҳо боз ба дилатон писанд аст. Изҳори ногаҳонии муҳаббат, мулоқоти ошиқона ва туҳфаи хотирмон дар назар аст. Ба кӯмаки касе умед набандед.  

Асад (23 июл-22 август)

Агар дар муносибатҳои ошиқона қадаме ба пеш гузоштан мехостед, имрӯз айни муддаост. Муҳим он аст ки бо шахси бароятон азиз самимӣ бошед, ҳар дурӯғи гуфтаатон ба зудӣ фош мегардад. Нафаре бо маблағи пулӣ хотиратонро шод мегардонад. Бо ин пул аз пайи табобат шавед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, заҳмати зиёд мекашеду самараашро мебинед. Мушкилиҳои пулиро зуд рафъ месозед. Агар имкон дошта бошед, дар ин рӯз вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед. Бемор шуданатон эҳтимол надорад, вале ба ҳар ҳол аз шамолхӯрӣ ва бемории зуком эҳтиёт шавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз боэҳтиёт бошед, моҷароҷӯӣ накунед, вагарна дили наздиконатонро сахт меранҷонед. Барои он ки рӯз оромона сипарӣ гардад, аз айбҷӯиву танқид худдорӣ намоед. Беҳтараш бо оростани дастурхони идона машғул шуда, ба дӯстдоштаатон кӯмак расонед. Маблағи зиёд сарф карданатон дар назар аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар баробари боҷуръатӣ, дағал ҳам мешавед ва ин хислататон боиси муноқиша карданатон бо атрофиён мегардад. Аз рӯйи шиори “ҳафт бор чен куну як бор бур” амал намоед. Дар акси ҳол якравиву бадҷаҳлӣ моҷарои зиёдеро ба саратон меорад. Дӯстдоштаатон аз шумо туҳфаро интизор аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ягон навигарӣ мехоҳед. Агар дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳаш гузаронед. Рафту муҷарраду танҳо бошед, кӯшиши бо нафаре шинос шуданро кунед. Барои зиёфати шоҳона маблағи зиёд сарф кунед ҳам, хурсандии наздиконро дида, заррае пушаймон намешавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ҳар кореро, ки оғоз намоед, аз ӯҳдааш ба осонӣ мебароед. Нисбати наздикон ва дӯстдоштаатон меҳрубонӣ намуда, туҳфа тайёр кунед. Барои он ки ба зудӣ бе пул намонед, дар ин шабу рӯз пулро зиёд сарф накунед. Бегоҳирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна ба меъдаатон вазнинӣ меафтад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Тамоми пешниҳодҳоеро, ки дар ин рӯзҳо мегиред, бодиққат дида бароед. Нимаи дуюми рӯз кори вазнин мадору қуввататонро мегирад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад. Сафари роҳи дур боиси каме нотоб шуданатон мегардад. Барои дӯстдоштаи худ туҳфа хариданро фаромӯш насозед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз воқеаҳои ногувор ва ҳатто хатарнок рух дода метавонанд. Аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед, вагарна ҳам дар кору ҳам ҳаёти шахсӣ сахт фиреб мехӯред. Дӯстдоштаатон ба муҳаббати шумо ниёз дорад, нисбаташ бепарво набошед. Дар ҳавои сард сайр карданатон хуб аст, вале аз ҳад нагузаронед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД