arzon replenishment
ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН БА ҲАЙСИ ЯК ВИЛОЯТ БА ҲАЙАТИ РУСИЯ ШОМИЛ МЕШАВАНД?
1686

Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский ахиран гуфт, ки чӣ гуна кишварҳои ИДМ метавонанд ба ҳайати Русия ҳамроҳ шаванд ва ин иқдом барои онҳо чӣ паёмадҳо дорад.

Владимир Жириновский гуфт, ки сиёсатмадорони кишварҳои ҳамсуд метавонанд тадриҷан як чизе қудратмандтар аз ИДМ бисозанд.

Ӯ дар суҳбат бо радиои "говорит Москва" таъкид дошт, ки муносибатҳои Русия ва Беларус ҳоло дар шакли кишвари шарик нигоҳ дошта мешаванд.
Сиёсатмадор илова кард, ки ҳамин гуна шакл метавон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон низ пешниҳод кард.
"Беҳтарин роҳи ҳалли ҳама масъалаҳо, таъмини амнияти комил ва рушди иқтисод - ин дохил шудани 14 ҷумҳурии собиқи иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси вилоят ба ҳайати Русия мебошад: вилояти Душанбе, вилояти Бишкек, вилояти Ереван, вилояти Рига, вилояти Житомир, вилояти Киев ва ғайра", - гуфт Жириновский.
Сиёсатмадор инчунин дар суҳбаташ афзуд, ки 20 сол пеш Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ба гуфтаҳои ӯ розӣ будааст ва Лукошенко он замон гуфта будааст, ки Беларус омода аст ба ҳайати Русия шомил шавад.

БОЗНАШР АЗ СПУТНИК.ТЧ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД