Arzon march 2024
Тоҷикистон боз як олими тавонояшро аз даст дод
523

 

Муаррихи шинохтаи тоҷик, олими тавоно, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд профессор Усмонҷон Ғаффоров дар синни 78-солагӣ моро тарк намуданд. Дар ин бора наздикону пайвандони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Мавсуф аз барҷастатарин олимони таърихи кишвар буда, пайравони мактаби аллома Бобоҷон Ғафуров ва вакили порлумон низ буд.

Пофессор Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули кишвар ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони фарзонаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст.

Марҳум дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки Усмонҷон Ғаффоров 30 январи 1945 дар деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Б. Ғафурови вилояти собиқ Ленинобод (ҳозира Суғд) ба дунё омадааст.

Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (имрӯза ДМТ) дохил шуда, баъди хатми он соли 1967 ҳамчун хатмкардаи беҳтарин дар кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДТ ба кор қабул мешавад.
Вай ҳарчанд фаъолияти илмиро дар ДДТ оғоз карда бошад, вале бештар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардааст.

Ғаффоров пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар бораи таърихи матбуоти тоҷик, солҳои зиёд дар ДДХ дар вазифаҳои мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик ва декани факултети таърих кор кардааст.

Мафсуф ҳамчун публитсист ва қаламкаши хушбаён аз соли 1997 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки номбурда дар сиёсат низ худро санҷидааст. Ӯ солҳои 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд интихоб шуда буд.

Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2010-2011 референти калони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз соли 2011 то инҷониб профессори кафедраи таърихи ватании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД