arzon replenishment
Тоҷикистон соҳиби Шоҳҷоиза шуд
358

Дар шаҳри Москва шоҳкитоби Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино “Қонуни тиб” дар Озмуни XXI-уми байналмилалии “Санъати китоб”-и кишварҳои аъзои ИДМ барандаи Шоҳҷоиза шуд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Москва” баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф иштирок ва дипломи Озмунро қабул намуд.

Китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хати сириллик тавассути Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии “Санъати китоб”-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 7-8-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва натиҷаи он дар шаҳри Москва эълон гардид. Озмун аз 10 номина иборат мебошад, ки вобаста ба он ноширони давлатҳои ИДМ маҳсули кори хешро пешниҳод намудаанд.

Китобҳои дигари ноширони тоҷик дар ин Озмуни байналмилалии китоб соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорномаҳои вижа шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД