Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1954

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ором аст. Зимни муносибат бо шахсони наздикатон эҳтиёткор бошед, вагарна бо сухани ноҷое хотири онҳоро озурда карданатон мумкин аст. Хусусан дӯстдоштаатонро бо дағалӣ наранҷонед. Қувваи кофӣ захира кунед, зеро ба наздикӣ корҳоятон зиёд мешаванд. Боду ҳаворо нигоҳ карда, ба он мувофиқ либос пӯшед, то шамол хӯрда, бемор нашавед.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи серташвиш аст. Дар ин рӯз ба шумо кори нав пешниҳод мекунанд, вале дар қабули қарор саросема нашуда, аввал оқилона фикр кунед. Кӯшиш кунед, ки фикрҳоятонро ҷамъ карда, дурнамои касбу коратонро пешгӯӣ кунед. Баъзе амалҳои шумо ба ҳолати рӯҳиву равонии пайвандонатон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Аввали рӯз каме серташвиш аст, вале мушкилиҳо зуд рафъ мегарданд. Нооромии имрӯзаи шумо дар корҳоятон мушкилӣ пеш меорад. Ба ҳамин хотир, кӯшиш кунед, ки худро ба даст бигиред. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие дар назар нест, ҳамааш дар сатҳи олӣ хоҳад гузашт. Ба худ боварӣ дошта бошед, вале аз ҳад нагузаронед. Даромади иловагӣ дар назар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи бобарор аст. Дар ин рӯз вақти пурқимати худро барои ҳар гуна корҳои майда-чӯйда сарф накунед. Ақибнишинӣ накарда, кӯшиш кунед, ки ҳамеша пешсаф бошед, зеро шумо метавонед. Дар ақидаи худ устувор бошед, ба ҳадде, ки касе шуморо гумроҳ карда натавонад. Моҳонаро гирифта, дарҳол ба мағоза нашитобед.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи ором аст. Дар ин рӯз ба кори нав даст назанед, балки корҳои пешинаро идома бидиҳед. Дар муҳити хона ба бетартибӣ роҳ надиҳед. Барои амалҳоятон мукофот мегиред ва шавқи кор кардан дар шумо бештар мешавад. Асадҳои танҳо имрӯз ҳам барои худ нафари мувофиқу муносибро пайдо карда наметавонанд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Имрӯз ҳам барои фаъолияти касбӣ ва ҳам барои муносибатҳои шахсӣ рӯзи мусоид аст. Сунбулаҳои хуштолеъ дар ин рӯз ҳар чизи мехостаашонро ба даст оварда метавонанд. Барои иҷрои корҳои гурӯҳӣ низ вақти хуб аст. Агар лозим шавад, аз нафарони кордон маслиҳат пурсед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи ноором аст. Дар ин рӯз ба қавле бо дасти чап аз хоб мехезед, зеро давоми рӯз тамоман худро хуб ҳис намекунеду бо атрофиён муноқиша мекунед. Кӯшиш кунед, ки бо атрофиён созиш пайдо кунед, вагарна ин коратон оқибати хуб надорад. Шоми худро бо наздикон гузаронед ва кӯшиш кунед, ки ба асабоният дода нашавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор аст. Рӯзи умедбахш ва бахткушо хоҳад буд, хусусан барои нафароне, ки танҳоянд. Ба худ бовар карданро омӯзед. Дар интихоб ва истеъмоли ғизо бодиққат бошед. Истеъмоли хӯрокҳои хамириро дӯст медоред, аммо вақти он расидааст, ки шом хӯроки сабук ва бештар сабзавоту меваҷот истеъмол кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи серташвиш аст. Онро беҳуда паси сар карда наметавонед. Ҳатман барои иҷрои коре камар мебандед. Маълумотҳоеро, ки аз дигарон мешунавед, мавриди санҷиш қарор диҳед. Ноумед набошед, зеро дигарон нақшаҳои шуморо ҷонибдорӣ мекунанд. Худатон нағз медонед, ки бояд чӣ кор кунед. Пеш аз ҳама эътимод дошта бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи ором бошад ҳам, шумо ором нестед. Ба қобилияти худ шубҳа карданро бас кунед. Ҳар қадар ба худатон камтар бовар кунед, ҳамон қадар боварии дигарон нисбати шумо кам мешавад. Шом хонаводаатонро бо хӯроки болаззат зиёфат диҳед. Бештар ба корҳое машғул шавед, ки аз онҳо ба шумо фоидае бирасад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Аз тағйир додани ҳаёти худ дар ҳарос набошед. Муносибатҳои пешинаро дубора барқарор кунед. Хоб мебинед ва кӯшиш кунед, ки таъбири дурусти онро пайдо намоед. Даромади иловагиро интизор бошед. Фарзандонатон ба шумо сахт эҳтиёҷ доранд, меҳру муҳаббатро нисбаташон арзонӣ доред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳутҳо рӯзи худро бо хушиву хурсандӣ паси сар мекунанд. Маблағҳои давоми моҳ ҷамъ кардаатонро дар як дам ба боди фано надиҳед. Пеш аз он ки барои харид меравед, молҳои лозимаро рӯйхат кунед. Шом хабари хуш мешунавед ва аз он хушхабар кулли ғаму дарди рӯзонаро фаромӯш мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД