Formula novemver 2024
ТОҶИКЗАНЕ, КИ БО КУЛЧАФУРӮШИ СОҲИБИ СЕХОНАГА ШУД
3335

 Модари чор фарзандам. Азбаски фарзандонам падар надоранд, аробаи зиндагиро худам мекашам. Нони хӯрдан надоштем. Кӯдаконам аз гуруснагӣнамуранд гуфта, модарамро ба хонаам бачабон овардаму азми сафари Русия намудам.

Бо маслиҳати додаронам ба Москва омадам. Бахтам омад карду ба зудӣдар нонвойхона кор ёфтам. Кулчаҳои равғанини тоҷикӣ пухта дар бозори Садавод мефурӯхтам. Аввалҳо русҳо ба нони ношинос-кулча бо чашми шубҳа менигаристанд, баъдтар тамъашро чашида чунон одат карданд, ки аз бисёрии харидор дар атрофам ҷойи сӯзанпартоӣ намемонд. «Какие вкусные лепёшки, дайте мне пожалуйста» гӯён, аз чор тараф харидорон садо мекарданд. Русҳо баъзан барои кулчаҳои равғании тоҷикӣбо ҳамдигар ҷанҷол мешуданд. Харидори кулчаҳоям, ки бисёр буд, дар як рӯз чанд маротиба ба бозор нони гармак мебурдам. Ҳамин тавр пули калон кор карда баргаштам ва барои бачаҳоям аз маркази шаҳр хонаи сеҳуҷрадори зебое харидам. Бисёриҳо аз хонаашон набаромада иддао мекунанд, ки тоҷикон дар Русия овораю сарсон шуда, нони хӯрдан намеёбанд. Ин гапҳо дурӯғи маҳзанд. Ман инро аз таҷрибаи худам мегӯям. Одами танбал дар ҳақиқат азоб мекашад, вале тоҷики меҳнатӣ албатта соҳиби пулу мол мешавад. Русҳо то ҳол интизори кулчаҳои равғании тоҷикӣ будаанд, аз ин хотир пас аз иди рамазон боз азми сафар дорам. Дуо мекунам, ки худованд пеши кори тамоми тоҷикони муҳоҷирро кушода ва киссаҳояшонро пур-пури доллар созад! Гулбарг, муҳоҷирзани бозори Садавод.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД