Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бо шахси дӯстдошта дилёбӣ карданатон лозим аст, он гоҳ муносибатҳоятон рангоранг мегардад. Дар оила шояд бе сабаб ихтилоф пайдо шавад, пас беҳтар аст аз баҳсу ҷанҷол худдорӣ намоед. Имрӯз фурсати хуб барои шиносоӣ бо шахсони ботаҷриба ва омӯзиш аст. Шумо дар ҷустуҷӯи тағйирот ҳастед: кори нав, хона ё муносибатҳои дигар. Бе тарсу ҳарос ба сӯи орзуҳои худ қадам гузоред. Имрӯз ҳиссиёт шуморо гумроҳ месозад, аз ин рӯ ба ақл такя кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар масъалаҳои ошиқона тағйироти бузург дида намешавад, агар худатон иқдом накунед. Дар ёд дошта бошед, ки сарнавишти шумо дар дасти шумост! Энергияи худро барои кумак ба шахсоне истифода баред, ки воқеан ниёз доранд. Дар кор ҳама чиз мувофиқи нақша меравад, шумо на танҳо бо вазифаҳои худ олиҷаноб мубориза мебаред, балки ба дигарон ҳам кумак мерасонед. Дар масъалаҳои молиявӣ ором бошед: даромади пулӣ дар пеш аст. Вале бо таҷҳизоти техникӣ бодиққат бошед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Тағйирот асосан дар ҳаёти шахсӣ дида мешавад. Шумо кайҳо барои ин омода будед. Имрӯз қарорҳои муҳимро худатон қабул намоед, дигарон метавонанд маслиҳати нодуруст диҳанд. Бо мансаб ё маоши баландтар мукофотонида мешавед. Даромади молиявии шумо беҳтар мегардад. Энергияи худро бо варзиш ё фитнес ба самти дуруст равона кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз нафаре метавонад бо мақсадҳои манфиатҷӯёна ба шумо наздик шавад. Бо худ танҳо монда, беҳтар дарк мекунед, ки ин шахс барои шумо муносиб аст ё на. Барои иҷрои корҳои дермонда вақт ҷудо кунед, ин шуморо аз ташвишҳои оянда раҳо месозад. Корҳои шурӯъшударо ба анҷом расонед ва барои оғози корҳои нав замина омода созед. Аз фикрҳои ғамангез худдорӣ кунед ва ба ақли худ такя намоед.
Асад (23 июл-21 август)
Агар мехоҳед муносибатҳои кандашударо эҳё намоед, барои ин талош лозим аст. Дар ҳаёти оилавӣ боварии бештар ба вуҷуд меояд, ихтилофҳо паси сар мешаванд. Барои расидан ба мақсадҳои худ тарсро канор гузоред ва аз одати худ даст кашед. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт кунед, эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Вохӯрии ошиқона метавонад хеле хотирмон шавад, агар шумо боҷуръат бошед. Дар оила мумкин аст каме нороҳатӣ ба вуҷуд ояд, зеро аз шумо интизори иҷрои бисёр корҳо хоҳанд шуд. Дар кор рақибон наздик мешаванд ва ин метавонад фишор биёрад. Ба бозиҳои пулакӣ дил набандед. Имрӯз эҳсоси руҳафтодагӣ ва андуҳ метавонанд шуморо фаро гиранд, вале ёдоварӣ аз лаҳзаҳои хуб шодмонатон мекунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муносибот бо дӯстдошта нофаҳмиҳо пеш омада метавонанд. Баъзан шахси наздиктарини шумо ҳам метавонад беихтиёр азият диҳад. Сӯҳбати рӯ ба рӯ сабаби беҳтар фаҳмидани якдигар мегардад. Дар кор худро таъриф кунед, шарм надошта бошед. Аз гирифтани қарз ё қарздиҳӣ эҳтиёт шавед, пули худро ба зудӣ гирифта наметавонед. Ба саломатии рӯҳӣ аҳамият диҳед ва имрӯзро барои истироҳат сарф намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар имрӯз хоҳиши мулоқоти ошиқона надошта бошед, худро сарзаниш накунед. Муносибати шумо бо дӯстдоштаатон метавонад аз нав беҳтар шавад, агар бахшишу фаҳмиш ҳукмфармо шавад. Эҳсосот метавонад дар ҷойи ақл биистад, аз ин рӯ, аз муноқишаҳо бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Бо пул сарфакорона рафтор кунед. Барои нигоҳубини худ ва тағйири намуди зоҳирӣ фурсати беҳтарин аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Муносибатҳои ошиқонаро рушд диҳед: нақшаҳои ояндаро муҳокима кунед, шавқу завқҳои муштарак ёбед. Барои оиладорҳо хабарҳои хуш интизор аст: вазъи молиявӣ беҳтар мешавад. Агар роҳбар масъулиятҳои иловагӣ диҳад, талаб намоед, ки барои он подош гирифта шавад. Аз харидҳои гаронбаҳо худдорӣ намоед. Имрӯз муҳаббат ва меҳрубонии худро бо наздикон бештар намоед. Боздиди духтури дандон тавсия дода мешавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз дурӣ ва ҷанҷолҳои бефоида дар муносибатҳои ошиқона худдорӣ кунед. Барои нигоҳ доштани осоиш дар оила каме заҳмат кашидан лозим аст. Дар кор ба дастовардҳои хуб ноил мешавед, роҳбарият заҳматҳои шуморо қадр мекунад. Вазъи молиявӣ устувор аст, аммо барои даромади хубтар кӯшиш кардан зарур мешавад. Дар роҳ ва дар нақлиёт эҳтиёт шавед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз бояд ба дӯстдоштаи худ диққати махсус диҳед - эҳтимолан, ӯ ба дастгирии шумо ниёз дорад. Рӯзи пур аз вохӯриҳои хуш хоҳад буд. Тағйири муҳит ва шиносоии нав бароятон судманд мегардад. Илова бар ин, агар имконият бошад, рухсатӣ гиред. Барои оғоз кардани корҳои нав эҳтиёткор бошед ва на ба даромади зуд, балки ба устуворӣ аҳамият диҳед. Субҳ машқи бадан кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Агар хоҳед, метавонед аввал ба дӯстдоштаатон занг занед, ин иқдом ӯро шод хоҳад кард. Аз вохӯрӣ худдорӣ накунед. Дар оила эҳтимоли муноқиша зиёд аст, пас баҳсҳои беҳударо канор гузоред. Хароҷоти калон накунед, маблағро захира намоед. Аз шитоб ва изтироб худдорӣ кунед, ва агар худро ноором ҳис кунед, фурсат ёбед ором шавед.