Бо мақсади таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар шаҳри Ҳисор аксияи “Тоҷикона мепӯшем” ҷараён дорад.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксияи мазкур дар ҳамкории ин ниҳод бо шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 31-уми майи соли 2024 баргузор карда мешавад.
- Давоми даҳаи аввали моҳи март гулдухтарони атласу адрас ва чаканпӯш аз муассисаҳои давлатии литсейи касбӣ-техникӣ ва коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ либосҳои миллӣ ба бар карда, дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор намуданд, ки ба баланд гардидани маърифати либоспӯшии ҷавонондухтарон мусоидат хоҳад намуд,- меафзояд манбаъ.