toyota motors
Тоҷикистонро дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар СММ Ҷонибек Ҳикмат намояндагӣ кард
20.05.2026
Oila.tj
96

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино баргузор гардидааст.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ Ҷонибек Ҳикмат намояндагӣ кардааст. Дар ҷараёни суханронӣ таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки ҳамасола 25-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Ҳамчунин зикр шудааст, ки футбол имрӯз ҳамчун василаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ миёни халқҳо, бахусус ҷавонон хизмат мекунад.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ҳозирин ва тамоми мухлисони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, нақши вижаи ин бозиро дар муттаҳид намудани одамон новобаста аз миллат, фарҳанг ва забон таъкид намудааст. Ӯ ҳамчунин аз ташаббусҳое, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон равона шудаанд, пуштибонӣ кардааст.

Дар ҷараёни чорабинӣ президенти ФИФА бо намояндагони Тоҷикистон самимона суҳбат намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ивази пироҳан кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД