arzon replenishment
Тоҷикистон соҳиби интернети баландсуръат мешавад?
542

Аксари сокинони кишварамон аз хеле суст будани суръати интернет шикоят мекунанд. Бо мақсади ҳалли ин мушкил Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании хусусӣ иҷозатномаи ворид кардани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро додааст.

Гуфта мешавад, ки тадбири мазкур бо мақсади баланд бардоштани суръати Интернет ва паст намудани арзиши он дар Тоҷикистон андешида шудааст.

Ин иқдом хеле муҳим ва зарурӣ буда, барои паст намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет шароити мусоид фароҳам меорад.

Тадбири зикршуда бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-декабри соли 2022 ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, паст намудани арзиши хизматрасонии алоқаи мобилию интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишварамон ба роҳ монда шудааст.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» дар такя ба Хадамоти алоқа хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД