Тоҷикистон дар Гран-прии ҷудо сеюм шуд
Паҳлавонони Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи байналмилалии Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors – 2026 мақоми сеюмро дар ҷадвали медалҳо ишғол карданд.
Дар ин мусобиқа варзишгарони Русия бо ба даст овардани 19 медал мақоми аввалро гирифтанд. Намояндагони Қазоқистон бо чор медал дар зинаи дуюм ва Тоҷикистон бо чор медал дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.
Ин мусобиқа нахустин чорабинӣ барои ҷавонон дар силсилаи мусобиқаҳои бонуфузи Гран-прии ҷудои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.