Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин бора Вазорати
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла дар ин самт бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки то соли 2025 амал менамоянд.