«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Агар мо хоҳем як истилоҳеро интихоб кунем, ки дар он мазмун ва моҳияти тамоми муқаддасоти миллиамон бигунҷад, ин истилоҳ чӣ истилоҳе метавонад буд? Тамоми муқаддасот, яъне: озодӣ – Истиқлолияти давлатӣ; Парчами миллӣ; Нишони давлатӣ; Забони давлатӣ ва ғайраҳо. Чунин истилоҳ, вожаи “Ваҳдат” ва ё ибораи “Ваҳдати миллист”, ки гарав, кафолат ва шарти асосии мавҷудият ва пойдории ҳар қавму халқу миллат дар ин дунё ҳисоб меёбад. Миллате, ки ба ин ягонагӣ, яъне Ваҳдати миллӣ расидааст, ҳамеша дар пешорӯи бӯҳрону тӯфонҳои замонаҳо пойдор буда, ҳаргиз аз саҳифаи таърих сутурда намешавад ва кафолати мавҷудияти ӯ ҳамин ягонагӣ, ҳамин ваҳдати миллист, мегӯяд Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон.
Аз назари шоир, халқҳое ки ба чунин ягонагиву якдилӣ расидаанд, ҳатто бо ҳама фишорҳои бегона, ҳатто бо маҳрумият аз давлатдорӣ ва тазйиқу кушторҳо солҳои сол арзи вуҷуд доранд, зеро ваҳдати бегазанду пойдор муҳофизи ҳамешагии онҳост.
Ваҳдати миллӣ чист? Ваҳдати миллӣ эҳсоси ягонагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳфӣ ва пойдории як халқ, як миллат аст. Барои ба вуҷуд омадан, шакл гирифтан, пойдор ва хусусан бегазанд гардидани худ як халқ ва миллат бояд ин ваҳдат, ин ягонагиро дар ҷисму ҷони худ аз кӯраи сӯзони асрҳо бигзаронад ва имтиҳонҳои гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намояд.
Танҳо ҳамон вақт пирӯзии мавҷудияти як халқро метавон эътироф кард, ки ваҳдат ва ё ваҳдати миллӣ воқеан дар сиришт ва бунёди он халқ устувор шуда бошаду дар шараёнҳои равонаш ҷорӣ гардад; вожаи “ваҳдат” дар забони ӯ ҳамеша бо оҳанги мутантану пурифтихор, бидуни хастагӣ садо бидиҳад, мисли вожаи модар. Бубинед вожаи модар ҳаргиз дар забони мо кӯҳнаву обшуставу дилбазан намегардад. Чаро? Зеро ки дар он муҳаббат, садоқат, баландтарин эҳтиром ва эҳсосоти мо ҳамеша зуҳур меёбад. Шабеҳи ин вожаи муқаддаси Ватан аст, зеро, вақте “Ватан” мегӯем, мисли модар азизтарин муқаддастарин зуҳуроти ҳастии худро дар назар дорем. Танҳо ҳамон вақте ки вожаи ваҳдат дар забони мо ҳамин мақомро воқеан мегирад, метавон чунин ҳисобид, ки мо ба мақсади баландтарини миллии худ, ба Ваҳдати миллӣ расидаем, ба дарки он ки бе ваҳдати миллӣ на Ватан пойдор асту на ягон муқаддасоти дигари он. Кафолати хушбахтӣ ва пойдории як миллат ва як халқ танҳо ҳамин ягонагӣ, якдиливу якҷисмуҷонии халқ аст.
Дарки оқилона ва бамавриди ҳамин ҳақиқати зиндагӣ аз ҷониби Сарвари кишварамон буд, ки ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолиятии Тоҷикистони азизамон аввалин иқдомашон таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Ва мо баъдан дидем, ки ин иқдом то куҷо саривақтӣ буду қимати ҳаётӣ дошт, зеро танҳо ба шарофати он ки ин ваҳдат дар байни халқи мо пойдор гардид, миллати мо бар ҳама хавфу хатарҳое, ки таҳдид ба Истиқлолияти давлатии мо доштанд, пирӯзӣ ба даст овард.
Бале, Ваҳдати миллии тоҷикон зодаи Истиқлолияти навини давлатии ин халқи тамаддунофар ва куҳанбунёд аст. Ин ваҳдатест, ки самараи ҷоннисорӣ ва ватандӯстиву фидокориҳои фарзандони наҷиб ва халқи некманиши мост, ки аз кӯраи сӯзони таърих гузаштаву пойдор мондааст. Аз ин рӯ, танҳо ваҳдати миллӣ дар имрӯзу оянда гарави асосии мавҷудият ва пирӯзиҳои халқи мо буда метавонад. Бе он пойдории Истиқлолияти давлатӣ зери шубҳа хоҳад монд.
Аз ин рӯ барои миллати нексиришту хайрхоҳи мо вожаи ваҳдат дар қатори вожаҳои озодӣ ва модар муқаддас мебошад. Аз ин рӯ, ба назари банда ҳар нафар фарзанди ин сарзамин ҳар бор бо балантарин самимият ва эҳтром бояд онро ба забон орад. Банда дар шеъре гуфта будам:
Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,
Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.
Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,
Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост.
Мо бояд Ватани соҳибистиқлол – Тоҷикистони азизамон, тамоми маҳалҳои онро мисли як пайкар, як ҷисму як ҷон бишносему эҳсос кунем. Як ҷисме, ки дар он чунон ки Саъдии бузургвор гуфтааст: “Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор”. Масъалаи парокандагии минтақаҳо дар Тоҷикистон ба сабабҳои ҷуғрофӣ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ вуҷуд дошт ва ин то ҷойе мушкили аз ҳам дур шудани мардум ва тафриқаи суннуту ойинҳоро ба вуҷуд оварда буд. Имрӯз, хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати Ваҳдати миллӣ роҳҳо ва нақбҳое бунёд гардиданд, ки мисли шараёнҳои ҳамеша пайванд мусоидат ба сарҷамъию ягонагии халқи кишварамон мекунанд. Аммо он чи ба мо эҳсоси ягонагӣ ва ҷудоинопазирӣ медиҳад, ҳамин Ваҳдати миллии халқи накӯоинамон хоҳад буд.
Ҳамин эҳсосот аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки банда дар рӯзгори оғозини Истиқлолияти давлатии кишварамон навишта будам:
Як шонаи ман агар Бадахшон бошад
Як шонаи дигарам Зарафшон бошад.
Як синаи ман агар ки Кӯлоби ман аст,
Як синаи ман Ҳисори шодоби ман аст…
Ва дар ин суруда тамоми маҳалҳои Тоҷикистон мисли узвҳои як пайкар, узвҳои ҷисми ягона ҷудоинопазир ба тасвир омадаанд. Имрӯз воқеан чунин аст: дар пешорӯи замонаҳои ноамну фалокатбор, дар муқобили таҳдиди хатарҳои ғайричашмдошти таърих Тоҷикистони азизи мо мисли як пайкар, як ҷисму ҷони қавӣ ва эътимоддошта ба худ ва Сарвари ватандӯсти худ бояд қомат афрозаду истодагарӣ кунад ва ин танҳо ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқамон даст хоҳад дод.
Дар ҷамъбаст, вобаста ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ якчанд шеър манзури хонандагони АМИТ «Ховар» гардонида мешаванд:
ФАЙЗИ МУҲАББАТИ ВАТАН
Файзи муҳаббат мерасад аз ҳар канорат, эй Ватан!ъ
Субҳи саодат мевазад дар раҳгузорат, эй Ватан!
Эй кишвари хушранги ман, ҳастӣ Ҳисори нанги ман!
Эй сар ба по ҳусни ҳунар, эй дилрабо аржанги ман!
Поянда Хатлонат бувад чун бораи имони ту
Чун сарҳади пояндаи марзи балогардони ту!
Бо атласу адрас ба тан Суғди дилафрӯзи манӣ!
Бо накҳати Сайҳун ба бар эҳёи ҳар рӯзи манӣ!
Боғу гулистони манӣ, файзи Зарафшони манӣ,
Бо Истаравшан, эй Ватан дасти баэҳсони манӣ!
Бо пуштаҳоят саф ба саф гулрезу гулгардон шудӣ
Бо файзи Истиқлоли худ шоистаи даврон шудӣ!
Эй қуллаи Боми Ҷаҳон, фахри Бадахшони манӣ!
Симурғи болафшони ман, поянда дар ҷони манӣ!
Гул мекунад садҳо ҳунар дар марзи покат, эй Ватан!
Арғушти армони манӣ дар рақси гулбези чакан!
Эй хоки Файзободи ман, эй Рашти навбунёди ман!
Хоки Саразми бостон, эй ҷилвагоҳи ёди ман!
Эй Вахши ман, Вахшони ман, нури Худо дар ҷони ман
Мулки Қубоду шаҳри Тӯс, ёди фараҳафшони ман!
Ман зинда бо номи туям, бо Конибоми туям,
Дорам фараҳ бо Исфара, фархунда пайғоми туям.
Эй кишвари шодоби ман, эй Ромиту Варзоби ман,
Пайки зулоли обҳо бар даҳр, бар дашту даман!
Эй кабки хушовози ман, эй Ванҷи ман, Дарвози ман,
Эй Булбулон, эй Панҷрӯд, эй чашмаи оғози ман!
Субҳи саодат медамад дар раҳгузорат, эй Ватан,
Меҳри Худо ҷавлон занад дар ҳар наворат, эй ватан!
Роғун дурахшон мешавад, ин нури эҳсон зинда бод!
Ин миллати хайру сахо бо нури имон зинда бод!
ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ ВАҲДАТ АСТ
Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,
Осмонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст.
Ҳар гулу ҳар сабзаву ҳар ҷӯяки оби равон
Раҳкушову раҳсипору раҳнамои ваҳдат аст.
Оби софи чашмаҳои шаҳдрезаш ҷӯ ба ҷӯ
Ҳамсуруду ҳамдуруду ҳамсадои ваҳдат аст.
Ин куҳанмарзи азизон зодгоҳи бахти мост,
Бахти нурафшони мо андар ҷилои ваҳдат аст.
Сулҳ чун пероҳани зебост бар андоми халқ,
Шаъни мо, пирӯзии мо дар намои ваҳдат аст.
Савти ишқ ояд ба гӯш аз тор – тори шаршара,
Обшори Меҳани мо – обшори ваҳдат аст.
Чун кабӯтар сулҳи тоҷикон парафшон дар самост,
Бар ҳама дунё паёми мо салои ваҳдат аст.
Он чи фардо парчами моро ба кайҳон мебарад,
Дасти азми халқи мо – дасти расои ваҳдат аст.
Бегазанду ҷовидонӣ бод он халқе, ки ӯ
Сӯи фардояш равона по ба пои ваҳдат аст.
Тоҷикистон маркази сулҳу амонии ҷаҳон,
Пешвои миллати мо – Пешвои ваҳдат аст!
ТУЛӮЪИ БАХТИ МО ВАҲДАТ
Армони пиру барност армони Меҳани манн
Ҷони Ватан ҳувайдост дар ҷону дар тани ман.
Ин ваҳдати ҳумоюн моро тулӯъи бахт аст,
Зеро, ки худ ҳузураш будаст ҷавшани ман.
Доротаре зи ман нест дар рӯи даҳр, зеро,
Ин кӯҳи сар ба гардун худ ҳаст махзани ман.
Ин хокҳо ҳама зар, ин сангҳо ҳама сим,
Ақлу заковати халқ ганҷест дар мани ман.
Аз он бузургворон ҷону дилам сириштаст,
Яъне замини фазл аст маъвову маъмани ман.
Донӣ, ки сахтҷонӣ аз чист дар бисотам.
Фазлу футуввати халқ будаст ҷавшани ман.
Эй халқи некоин — оинаи накӯӣ,
Аз акси рӯшани туст фардои рӯшани ман.
Эй Ваҳдати дурахшон, эй офтоби тобон,
Эй кишвари биҳиштӣ, эй боғу гулшани ман.
ВАҲДАТ АГАР НАБОШАД
АНДАР ИН ДУНЁ ҲАЁТ АЗ ВАҲДАТ АСТ,
СОЗУ БАРГИ КОИНОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ. МУҲАММАД ИҚБОЛ
Ваҳдат агар набошад, гул аз замин нарӯяд!
Хуршед кай барояд, кай сабза роз гӯяд?
Ваҳдат агар набошад, кай сабз як дарахт аст?
Кай хок нарм бошад, кай санг низ сахт аст?
Ваҳдат агар набошад, не қатраву на дарёст,
Не дар замин заминаст, не сур дар Сурайёст.
Ваҳдат агар набошад, ин хок бесиришт аст.
Дони умеду армон дар бодҳо кӣ киштаст?
Ваҳдат агар набошад, сар нест, дасту по нест!
Дар торҳо наво нест, дар зиндагӣ бақо нест!
Ваҳдат агар набошад, не созу не фари туст!
Не хонаву дари туст, ҳатто на пайкари туст!
Ваҳдат биҷӯ, ки бошӣ андар бақои ваҳдаҲастист чун дарахте, мо меваҳои ваҳдат.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»