Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст
Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони Тоҷикистон низ нигоҳдорӣ мешаванд.
Тибқи иттилои расмии Сафорати Тоҷикистон, боздид рӯзи 8 октябр баргузор шуда, намояндагони консулӣ бо шаҳрвандони тоҷик мулоқот кардаанд. Зимни суҳбат вазъи саломатӣ, ҳолати ҳуқуқӣ ва чораҳои консулии барои бозгардонидани онҳо ба Ватан андешидашуда баррасӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, намояндагони сафорат бо роҳбарияти марказ масъалаи шароити нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон ва раванди бозпас фиристодани онҳоро ба кишвар муҳокима кардаанд.
Бо вуҷуди ин, сафорат шумораи шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар ин боздоштгоҳ қарор доранд, эълон накардааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки онҳо кай ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.