Тоҷикистон то соли 2027 ба пуррагӣ бо интернети баландсуръати 4G фаро гирифта мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иттилоъ дода гуфт, хадамоти алоқа аллакай ба тамоми ширкатҳои мобилӣ дар ин хусус дастур ирсол намудааст.
“Мушкили суръати пасти интернет ҳоло танҳо дар алоқаи мобилӣ аст ва дар интернети ноқилӣ чунин мушкилӣ вуҷуд надорад. Тоҷикистон то соли 2027 ба пуррагӣ бо интернети баландсуръати 4G фаро гирифта шуда, ин мушки л аз байн меравад,”-гуфт раиси Хадамоти алоқа.